casino malaysia
casino malaysia
Муовини директор оид ба илм ва таълим

wrapper

                                                 Зиёӣ Хуршед Махшулзода
 
 
 26 августи соли 1963 дар ноҳияи Дарвоз таваллуд шудааст. Соли 1985 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) хатм кардааст. Аз соли 1988 то соли 1991 дар шуъбаи рўзонаи аспирантураи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил карда, рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Ҷаҳонбинии Баҳоуддини Валад ва нақши он дар ташаккули тариқати тасаввуфии мавлавия” дар соли 1991 дифоъ намудааст. Соли 2006 дар ҳамин институт рисолаи докторӣ дар мавзуи «Тариқати тасаввуфии мавлавия ва таҳаввули фалсафаи назариявӣ ва амалии он (асри ХШ - ибтидои асри ХХ)» дифоъ намудааст. Аз соли 2010 профессор мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1985 то соли 1988 ҳамчун муҳандис-тарҷумони Вазорати саноати мудофиаи собиқ ИҶШС дар мамлакати арабии Ливия шуруъ кардааст. Солҳои 1991-1993 ба ҳайси ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ ва ходими калони илмии Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ фаъолият дошт.
Аз соли 1993 дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуѓзода ҳамчун мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва аз соли 1998 ба ҳайси муовини ректор оид ба таълими фаъолият кардааст.
Солҳои 2009-2011 дар мансаби Сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи ҶТ фаъолият намудааст.
Аз соли 2011 то соли 2015 дар вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуѓзода фаъолият доштаааст.
Аз соли 2015 то соли 2017  дар мансаби Сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми ҶТ,  аз соли 2017 то  соли 2019 ба ҳайси директори Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон фаъолият дошт.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.09.2019 муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.02.2020 директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то 26 январи соли 2022 дар ҳамин вазифа фаъолият намудааст.
Аз 1 марти соли 2022 то 7 ноябри соли 2022 мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ва аз 8 ноябри соли 2022 то имрўз муовини директор оид ба илм ва таълими ҳамин Институт мебошад.
Бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2000), унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (соли 2004), туҳфаи хотиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2006), “Ифтихорнома”-и Федератсияи сулҳ ва ваҳдати Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (соли 2012), “Сипоснома”-и Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” (соли 2021), мукофоти давлатӣ - медали “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2021), медали “20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай” (соли 2021) ва“Ифтихорнома”-ҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (солҳои 2015 ва 2022) сазовор гардидааст.
Муаллифи зиёда аз 160 кори илмӣ буда, аз онҳо 11 монография, 21 китоби дарсӣ ва дастури таълимӣ, беш аз 130 мақола мебошанд.
                  Таълифоти асосии Зиёӣ Хуршед Махшулзода  
Таълифоти илмӣ
  1. Мировоззрение Бахоуддина Валада, Душанбе: Дониш, 1992;
  2. Мавлавия ва таърихи таҳаввули он, Душанбе: Ирфон, 2004;
  3. Суфийский орден мавлавия, Душанбе: Хумо, 2007;
  4. Мавлоно (Ҳаёт, таълимот ва сарнавишти таърихии андешаҳои Ҷалолуддини Румӣ), Душанбе: Дониш, 2007;
  5. Традиции и право, Душанбе: Эҷод, 2009;
  6. Баррасиҳо оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Ҷалолуддини Румӣ. Душанбе: Бухоро, 2013;
  7. Мавлоно ва мутафаккирони бузурги Шарқ, Душанбе: Аржанг, 2022;
  8. Мавлоно ва мавлавия , Душанбе: Абдурахмон-Р, 2022.
Таълифоти таълимӣ
  1. Основы философии. Курс лекций» (2012);
  2. Философия науки и техники. Курс лекций для магистрантов и аспирантов филологических специальностей» (2013);
  3. Асосҳои фалсафаи таҳсилот (соли 2018);
  4. Фалсафа. Ҷилди 1 (китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ) (соли 2019, бо ҳаммуаллифӣ);
  5. Фалсафа. Ҷилди 2 (китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ) (2020, бо ҳаммуаллифӣ);
  6. Методологияи таҳқиқоти илмӣ (соли 2020, бо ҳаммуаллифӣ);
  7. Муқаддимаи синергетика (китоби дарсӣ барои муҳаққиқони зинаи докторантура аз рўи ихтисос) (соли 2021, бо ҳаммуаллифӣ);
  8. Лекции по философии науки (соли 2022, дар ҳаммуаллифӣ).


 

Суроға

  • Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Шаҳри Душанбе

  • Хиёбони Рӯдакӣ, 33

 

Телефонҳо

  • (+ 992) 221 77 96 

http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia