casino malaysia
casino malaysia
Алифбои ватансозӣ

wrapper

     Рӯи сухани ин матлаб ҷониби ҷавонон аст, он қисмати саодатманди Тоҷикистони азиз, дар таърихи Ватанамон ба унвони «Насли истиқлол» ворид хоҳад шуд. Саодати ин насл пеш аз ҳама ин аст, ки эҳсоси вобастагии сиёсӣ комилан дар пиндору кирдорашон нақше надорад. Ҳаргиз бовар кардан ҳам наметавонанд, ки барои дар як деҳаи Бадахшон ё Хатлон сохтани як мактаб бояд Тоҷикистон панҷ сол пештар ба Госплани Маскав дархост бинависад, онро аз ҳайси техникӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, молиявӣ, иқтисодӣ ва ҳоказо асоснок кунад, раиси Госплани Тоҷикистон дар чанд ҷаласаҳои Маскав онро ҳимоят кунад, агар тасдиқ шуд барои хишту сементу дигар хурду резааш чандин дафъа, чандин нафар ба Маскав бираванду биоянд ва ғайраву ва ҳоказо. Айни ҳамин саргузашт ба рӯзгори фарҳангӣ, молиявӣ ва ғайра дахл дорад. Ин ҳама боз ҳам таъкид шавад, ки барои насли истиқлол бовар карданӣ нест, яъне мо бо насле кор дорем, ки воқеан саодати ворастагии комили сиёсиву иқтисодӣ дорад, озод аст, комилихтиёр аст, комилан сад дар сад хушбахти хушбахт аст.
     Дар рӯи замине, ки имрӯз ҷаҳонӣ мешавад, глобализатсия мешавад, хосатан дар як ҳавзаи бисёр густурда шаҳри Балх «Уммул-қуро», яъне модари шаҳрҳо тасвиб шудааст. Балх яке аз шаҳрҳои сершумори ориёнӣ-тоҷикист. Маданияти шаҳрсозӣ, яъне маданияти ободкорӣ, дар баробари маданияти фарҳангсозӣ, инсонсозӣ, зебоиофарӣ аз одатҳои қадимаи миллати тоҷик аст.
     Агар шаҳрро, кишварро, як давлатро ба мисоли як инсон ташбеҳ кунем, пас ин шаҳр ба монанди як инсон зарурат ба парвариш, рушду равнақ ва ғамхории ҳамешагӣ дорад. Ин шаҳр ба монанди як инсон дар масири рӯзгор тақозоҳои тоза, заруратҳои нав ба нав ва монанди инҳо пайдо мекунад. Аз назари таълимоти «Инсони комил» ин шаҳр ҳам зарурат ба парвариши бетанаффус дорад. Ҳамон гуна, ки ба камолот расидани инсони комил ниҳоят надорад, камолоти ин маҳалли зисти инсонҳо ҳам бениҳоят аст. Моҳияти аслии назарияи «Инсони комил» ҳам маҳз дар ин ҷост, яъне ҷаҳони ботинии инсон ҳеҷ садду сарҳад, ҳеҷ нуқтае охирини камолот надорад. Вобаста ба рушду тараққии рӯзгор тараққиву рушду равнақ мехоҳад.
     Ватанро шаҳрванд месозад. Шаҳрванд дар кадом дараҷаи сифати тараққиву рушду равнақ бошад, маълум аст, ки Ватан ҳам дар ҳамон дараҷа мешавад.
      Парвариш, таълим, тарбияти як инсон, як шаҳрванд маълум аст, ки дар системаи хонавода, кӯдакистон, мактаб, донишгоҳ ва ниҳоят ҷамъияти меҳнатӣ сурат мегирад. Ҳар кадоме аз ин шуъбаҳои парвариши як инсон, як шаҳрванд саҳми хоси худро дорад. Масъала ин ҷост, ки оё ин низоми тарбият дар ростои сохтмони Ватан кифоят ҳаст ё кифоят намекунад. Раванди рӯзгор, мушоҳидаи ҳарорату суръати ватансозӣ, хусусан дар 25 соли истиқлол ба ин натиҷа меорад, ки ин низоми дар назари аввал баркамоли инсонсозӣ, тарбияти як шахс, омода кардани як шаҳрванд барои ватансозӣ кифоят намекунад. Дар ин масир як нукта ҳаст, ки боз ҳам дар назари аввал муҳимтарин наменамояд, аммо дар сурати таҳлили амиқ маълум мешавад, ки нуктаи муҳимтарини тарбияти шаҳрванд аст.
  Ин нуктаро мо «хештансозӣ» унвон кардем.
       Аслан назари хештансозӣ собиқаи қадим дорад, то Суқрот, ки мегӯяд: «Тамоми донишҳои ҷаҳон дар сиришти ҳар як инсон фитран мавҷуд аст. Инсон то ҳамон дараҷа инсон мешавад, ки ин донишҳоро аз сиришти хештан берун оварда тавонад ва ин донишҳоро ба кор бигирад, ин донишҳоро коргар кунад.» Ин маънӣ дар китобҳои муқаддас ҳам ба ҳар гунае дида мешавад.
Оё механизми хештансозӣ чигуна аст? Ба хотири фишурда кардани матлаб гузориши зайл пешниҳод мешавад:
      Ҳар як инсон, ҳар як кӯдак фитран қобилият ё қобилиятҳое дорад, ки ин қобилиятҳо дар шахсияти ин кӯдак қавитар ҳастанд, -яке фитран, табиатан, модарзодӣ қудрати саҳлу осон шинохтани рақамҳо, аз якиҳову даҳиҳову садиҳо масоилу амалҳои гуногуни риёзиву ҳандасиро саҳлу осон бо камоли шавқу завқ метавонад ҳаллу фасл кунад, кӯдаки дигаре бо ҳамин осонӣ матнҳои содаву мураккабро метавонад ба хубӣ ба хотир гирад, як тифлаке, ки намедонад рассом чист, қалам чист, мӯқалам чист, чеҳракашӣ чист, тасвири табиат чист, қаламро мегираду болои коқази сафед каҷу килеб чизҳое мекашад ва шарҳ ҳам медиҳад, ки ин сурати офтоб аст, инаш модари ман аст, ин дарахт ҳасту ин баррачаи ман, дигаре ҳам бо ҳамон осонӣ агар рубобро бигирад ба гунае мизроб мезанад, ки як савте носуфта, вале шуниданӣ пайдо мешавад;
     яъне «ҳар касеро баҳри коре сохтанд». Ҳақиқати мусаллам аст, - низоми ободи ҷамъият он ҷост, ки ҳар касе дар ҷои худ бошад, яъне оҳангар табобатгарӣ накунад, боғбон рубобнавоз набошад ва монанди инҳо;
аввалин хидмате, ки волидон бояд барои фарзанд кунанд ин аст, ки бояд то панҷ шашсолагии фарзандашон ба истифода аз маслиҳату машварати педагогҳо, равоншиносон, мутахассисони гуногун ва монанди физик, математик, оҳангсоз, духтур, деҳқон, инженер сад дар сад дақиқ кунад, ки ин фарзанди арҷманд дар кадом ихтисосу ҳунар қобилияти фитрӣ дорад;
     вақте як фарзанд баъди ин мушаххасот ба мактаб меравад ва гар мактабаш тамоили истеъдодашро дошта бошад аз ҳамон овони мактабӣ ин шаҳрванд, ин инсон бешакку шубҳа инсони хушбахту саодатманд аст. Зеро агар насиби умри панҷоҳсола дорад, ҳаштодсола ё садсола ин умри азизро ба хушбахтӣ мегузаронад, чун шуғлаш, нафасаш, набзаш тамоми умр пайванду вобаста бо касбест, ки ишқи он дар дилаш ҳаргиз коста нахоҳад шуд. Ин ишқ табиатан ҳамроҳи ин шаҳрванд ба дунё омадааст, парвариш ёфтааст, рушду равнақ ёфтааст.
       Аммо ин ҳанӯз асоси инсонсозӣ ҳам бошад асоси хештансозӣ нест. Дар баробари ин равандҳо баъд аз анҷоми ҳатто бо муваффақияти масири тарбиятии «аз оила то донишгоҳ» раванди инсонсозӣ хатм намешавад. Дар тамоми ҷараёни ин масир ва баъдан то нафаси охирин ин шаҳрванд бояд дар хештан малака ва қудрат пайдо кунад. Ин малакаву қудратро парвариш ва варзида кунад, ки шахсияти хештанро дар ростои шуғли худаш ва ҳатман бо эҳсоси ободкорӣ, зебоиофарӣ такмил кунад. Ватансозӣ, ватанпарварӣ танҳо ба сари худ оғози он масъулияте ҳаст, ки натиҷааш ободкориву зебоиофарӣ, тамаддунсозӣ аст. Дар ин масир танҳо шахсияти инсон дар сурати ҳамдасту ҳамкор будани доимӣ дар масири «аз хонавода то донишгоҳ» метавонад як шахсияти варзидаву коромад, шахсияте, ки қудрати ватансозӣ дошта бошад, биофарад.
      Назокат ва мушкилоти хештансозӣ ва дар айни замон баракати хештансозӣ ин аст, ки он ҷузву нуктаҳое, ки барои камолоти шахсият зарур ҳастанд, на ҳамеша зарур ҳастанд дар чашму мушоҳидаи волидону устодон айнӣ шуда метавонанд, диданӣ нестанд, эҳсос карданӣ нестанд. Ин назокату мушкилотро танҳо шахсияти худи инсон қудрат дорад эҳсос кунад, мушоҳида кунад. Дар раванди паймудани зинаҳои камолот дар ин ё он ҷабҳаи ихтисос, зиндагӣ шахсияти ботинии инсон, шахсияти фитрии ӯ дар сурати фаъол шуданаш (бешубҳа бо кӯмаки волидон, мураббиён, устодон, роҳбарони ғамхори ҷои фаъолияти корияш) метавонад қадам ба қадам, марҳила ба марҳила каму кости табиат, қудратҳои корӣ, қудратҳои фитриашро ислоҳу дуруст гардонад.
      Дар таърихи маданияти ҳам ориёнӣ-тоҷикӣ, ҳам тамаддуни ҷаҳонӣ мисолҳои зиёде пайдо мекунем, ки шахсиятҳои гоҳо барҷаста, гоҳо нобиға худро, ба истилоҳ, ба дасти худ сохтаанд. Мисоли равшан шахсияти шайхурраис Абуалӣ Ибни Сино аст, ки дар рисолаи «Саргузашт» ба дасти худ навиштааст:
“-ҳар чи аз фанни тиб омӯхтам то ҳабдаҳсолагиам аз китобхонаи Сомониён буд…”. Мушоҳидаи саргузашти Шайхурраис бармало нишон медиҳад, ки нубуғи ӯ ба ҳайси як сиёсатмадори то дараҷаи сарвазирӣ расида, ба ҳайси як олими механика, эҷодгари асбоби ҷарроҳӣ, шоир, донандаи мусиқӣ ва ғайраву ғайраҳо танҳо бо кӯшиши шахсӣ, сохтани шахсияти хештан ба дасти хештан сурат гирифтааст.
      Саргузашти Максим Горкий, саргузашти як кӯдаки бесаробон, муздур, аз ҳайси ҷисмонӣ заифу дардманд… аст. Танҳо фурӯ рафтан ба сиришти хештан ҷустуҷӯ дар ҷаҳон чуноне зикр шуд бениҳояти ботинии шахсияти худ ӯро ба дараҷаи як нависандаи ҷаҳонӣ ва дар айни замон як ходими сиёсат расонид (мутаассифона аз шахсияти Максим Горкий ҳамчун як сиёсатмадори бузурги ибтидо пурмоҷарои империяи Шӯравӣ камтар ташвиқу тарғиб мешуд. Овардани ин мисол кифоят аст, ки Иосиф Сталин дар бисёр ҳолатҳои сардаргум, бумбастӣ, мушкилу печида аз маслиҳатҳои маҳз Максим Горкий истифода кардааст).
      Мисоли фаҳмову равшан ва барои насли истиқолият дастрас қисмати фоҷиабору сарсахти устоди бузургвор, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ аст. Чи дар «Ёддоштҳо», чӣ дар «Мактаби кӯҳна» ва дигар осори Устод чашми ибратбин бо андак кӯшиш метавонад мушоҳида кунад, ки як кӯдаки бармаҳал ятиму овора ба шарофати шинохтани хештан қадам ба қадам ба рӯзгори пурмоҷарои даврони суқути аморат, фоҷиаи инқилоби Бухоро, дасисаҳои пай дар пайи ибтидои даврони Шӯравӣ чигуна ба шарофати сохтани хиради адабӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоии хештан ба дараҷаи нависандаи ҷаҳонӣ ва Қаҳрамони миллат расидааст (аслан Садриддин Айнӣ ҳамчун қаҳрамони миллат корнамоии қаҳрамонии худро бо навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» анҷом дода буд. Маҳз ҳамон соат ин унвонро бояд тақдимаш мекарданд. Танҳо шарофати истиқлолияти сиёсӣ, қадрдониву намакшиносӣ, ватандӯстии беназири Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин бузугвории устод Айнӣ дар даврони истиқлолият ба тасвиб расид).
    Ҳикмати мусаллам аст, ки «ҳар ки худро шинохт, Худоро мешиносад». Дар ин ҳикмат ҳақиқат ва маънои бисёр созанда нуҳуфтааст. Ин ҳикматро шарҳу тафсири зиёд кардаанд, ки ҳамоно маънову қудратмандии онро то ба охир бозгӯӣ карда наметавонад. Он чи ки дар мавриди ҳозир гуфтанӣ аст ин аст:
шинохтани шахсияти хештан шахсро аз мушкилоту сангиние, ки аз қудрати ӯ бештар аст, дар имконияти тавоноиву доноии ӯ нест, наҷот медиҳад. Инсоне, ки қудрату тавоноии худ донишу малакаи худро возеҳу дақиқ медонад бешубҳа муваффақият пайдо мекунад, зеро ҳар амале ки хоҳад кард, дониста, тибқи қудрати хештан мекунад;
ҳар ки худро шинохт ҳадафи тактикиву стратегии зиндагии худро оқилона, яъне имконпазир равшан мекунад ва ба сӯи ин ҳадаф роҳ ёфтан метавонад;
ҳар ки худро шинохт дар ҷомеа мавқеи худро дақиқу оқилона пайдо мекунад ва дар ин мавқеъ устувору саодатманд зистан метавонад;
эътибору нуфузи ин шахсият маълум, равшан, бешубҳа аст, сарфи назар аз он ки дар ҷамъият аз ҳайси дороӣ мавқеи иҷтимоӣ, мансабу мақом кадом мартабае дошта бошад. Ҳар як инсон барои хушбахтиву саодатмандӣ ба дунё меояд. Ин ҳақиқати мусалламест, ки ҳама динҳои ҷаҳонӣ, ҳама тамаддунҳо ба шакли як аксиома таъкид кардаанд. Дар ин раванд ҳам динҳои ҷаҳонӣ, ҳам тамаддунҳо як нуктаро мавриди диққати махсус гирифтаанд, ки дар ин нукта иттиҳоди назар доранд, ихтилоф надоранд. Ин нукта он аст, ки саодати ҳар инсоне вобаста ба он аст, ки аз ақли хештан чигуна кор мегирад. Аз ҷумла, ҳадиси расули акрам аст: «Як лаҳза тафаккур беҳтар аз ҳафтод сола ибодат аст». Дар матни тақозоҳои шаръӣ идроки бартарияти як лаҳза тафаккур аз намози ҳафтод сол гузошта афзал будан, мушкилоти зиёд дорад, чандин саволҳо ба миён меорад. Чандин ихтилофу баҳс, аммо ҳадис, ки саҳеҳ аст, дар истифода аст, дар иттиҳоди тақозову талаботи тамаддуни умумибашарӣ аст, ҳамоно коргару босамар аст.
     Саодати инсон вобаста ба ақл, бештар аз ақл бо хиради азалии ӯст. Ақл зотан, табиатан барои ҳар нафаре, ки ба дунё омадааст, дода шудааст. Барои ҳар кас, ба ҳар қадр ва бо қудратҳои гуногун. Гуногунии қудратҳои ақлонӣ нишони ноадолатии табиат нест. Нишони рангоранг будани табиат аст. Панҷ ангушти як кафи даст баробар нестанд. Агар баробар мебуданд мушт гашта наметавонистанд. Гуногунии қудратҳои ақлониву дороиву доноии инсонҳо дар ҷомеа, рангорангии ҷомеа, зебоии ҷамъият аст. Айнан ба мисли ин, ки агар як гулистон танҳо аз як гунаи гул ва он гуна ҳам аз як ранг иборат бошад, зебо нест, зеро рангоранг нест…
      Дар ҳар сурат гуногунии қудратҳои ақлониву ҷисмонӣ ва ғайра ҳаргиз сабаби нарасидан ба саодати як нафар нестанд. Ҳар қудрати ақлониву ҷисмонӣ, ки камтар аст ё бештар ба саодати шахсии худ расидан метавонад. Ин ҷо саволи аҷиби дигаре ба миён меояд, ки оё як камбизоати хонаи орому осуда, ки хотири ҷамъ дорад саодатмандтар аст, ё сербизоате, ки ҳаргиз хотири ҷамъ надорад, ё гоҳе дорад, ё гоҳе надорад. Воқеан санги тарозӯи саодатмандӣ ҳам гуногун аст. Аммо боз ҳам нуктае ҳаст, ки тамоми ҷаҳон дар он иттифоқ дорад, яъне як ҷузви муҳимтарини саодатмандӣ амнияту хотирҷамъӣ аст. Як дафъа андеша кунем: мусулмон мегӯяд «Омин!», насронӣ мегӯяд: «Амин!», ҳинду мегӯяд: «оом», дигарон ҳам, - яъне дар авҷу хотимаи муноҷоту дуоҳояшон як маъниро орзу мекунанд, - амниятро, хотирҷамъӣ, осудагии рӯзгор ва андеша…
Идома дорад
 
 
Раҳматуллоев Назрулло
Ходими пешбари илмии
Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ
ба номи А.М Баҳоваддинови АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia