Суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30.05.2024 13:30, шаҳри Душанбе
Муҳтарам олимону донишмандон!
Ҳозирини гиромӣ!
Аз вохӯрии мо бо аҳли зиёи кишвар чор сол сипарӣ гардид.
Имрӯз тасмим гирифтем, ки натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар баррасӣ намоем.
Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод.