Институт
- Душанбе, 06 Май 2024
Неизменно актуальная тема Великая Отечественная война в работах таджикских ученных
Работы по истории Великой Отечественной в Таджикистане учеными Академии наук издаются регулярно, и хотя распад Советского Союза неизбежно отразился на состоянии науки в стране, интерес к столь значимому периоду в истории Таджикистана сохранился. В последние годы можно наблюдать увеличение внимания к вкладу Таджикской ССР в победу над нацизмом, демонстрирует преемственность в исследовании вклада Таджикистана в Великую Победу и непреходящее значение событий того времени для республики.
Обращает на себя внимание разнообразие тем, затронутых историками и правоведами: в их статьях описаны не только боевые подвиги уроженцев Таджикистана, но и размещение в республике эвакуированных промышленных предприятий и учреждений культуры, переселение в Таджикскую ССР жителей прифронтовой полосы, уход за ранеными, снабжение фронта, борьба с подрывной деятельностью на местах и многое другое. Не был забыт и вклад таджикских партизан в движение Сопротивления в Европе.
Статья кандидата исторических наук, доцента, заведующего отделом новейшей истории Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша Академии наук Республики Таджикистан А.М. Гафурова «Вклад Таджикистана на Великую победу» дает общее представление о состоянии республики в 1941-1945 годах и ее участии в войне.
Муфассал ...
- Душанбе, 06 Май 2024
Саҳми занҳои Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
22 июни соли 1941 Германияи фашисти аҳдшиканона ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум карданд. Ҳаминтавр Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд, ки он аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ хусусияти муҳофизаткунандагӣ дошт. Дар ихтиёри Гитлер тамоми захираҳои иқтисодии қариб ҳамаи Давлатҳои Европаи Ғарбӣ маҳфуз буд. Дар моҳи июни соли 1941 шумораи умумии қувваҳои ҳарбии фашистӣ аз 8,5 миллион одам иборат буда, қӯшунҳои хушкигардӣ қувваҳои муссалаҳи фашистӣ 214 дивизияро ташкил мекард. Ҳайати шахсии қувваҳои муссалаҳи фашистӣ аз ҳайати шахсии қувваҳои мусслаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ-1,8 маротиба, танкҳои вазнин ба ҳисоби миёна-1,5 маротиб, саолётҳои ҷангии навъи нав-3,3 маротиба зиёд буд. Дар ин ҷанги нобаробар тамоми халқи ИШ, аз он ҷумла тоҷикистониён низ иштирок намуданд. Аз нишондиҳандаҳои оморӣ маълум аст, ки аз Тоҷикистон зиёда аз 300 000 нафар иштирок намуданд, ки дар он занҳо низ иштирок карда, дар ақибгоҳ ва майдони ҷанг корнамоиҳои шоиста нишон доданд. Ҳангоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз иштирокчиёни ҷанг 60 000 нафар тоҷикистониён қаҳрамонона ҷангида ҳалок шуданд ва 90 000 нафар ҷароҳатҳои сахт бардоштанд.
Муфассал ...
- Душанбе, 06 Май 2024
Мактуби иттилоотӣ
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 11 июни соли 2024 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявиро таҳти унвони «Саҳми муҳаққиқони ватанӣ дар ташаккул ва рушди илму маърифати ҳуқуқӣ» бахшида ба Соли маърифатӣ ҳуқуқӣ, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85 - солагии академик Фозил Тоҳиров баргузор менамояд.
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 11 июни соли 2024 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявиро таҳти унвони «Саҳми муҳаққиқони ватанӣ дар ташаккул ва рушди илму маърифати ҳуқуқӣ» бахшида ба Соли маърифатӣ ҳуқуқӣ, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85 - солагии академик Фозил Тоҳиров баргузор менамояд.
Дар конференсия масъалаҳои мубрамми илмҳои ҳуқуқшиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ, рушди конститутсионӣ, аз ҷумла саҳми муҳаққиқони тоҷик дар пайдоиш, ташаккул ва рушди маърифати ҳуқуқӣ ва илми ҳуқуқшиносӣ аз ҷумла:
- Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таърихшиносӣ ва маърифати ҳуқуқӣ дар кишвар;
- Саҳми муҳаққиқони ватанӣ дар омузиши таърихи илми ҳуқуқшиносӣ ҳамчун заминаи ташаккули маърифати ҳуқуқӣ;
- Афкори сиёсӣ-ҳуқуқии мутафаккирони тоҷик дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ;
- Ҷойгоҳи илми назарияи давлат ва ҳуқуқ дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ, мураттабсозии қонунгузорӣ ва маърифати ҳуқуқӣ;
- Роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Илмҳои хусусии ҳуқуқӣ ҳамчун заминаи амалии маърифати ҳуқуқӣ;
- Масоили рушди илмҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистони муосир;
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун заминаи маърифати ҳуқуқӣ;
- Нақши қонунгузории мурофиавӣ дар ташаккули маърифати ҳуқуқии иштирокчиёни мурофиаи судӣ;
- Масоил, тамоюли муосир ва дурнамои рушди илмҳои ҳуқуқшиносӣ;
- Рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ ва дурнамои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Масоили ҳуқуқи байналмилалӣ дар осори академик Фозил Тоҳиров;
- Ташаккули илми ҳуқуқшиносӣ ва амалияи он: пайдоиши масоили нав, самт ва соҳаҳои нави ҳуқуқи миллӣ ва байналмилалӣ ва ғайра баррасӣ мешаванд.
Матни маърузаҳо бояд дар шакли мақола пешниҳод гардида, аннотатсия ва калидвожаҳо ба забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дошта бошанд, чунки маҷмӯаи мақолаҳо чоп карда мешавад.
Барои иштирок дар кори конференсия то 31 майи соли 2024 мавзуи маърузаҳо ва то 20 июн ҳамин сол матни мақолаҳо пешниҳод карда мешавад. Суроғаи электронӣ барои ирсоли мавод: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.; Суроға: ш.Душанбе, х. Рудакӣ, бинои 19 (бахши ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ) ва бинои 33 (бинои асосӣ)
Забони кории конференсия – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Оид ба дигар масъалаҳои вобаста ба кори конференсия метавонед тавассути телефонӣ: 2-21-65-85; 2-21-65-72, 2-21-56-89; (+992) 907-82-90-91 дар тамос бошед.
Ашхоси масъул: Абдуҷалилов А., Бобоҷонзода И.Х., Буризода Э.Б., Зоир Ҷ.М., Раҷабов С.А., Мирзоева СМ.С., Саидзода М., Нуралиева Н., Шарифзода М.
Иштироки Шуморо дар кори конференсия таманно дорем!
Кумитаи тадорукот
Муфассал ...