Skip to main content
Мақолаҳо

ПАЁМ - ИФОДАГАРИ СИЁСАТИ ХИРАДМАНДОНА ВА СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2024 муаррифӣ гардид, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии мамлакат мавриди  таҳлил ва хулосабарории  амиқ  қарор гирифт.

Қайд гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи  устувори хешро пайдо карда, бо 183 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 192 давлат истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф намудааст.

Мақолаҳо

ҲУҚУҚИ ЗАНОН ВА МАЪРИФАТИ ОИЛАДОРӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таърихи инсоният исбот менамояд, ки занони бо иродаву дурандеш, хирадманду закӣ, донишманду боистеъдод бо ҳидояту пайкори хеш метавонистанд зиндагии худу атрофиёнашонро мунаввар карда, ҳамзамон онҳо маҳз ақлу заковат, иродаву фазилат ва маърифату фарҳанги оиладорӣ, сутуни давлат ва пойдевори зиндаги ҳар хонадонро побарҷо месозанд. Дар ҷомеае, ки зан мақоми созанда ва зиндагии шоиставу солим дошта бошад, он кишвар дар рушду тараққист. Дар ҳақиқат зан оинаи оила ва давлат аст. Қалби пурэҳсоси зан саршори меҳру вафост.

Мақолаҳо

РАҚАМИКУНОНИИ БАХШҲОИ ИҚТИСОДИЁТ ВА РУШДИ САРМОЯГУЗОРИВУ СОҲИБКОРӢ ҲАМЧУН ҲАДАФИ ОЛИИ ДАВЛАТ

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гашт, ки он дастоварду комёбиҳо ва камбудиҳои соли гузашта, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда барномарезӣ карда, ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар рабт дошт.

Мақолаҳо

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ки ба таври муфассал самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар соли 2024, дар муқоиса бо солҳои сипаришуда натиҷагирӣ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ки ба таври муфассал самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар соли 2024, дар муқоиса бо солҳои сипаришуда натиҷагирӣ намуданд, воқеан як дастурамали муҳим, як барномаи мукаммал андар тарҳрезии як нақшаи низомноки солона ҷиҳати иҷрои вазифаву уҳдадориҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Мақолаҳо

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РАҲНАМОИ ҶАВОНОНИ КИШВАР

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва масъалаҳои марбут ба онҳо ҳамеша диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Маҳз аз ҳамин ҷост, ки дар баробари дигар масъалаҳо, масъалаҳои ҷавонон дар паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудом инъикоси хешро меёбанд.    

Мақолаҳо

АСОСҲОИ ҲУҚУҚӢ, МАЪНАВӢ ВА МЕТОДОЛОГИИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР ПАЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон, таъкид ба масъалаҳои таълиму тарбия ҳамчун асоси ҳуқуқӣ ва маънавии рушди ҷомеа, яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Асосҳои ҳуқуқӣ ва маънавии таълиму тарбия дар Паём ба андешаи мо чунин унсурҳоро дар бар мегиранд:

  1. Асосҳои ҳуқуқӣ ва методологӣ:

- таъкид ба муҳимияти қонунгузории миллӣ дар соҳаи илму маориф, ки рушди таълиму тарбияро таъмин мекунад;

- риоя ва татбиқи баробарии ҳуқуқ ба таҳсил ва илм барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа;

Мақолаҳо

ПЕШРАВИИ ҶОМЕА БА ИЛМ ВОБАСТА АСТ! (ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ)

Имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илму маориф диққати аввалиндараҷа дода, барои рушд ва густариши он заҳматҳои зиёд кашидаистодааст. Зеро маҳз тавассути илм ва ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеа рушд мекунад. Ин нукта Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон чунин қайд намуданд: “Ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам. Ин эътибори Пешвои миллат боис гаштаистодааст, ки олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ дастовардҳои худро пешкаш намуда, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол хидмати худро анҷом додаистодаанд.

Мақолаҳо

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – падидаи сиёсии даврони истиқлоли давлатӣ

Дар ҳама давру замон Истиқлолу озодӣ барои инсоният волотарин арзиш ва муҳимтарин неъмат ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихор ва сарафрозӣ аст, ки миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон аз ҷумлаи хушбахтарин миллатҳое мебошад, ки истиқлолу озодӣ ва давлати соҳибихтиёри худро дорад.

Subscribe to Мақолаҳо
23121