Skip to main content

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ФАЛСАФА, ПРОФЕССОР МАҲМАДИЗОДА НОЗИМ ДАВЛАТМУРОД БАХШИДА БА 31-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИ

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ФАЛСАФА, ПРОФЕССОР МАҲМАДИЗОДА НОЗИМ ДАВЛАТМУРОД БАХШИДА БА 31-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони азиз!

Ҳамкорони гиромӣ ва донишмандону пажӯҳишгарони муҳтарам!

Бо арҷгузорӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ҳамаи шуморо ба ифтихори 31-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муқаддаси давлатдории миллӣ самимона табрик мегӯям.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иродаи қавии мардуми кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, пояи устувори соҳибистиқлолии давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва рушду пешрафти ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад.

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд:

«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили асосии пойдории давлатдории миллӣ, ягонагии сиёсӣ ва суботи ҷомеа мебошад».

Ин суханони пурҳикмати роҳбари давлат мо аҳли илм ва ҷомеашиносонро водор месозад, ки дар таҳкими арзишҳои конститутсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвияти пояҳои ҳокимияти қонун нақши муассир гузорем.

Дар тӯли се даҳсолаи гузашта Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба таҳкими давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мусоидат намуд. Имрӯз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар фазои оромиву субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои устувор ба сӯи рушди устувор мегузорад.

Бовар дорам, ки ҳар як шаҳрванд, бахусус аҳли илму зиё, донишҷӯёну ҷавонон, бо эҳсоси баландтари масъулият ва садоқат ба Ватан арзишҳои Конститутсияро ҳифз намуда, барои рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон саҳми худро мегузоранд.

Бо истифода аз фурсати мусоид, ҳамаи шумоёнро бори дигар бо ин ҷашни мубораки миллӣ – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатӣ, саодатмандӣ, муваффақият ва сарбаландии бештар орзу менамоям.

Зинда бод давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон!

Зинда бод Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Бо камоли эҳтиром, Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123