Институт
- Ҷумъа, 14 Май 2021
Омилҳои таҳкими Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ваҳдати миллӣ дар шароити сохтори ҷомеаи демократӣ пояи сулҳу субот ва асоси рушди равандҳои демократикунонии ҷомеа буда, инкишофи фардӣ ва дар маҷмӯъ инкишофи ҳаматарафаи соҳаҳои фаъолияти гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қишрҳои онро дар кишвар таъмин менамояд. Асоси ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ бори нахуст дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда ва дар оянда рушди воқеии худро дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа нишон дод. Дар баробари ин, раванди демократикунонии ҷомеа инкишоф ёфт ва он тақозо менамояд, ки амали ҳар як шахс, новобаста аз маҳал, мансаб ва ҷаҳонбинии динӣ дар доираи қонунҳои воқеии демократӣ ба вуқӯъ пайвандад. Аз тарафи дигар, гуногунандешӣ бояд воқеъбинона бошад ва дар чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда пайгирона рушд ёбад.
Муфассал ...
- Ҷумъа, 14 Май 2021
Кирдорҳои коррупсионӣ, пешгирӣ ва мубориза алайҳи онҳо дар давлати Сосониён
Дар илми таърихи давлат ва ҳуқуқ ва умуман таърихи халқи тоҷик Сосониён ба истиснои замони шӯравӣ ҳамеша ҳамчун ниёгони тоҷикон муаррифӣ мешаванд. Оид ба давлати Сосониён нисбат ба дигар давлатҳои пасазҳахоманишии тоҷикон (Ашкониён, Кушониён, Киёнину Хиёниён Ҳайтолиён ва ғайра) иттилооти бештари таърихию бостоншиносӣ, аз ҷумла дар бораи фасоди идорӣ (коррупсия) ва пешгириву муқовимат бо он боқӣ мондааст. Гарчи ҳар як сулолаҳои ин давра дорои вижагиҳои давлатдории худ буданд, вале монандиҳои зиёд низ доштанд ва бо таҳқиқи падидаҳои давлативу ҳуқуқии Сосониён роҷеъ ба дигар давлатҳои мазкур низ тасаввуроти умумӣ пайдо кардан имкон дорад. Зеро дар ҳамаи онҳо асосан низоми ҳуқуқи зардуштӣ бартарӣ дошт ва маркази рушду тавсеаи оини зардуштӣ бошад давлати Сосониён буд.
Муфассал ...
- Чоршанбе, 12 Май 2021
Конференсияи илмӣ-назариявиро дар мавзӯи «Саҳми академик А.М.Баҳоваддинов дар рушди фалсафаи муосири тоҷик»
Мактуби иттилоотӣ
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 28 - сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-назариявиро дар мавзӯи «Саҳми академик А.М.Баҳоваддинов дар рушди фалсафаи муосири тоҷик» баргузор менамояд. Муфассал ...
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 28 - сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-назариявиро дар мавзӯи «Саҳми академик А.М.Баҳоваддинов дар рушди фалсафаи муосири тоҷик» баргузор менамояд. Муфассал ...