Skip to main content

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РАҲНАМОИ ҶАВОНОНИ КИШВАР

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва масъалаҳои марбут ба онҳо ҳамеша диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Маҳз аз ҳамин ҷост, ки дар баробари дигар масъалаҳо, масъалаҳои ҷавонон дар паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудом инъикоси хешро меёбанд.    

Паёми соли 2024-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар таърихи 28 декабр ироа гардид. Охирин аз рўи мазмун ва муҳтавои худ гуногунҷанба буда, дар он масъалаҳои гуногун инъикоси хешро ёфтанд. Яке аз масъалаҳои меҳварие, ки дар паёми соли ҷории сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикоси хешро ёфтанд ин масъалаҳои ҷавонон мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаашон зимни баррасии масъалаҳои вобаста ба ҷавонон иброз доштанд, ки “Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад”.[1]

     Воқеъияти равандҳои сиёсию геополитикии минтақавию ҷаҳонӣ нишон дода истодааст, ки маҳз аз набудани эҳсосӣ ватандустӣ ва шикасти дораҳои ватандўст ва идеяи ватандустию арҷгузори ба забон, таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллии хеш, давлатҳо ва ҷомеаҳо шикаст хурда истодаанд. Набудани чунин эҳсоси сиёсӣ, махсусан ватандустӣ дар ҷавонон метавонанд ба амалҳои нангин аз қабили хиёнат ба ватан оварда расонад.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳони пуртазод ва нооромии кишварҳои гуногуни оламро ба назар гирифта таъкид намуданд, ки ҷавонони мамлакат бояд “ ... аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд”. [2]

     Огоҳии ҷавонон аз таҳаввулоти босуръати сайёра ва эмин будани онҳо аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ   барои ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллат - ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, сулҳ ва ваҳдати миллӣ омили калидӣ мебошад. Вале мутаасифона ба бархе аз ҷавонони кишвар мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ таъсир намуда, охирин ба яке аз масъалаҳои нигаронкунанда боқи мемонад. Бо дар назардошти чунин вазъият сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки “ … хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад”[3].

Ягона омилие, ки ба ҷавонон кумак менамояд ин руй овардани онҳо ба илму дониш ва касбу ҳунар мебошад. Доири ин масъала сарвари давлат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли ҷориашон иброз доштанд, ки «... ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд»[4].

Ба назари мо чунин таъкиди сарвари давлат саривақти буда он метавонад ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷавонон ба шомилшавии онҳо ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва пешгирии гароидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мусоидат намояд.

Ба назари мо чунин таваҷуҳи ҷиддии сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҷавонон асоси илмию амалии хешро доранд. Моҳиятан он татбирҳое, ки роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба ҷавонон меандешад пеш аз ҳама ба рушди шахсияти ҷавонон мусоидат менамоянд.

    Ҳамин тариқ метавон хулоса намуд, ки масъалаҳои ҷавонон яке аз ҷамбаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил намуданд. Умуман таҳлили мазмуну муҳтавои паёми соли ҷории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дод, ки дар он дар қатори дигар мушкилиҳо, масъалаҳои ҷавонон низ инъикоси хешро ёфтанд. Охирин далели таваҷуҳи махсус доштани сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва масъалаҳои марбут ба онҳоро нишон медиҳад. Зеро ояндаи ҷомеа ва кишвар аз ин қишри фаъоли ҷомеа вобаста аст.

 

Муродов С.А. – н.и.с., мудири шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123