Институт
- Душанбе, 10 Октябр 2022
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Солҳои 2022-2026 – солҳои рушди саноат»
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба мақоми олии қонунгузории мамлакат, чун ҳамешагӣ, ба тамоми паҳлуҳои зарурӣ-ҳаётии рушди ҷомеа ва давлатдории муосири миллӣ дахл намуда, оид ба замина, самтҳои густариш ва тақвият бахшидани василаи расидан ба мақсадҳои стратегии миллӣ, дастуру тавсияҳои судманд пешниҳод намудаанд.
Муфассал ...- Душанбе, 10 Октябр 2022
Саидраҳмон Сулаймонов: умре дар роҳи таҳқиқ, таълим ва тарҷумаи осори ниёгон
75- солагӣ муборак!
Имрўзҳо донишманд ва омўзгори шаҳири сарфу наҳви забони арабӣ, тарҷумон, лексолог, луғатшиноси забардаст дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, яке аз бунёнгузорони истилоҳотзоии илмии фалсафӣ дар заминаи мероси фалсафии Ибни Сино, ҳамзамон мутарҷими машҳури осори фалсафию мантиқӣ ва илмии Абуалӣ ибни Сино, луғатсози луғати бисёрзабонаи арабӣ, русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ, доктори илмҳои филология, профессор Саидраҳмон Сулаймонов ба синни мубораки 75 солагӣ мерасанд.
Муфассал ...
- Душанбе, 10 Октябр 2022
Иҷлосияи тақдирсоз
Бояд қайд кард, ки Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии ҶТ дар раванди таъмини ваҳдату ягонагӣ, вусъати худогоҳиву худшиносӣ, ифтихору ҳувияти миллӣ ва ба иттиҳод даъват кардани халқи тоҷик нақши муассир дорад. Дар Хуҷанди бостонӣ вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI – ум барои тақдири минбаъдаи Тоҷикистон, ба охир расидани ҷанги бародаркуш, ба даст даровардани сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, барпо намудани Ҳукумати конститутсионӣ кушишҳои зиёд намуданд. Хушбахтона, баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб барои хатми ҷанги шаҳрвандӣ замина фароҳам овард ва дар пайи он ақлу хирад алайҳи ҷанги ҷаҳолат ғолиб гашта, суботи комил ба даст омад ва имсол мардуми кишвари мо 30-солагии онро ботантана чун Иди умумимиллӣ таҷлил мекунад.
Муфассал ...