casino malaysia
casino malaysia
Ал-ҳазар аз иғвогари сиёсӣ

wrapper

  Расо як сол қабл дар шаҳри Самарқанди ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон мулоқоти Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардида буд, ки фазои умумии онро воқеати хунин дар сарҳадҳои Қирғизистону Тоҷикистон халалдор сохт. Ҳамон вақт ҷониби Қирғизистон бо омодагиҳои пешакӣ дидаашон ба деҳоти ҳаммарз ногаҳон аз соати 4-и шаб ҳамлавар гардида, оромии кишвари моро барҳам заданд. Ин ҳамлаи аҳдшиканона боиси хароб гардидану  ба коми оташ рафтани даҳҳо хонаҳои мардуми бегуноҳ ва аз ҳама аламовараш сабаби фавти даҳҳо нафар аҳолии осоишта ва марзбонону хизматчиёни ҳарбии банду бастҳои низомии Тоҷикистон шуданд.
  Давоми як сол баъди ин рӯйдоди хунин фазо дар марз бо Қирғизистон ором буд, намояндагони синну сол ва касбу кори гуногуни ду ҷумҳурӣ дар мулоқотҳои худ ҷангу ҷидолро маҳкум мекарданду сулҳу оромиро ситоиш. Дар давоми сол гурӯҳҳои ҳукуматии ҳар ду ҷониб, ҳам дар Қирғизистон ва ҳам дар Тоҷикистон музокирот оид ба масъалаи демаркатсия ва делимитатсияи тақрибан 300 километр минтақаҳои боқимондаи баҳсиро доир намуданд. Тибқи маълумоти воситаҳои ахбори умум ин мулоқотҳо ба душворӣ пешрав бошанд ҳам, аммо умедворкунанда буданд.
  Инак, мутаассифона расо баъди як соли рӯйдодҳои хунин, боз ҳам фазои мулоқоти навбатии Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар пойтахти азизи мо – Душанбе баргузор гардид, халалдор шуд. Ин дафъи низ ба кӯшиши ҳамаҷонибаи ҷониби Қирғизистон ва маҳз дасисаҳои иғвогари бузури он – Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он ҷумҳурӣ Қамчибек Тошиев. Ин дафъа низ ҳанӯз тайёраи Президенти Қирғизистон пас аз сафари ӯ ба Тоҷикистону мулоқотҳояш бо мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бишкек фуруд наомада, изҳороти басо ҳатарноку фалокатбори Қамчи Тошиев бо даъвои дарёфти санади наву ишғоли ҳудудҳои нав садо дод. Ин дафъа низ алорағми санадҳои байналмилали ҳуқуқии ҷониби Тоҷикистон поймол гардид. Аз ҳама хавотирангез он аст, ки дар ин изҳорот аз доштани имконоту нерӯ сухан меравад, ки метавонад маъноҳои мухталифро бо худ дошта бошад.
  Бисёр хуб аст, ки ин дафъа мо сари вақт ба ин дасиса ҷавоб ҷустем, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ба сӯҳбат даъват гардидани Сафири фавқулодаи ин кишвар ва ба ӯ супоридани нотаи эътирозӣ амали саривақтӣ буд ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дуруст зикр намуда, ки ингуна изҳороти бемасъулиятонаву дурушту дағал ва хатарнок ба манфиати муносиботи дӯстонаи ҳар ду кишвар намебошад. Баръакс, фазои орому осоиштаро халалдор месозад.
  Мо дар давоми солҳои гузашта борҳо шоҳиди ҳамин гуна изҳороти ин генерали беандеша шуда будем. Ҳамагон дар хотир дорем, ки ӯ борҳо бо истифода аз ҳузури афсарону аскарон ва кормандони васоити ахбори умум худро ҷоннисори кишвараш эълон мекард ва бо таъкиду таҳдид ҳамеша хешро посдори хоку замини қирғиз вонамуд месохт. Ин дафъа низ, дар мулоқоти охиринаш, ки ба муносибати ба афсарону хизматчиён супоридани хонаҳои истиқоматӣ сурат гирифт, ӯ боз аз хунрезиву муқовимати солҳои гузашта ёдовар гардида, ғаразнок Тоҷикистонро гунаҳкори асосӣ донист, ҳарчанд, ки муҳаққиқон сад дар сад айбдор будани Қирғизистонро исбот намуда буданд. Ин нуктаро ҳатто коршиносу рӯзноманигорони худи Қирғизистон собит карда буданд. Инак Тошиев боз савори маркаби худ аст ва бо иғвою дурӯғ даъвоҳои беасосу зиёновари худро паҳн намуда, аҳолӣ ва ҷомеаи ҷаҳониро гумроҳ месозад. Мутахассисону коршиносон ҳамин гуна дасисаву иғвоҳои солҳои пешро таҳлил намуда, мегӯянд, ки дар паси ин изҳорот манфиатҳои бисёр бузурги на танҳо Тошиев ниҳон ҳастанд. Ин баҳонаест, то ки маблағҳои бузурге аз буҷет ва дигар манбаъҳо гӯё барои қавӣ намудани иқтидори ҳарбии мамлакат дарёфт гардаду, манфиаташон таъмин шавад.
Аз ҷониби дигар, бо роҳи тавтеаву дасиса дарёфти маблағ барои тақвияти иқтидори ҳарбии кишвараш, аз нақшаҳои ғаразноки ӯ барои муносибат бо кишварҳои ҳамҷавор дарак медиҳад.
«Дасисаи навбатии Тошиев аз он лиҳоз хатарноку иғвоангез аст, ки ӯ бо сарнавишти зиёда аз 17 млн аҳолии ҳар ду кишвар гӯиё бозӣ дорад, менависад таҳлилгари масоили минтақавӣ Николай Ростов. Ӯ мегӯяд: бигузор ҳукуматдорони қирғиз кадом санадҳоеро оид ба масъалаҳои баҳсӣ пайдо намуда бошанд, чаро онҳо ба ҷойи бо роҳи ба комиссияҳои ҳукуматӣ пешниҳод намуданд, қарори зарурӣ қабул намудан, роҳи иғвою таҳдидро пеш гирифтанд? Чаро Тошиев ҳамчун роҳбари вакилони қирғиз манфиатдори ташаннуҷи вазъ асту ҷонибдори ҳамгироии тарафҳо нест?!
  Чунки Тошиев аз тақдири худ шикваҳо дорад, ки маҳбус буду борҳо алайҳи ҳукуматҳояшон тааррӯз гардидааст ва з-ин сабаб наметавонад ҳокимиятро ба пуррагӣ ба даст гирад. Аммо ӯ ба воистаи дасисабозиву тавтеабозӣ оид ба масоили сарҳадӣ мехоҳад дар майдони сиёсии кишвараш побарҷо бошад».
  Зеро, байни Ҷабборов ва Тошиев дар масъалаи интихобот баҳсҳои пасипардагӣ ҷараён дорад ва ин нохалаф барои ба ҳадафҳои худ расидан аз ҳеҷ чиз рӯй намегардонад.
Ал-ҳазар аз чунин иғвогар!
 
М.Асрорӣ 
н.и.ф. сарходими Шуъбаи таърихи фалсафаи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia