Институт
- Ҷумъа, 30 Апрел 2021
Созмони Ҳамкории Шанхай – созмони боэътимод
Созмони Ҳамкории Шанхай – ташкилоти доимоамалкунандаи байнидавлативу байналмилалӣ мебошад. Ин созмони бонуфузи минтақавӣ дар заминаи паймони «Панҷгонаи Шанхай» 15-уми июни соли 2001 таъсис ёфтааст. Паймони «Панҷгонаи Шанхай» бошад дар заминаи таҳкими эътимоду боварӣ ва коҳиши нерўҳои низомӣ дар манотиқи сарҳадии Ҷумҳурии мардумии Чин, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон арзи ҳастӣ карда, минбаъд фарогири масъалаҳои умдаву ҷиддии ҳаёти рўзмарраи мардумони ин давлатҳо гардид.
Муфассал ...
- Панҷшанбе, 29 Апрел 2021
Даъвоҳои беасоси зархаридони ватанфурӯш беасос аст
Дар шароити кунунии ҷаҳони пуртаззод, ки равандҳои сиёсию геополитикӣ хусусияти пешгӯинашавандаро касб намудаанд, ҳифзи якпорчагии мамлакат, истиқлоляти давлатӣ, низоми давлатдорӣ, сулҳу субот як амри мураккаб гашта нигаҳдошти онҳо на натҳо вазифаи давлату ҳукумат ва шахсони онро таҷассум кунанда буда, балки вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд новабаста аз мавқеи гурӯҳию сиёсиаш мебошад. Хушбахтона дар Тоҷикистон чунин фарзандони бонангу номус кам нестанд.
Муфассал ...
- Панҷшанбе, 29 Апрел 2021
Хиёнат ба миллати худ гуноҳи авфнопазир аст
Дар баъзе сомонаҳо, ки фаъолияташон бар зидди сиёсати Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст, хабару овозаҳои ивғоангез аз ҷониби ватанфурӯшони беномус, ки дар хориҷа иқомат доранд, интишор мегарданд. Фаъолияти ин сомонаҳо ба резонидани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ниаронида шудааст ва аз тарафи хадамоти махсуси кишварҳои алоҳида маблағгузорӣ карда мешаванд. Онҳо ба гурӯҳҳои ҷинояткор, ки ба хотири молу пул Тоҷикистони соҳибистиқлолро бадном мекунанд, сарпаноҳ дода, тавассути ин хоинон бом о ҷанги иттилоотӣ мебаранд.
Муфассал ...