АНДАР СИФАТИ ОЛИМ
НАХУСТИН МУҲАҚИҚИ СОҲАИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
(бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зодрӯзи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Саидумар Одинаевич Раҷабов)
Тоҷикон истиқлолиятро бо талафот ва ҷонбозиҳои зиёде соҳиб шуданд, ки дар ба даст овардан, нигоҳ доштан ва устувор намудани музаффариятҳои он нақши Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҷаста аст. Истиқлол дар кишвар як қатор масоилеро бозгӯ намуд ва пеш гузошт, ки бе ҳалли дурусти онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти он зери хатар буда, кишвар наметавонист рушду нумуъ кунад.
Дар ҳамин вазъият дар кишвар ашхосе пайдо шуданд ва пайи ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масоили дар назди ҷомеа гузошташуда гардида, дар ин роҳ ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Аз ин сабаб имрӯз мо бояд оид ба ҳар як нафаре, ки дар марҳилаи ҳассостарини кишвар ба кори илмӣ машѓул шуда, заминаи илмиву идеологии ҳастии кишвар ва Истиқлоли давлати тоҷиконро устувор намудаанд, сухан гӯем.
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ дар асоси риояи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардид. Дар ин раванд кишвари мо аз ҷониби аксари мамлакатҳои ҷаҳон эътироф гардида, раванди ҳуқуққабулкунӣ аз рӯи принсипи “tabula rasa” сурат гирифт, ки ҳоло Тоҷикистон аъзои созишномаҳои муҳими байналмилалӣ гардида, ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ шомил гардидааст.
Акнун дар мамлакат зарурияти пеш бурдани илми ҳуқуқи байналмилалӣ ба миён омад, ки сатҳу сифати он ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ бошад ва баҳри таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон тавсияҳои илман асоснок пешниҳод кунад.
Дар заминаи ин талабот дар якчанд муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва олии касбӣ шуъбаю кафедраҳо кушода шудаанд, ки ба таҳқиқи мавзуҳои мубрами ҳуқуқи байналмилалӣ ва тадриси фанни ҳуқуқи байналмилалӣ ва соҳаҳои он машғул ҳастанд. Ҳоло даҳҳо олимони ватанӣ дар мавзуҳои мубрами ҳуқуқи байналмилалӣ рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд, ба таҳқиқи масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ машғул ҳастанд ва шогирдони зиёдро дар самти мазкур тарбия намуда истодаанд.
Дар байни ин олимон профессор Раҷабов Саидумар Одинаевич, ягона доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар кишвар мавқеи хоссаро ишғол менамояд.
Фаъолияти илмии профессор Раҷабов С.А. ҳанӯз аз солҳои солҳои 1987—1990 ҳангоми таҳсил дар аспирантураи рӯзонаи Мактаби олии Кумитаи амнияти давлатии ИҶШС дар шаҳри Маскав оғоз гардида, моҳи апрели соли 1991 рисолаи номзадиро барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ҳимоя кардааст.
Мавсуф дар ин муддат дар вазифаҳои гуногуни илмию таълимӣ фаъолият намуда, аз соли 2006 то имрӯз масъулияти мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба дӯш дорад.
Раҷабов С.О. соли 2008 дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (Москва) рисолаи докториро дар мавзуи “Имплементация норм международного гуманитарного права в Республике Таджикистан: проблемы теории и практики“ аз рӯи ихтисоси 12.00.10 – “Ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи аврупоӣ” ҳимоя намудааст. Мавсуф муаллифи зиёда аз 400 мақолаҳои илмӣ, 35 монография, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва луғатҳо мебошад.
Таҳқиқотҳои илмии профессор С.О. Раҷабовро ба шаш самт тақсим намудан мумкин аст:
1) Масоили мубрами ҳуқуқи байналмилалӣ;
2) Масоили мубориза бар зидди ҷиноятҳои байналмилалӣ;
3) Масоили ҳуқуқии байналмилалии об ва экология;
4) Ҷанбаҳои ҳуқуқии байналмилалии низоънишосӣ;
5) Омили исломӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ;
6) Забонҳои хориҷӣ ҳамчун воситаи муоширати байналмилалӣ.
Агар чор самти аввал сирф ба масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бахшида шуда бошанд, ду самти охир ба масъалаҳои сиёсатшиносӣ ва лингвистика бахшида шуда, ба таври ғайримустақим ҷанбаҳои байналмилалиро дар бар мегиранд.
Доир ба масоили мубрами ҳуқуқи байналмилалӣ зиёда аз 21 асари арзишманди илмии профессор Раҷабов Саидумар Одинаевичро номбар кардан мумкин аст. Аз асарҳои устод, ки ба ҳуқуқи байналмилалӣ бахшида шудаанд, аз ҷумла, монографияи дастаҷамъии «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» дар шаш қисм (2019-2024)-ро номбар намудан ҷоиз аст, ки хусусиятҳои ташаккул ва рушди меъёрҳо, принсипҳо, институтҳо ва соҳаҳои ҳуқуқи байналмилалии оммавиро аз замонҳои қадим то имрӯз муайян мекунад.
Хусусан дар қисми 1-уми силсилакитоб С.О. Раҷабов мавзуи «Пайдоиш ва инкишофи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ»-ро таҳлил намудааст. Ӯ назарияҳои гуногуни пайдоиши ҳуқуқи байналмилалиро мавриди омӯзиш қарор дода, аз асарҳои олимони зиёди рус ва аврупоӣ, аз ҷумла, Л. Камаровский, Ф. Лист, Ч. Де Вишшер, К. Филлипсон, М. Таубе, Ф. Мартенс, Х. Лаутерпахт, Ҳуго Гротсий, Ҷ. Батлер, О. Буткевич ва дигарон истифода кардааст.
Ба ақидаи Раҷабов С.О., камбудии баъзе аз ин муҳаққиқон дар он аст, ки онҳо мавҷудияти ҳуқуқи байналмилалиро танҳо дар муносибатҳои давлатҳои аврупоӣ, миллатҳои мутамаддин имконпазир мешумориданд .
Асари арзишманди дигари устод Раҷабов С.О. ин воситаи таълимии «Ҳуқуқи байналмилалӣ» бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ мебошад, ки аз соли 2005 давра ба давра аз нав нашр мешавад. Дар он тамоми дигаргуниҳое, ки ҳуқуқи байналмилалӣ дар ҷаҳон аз сар гузаронидааст, ба назар гирифта, тамоюли инкишофи он дар Тоҷикистон равшан нишон дода шудааст. Аз ҷумла, муаллиф аҳамияти ҳуқуқи байналмилалиро ҳамчун як низоми мустақили ҳуқуқ, ки ба ташаккули ҳуқуқи дохилидавлатӣ таъсири бузург мерасонад, таъкид кардааст. Муаллиф аҳамияти сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалиро қайд намуда, хусусиятҳои ташаккули принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва таъсири онҳо ба дигар сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалиро нишон додааст.
Таҳқиқотҳои самти дуюм ба масъалаи мубориза бо ҷинояткории байналмилалӣ бахшида шуда, асарҳои мазкур ба масъалаҳои пешгирии ифротгароӣ, мубориза бо ҷиноятҳои байналмилалӣ, ҷиноятҳои террористӣ, ҳуқуқи гаравгонҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, принсипҳои универсалии юрисдиксия дар ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткориро дар бар мегиранд. Ин таҳқиқотҳо дар коркарди назариявӣ ва амалии мубориза бо ҷинояткорӣ нақши босазо доранд.
Самти сеюми таҳқиқотҳои илмии Раҷабов С.О. ба масоили мубрами ҳуқуқи байналмилалии об ва ҳуқуқи муҳити зист дахл дорад. Дар ин бахш профессор Раҷабов С.О. дар мавзуъҳои ҳуқуқи байналмилалии об, ҷанбаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба истифодаи обҳои фаромарзӣ, дипломатияи об ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, ташаккули назарияи истифодаи обҳои фаромарзӣ дар ҳуқуқи муосири байналмилалӣ, механизмҳои имплементатсияи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор ва дигар масъалаҳои мубрами ин самт як қатор асарҳои илмӣ иншо намудаанд. Мавриди зикр аст, ки ин асарҳо дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти экологии Тоҷикистон нақши муҳим мебозанд.
Дар асарҳои илмии худ профессор С.О. Раҷабов панҷ ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи об, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфта шуданд, аз нуктаи назари ҳуқуқи байналмилалӣ таҳлил намуда, амалишавии ин ташаббусҳоро баҳри таъмини оби тозаву бехатар, беҳдошти санитария, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ ва беҳтар кардани вазъи муҳити зист зарур мешуморад. Профессор С.О. Раҷабов дар яке аз мақолаҳои илмии худ механизмҳои имплементатсияи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро муайян намуда, қайд менамояд, ки барои иҷрои муваффақонаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» моҳи январи соли 2016 механизми нав - Панели сатҳи баланд доир ба масъалаҳои об таъсис ёфт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ба узвияти он пазируфта шуданд. Панели сатҳи баланд доир ба масъалаҳои об бо ташаббуси Муншии умумии СММ ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ таъсис шуда, танҳо 11 нафар сарони Ҳукумат ва кишварҳо аъзои он мебошанд. Дар доираи ин Панел тамоми масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ ва пайгирӣ қарор мегиранд .
Саҳми доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор С.О. Раҷабов дар рушди ҳуқуқи байналмилалии об ва экология назаррас буда, асарҳои илмии ӯ барои олимону мутахассисони соҳа, аспирантону донишҷӯён дастури хело муфид хоҳад буд.
Истифодаи пешниҳоду хулосаҳои муаллиф аз тарафи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори қабулкунандаи қарорҳои сиёсӣ ба мукаммал гардидани махзани ҳуқуқии минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба об ва тақкими ҳамкориҳои судманди мамлакатҳои ҳавзаи баҳри Арал дар соҳаи истифода ва муҳофизати об мусоидат хоҳад намуд.
Самти чоруми фаъолияти таҳқиқотии профессор Раҷабов С.О. ба таҳқиқи низоъшиносӣ бахшида шудаст. Таҳқиқи масъалаҳои низоъшиносӣ на танҳо дар илм, балки дар амалияи сиёсӣ низ арзишманд аст, бахусус дар заминаи он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1992-1997 ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, ба мусолиҳа ва ризоияти миллӣ ноил гардид. Ин ҳолат таҷрибаи эҷодкорона оид ба ҳалли осоиштаи низоъҳои мусаллаҳона мебошад.
Дар таҳқиқоти профессор С.О. Раҷабов дар асоси омӯзиши маводҳои муҳими меъёрӣ (қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои кишварҳои давлатҳои узви ИДМ ва кишварҳои хориҷи дур), муқаррароти доктриналӣ, инчунин таҷрибаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИДМ тамоюлҳои асосии муосир, омилҳо ва падидаҳои муосир, ки ба имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар сатҳҳои байналмилалӣ ва миллӣ таъсир мерасонанд, ошкор мегарданд. Аҳамияти тадқиқотҳои профессор С.О. Раҷабов дар он муайян карда мешавад, ки онҳо ба рушд ва такмили механизми таъмини татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин ҷузъҳои алоҳидаи он мусоидат мекунанд.
Ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар Тоҷикистонро ёдовар шуда, ин муаллифон қайд мекунанд, ки дар аввали муноқиша, соли 1992 тоҷикон мехостанд бо як зарба ҳамаи гиреҳҳои муқобилиятҳоро, ки муддати дароз дар даврони мавҷудияти ҳокимияти шӯравӣ ба миён омада буданд, барҳам зананд. Аммо хиради халқи тоҷик боло омад ва зарурат пайдо шуд, ки гиреҳҳои муқовиматро қадам ба қадам бо роҳҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳуқуқи гуманитарӣ кушода шавад. Вале барои кушодани гиреҳи муқовиматҳо чандин солҳо сарф шуд, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мо тавонистем бо роҳи қонунӣ ба ваҳдати миллӣ расем. Ин таҷрибаи таърихиро бояд дар китоби сурхи инсоният барои наслҳои оянда дарҷ намуд .
Набояд фаромӯш кард, ки профессор С.О. Раҷабов аз ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ то инҷониб дар мавзуи ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ таҳқиқот мебарад. Масалан, дар давраи бошиддат оташ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ ин муҳаққиқ 19 декабри соли 1992 дар рӯзномаи “Садои мардум” мақолаи “Ҳуқуқи гаравгонро кӣ ҳифз менамояд?”-ро нашр намуд. Дар он муаллиф нисбати аз тарафи баъзе гурӯҳҳои мусаллаҳ гаравгон гирифтани ғайринизомиён, ваҳшиёна ба қатл расонидани онҳо изҳори нигаронӣ карда, ин иқдомотро хилофи аҳкоми ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ меҳисобад; нақши Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурхро дар расонидани кӯмаки башардӯстона калидӣ ҳисобида, тарафҳои даргирро даъват менамояд, ки бо ин созмон ҳамкорӣ кунанд. Профессор С.О. Раҷабов дар ин мақола аз тарафҳои муқобил тақозо кардааст, ки ақли солимро ба кор бурда, имконият фароҳам оваранд, то созмонҳои байналмилалӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона фаъолият намуда, иқдоми башардӯстонаи худро баҳри сулҳу салоҳ пурра истифода баранд. Ҳамчунин муаллиф изҳори боварӣ менамояд, ки агар шароити мусоид фароҳам ояд, КБСС ва амсоли ин созмонҳои башардӯстона, ки дар кулли кишварҳои ҷаҳон машғули кӯмак ба мамолики офатзада ва марокизи даргириҳои сиёсиву низомист, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаддалимкон дасти ёрӣ дароз хоҳанд намуд .
Маълум аст, ки дар амалиётҳои ҷангӣ категорияҳои гуногуни шаҳрвандон иштирок мекунанд. Дар ин радиф масъалаи ташвишовар дар ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон мебошад. Масъалаи мазкур аз таваҷҷуҳи профессор С.О. Раҷабов берун намондааст.
Ҳангоми низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ, кӯдакон ба категорияи шахсоне дохил мешаванд, ки зери ҳимояи Конвенсияи IV Женева аз 12 августи соли 1949 оид ба ҳифзи аҳолии мулкӣ дар замони ҷанг мебошанд. Бо шарофати ин нисбат ба онҳо муқаррароти марбут ба муносибат бо шахсони муҳофизатшаванда, ки принсипи асосии муносибати башардӯстона ба одамонро муайян мекунанд татбиқ мегардад, аз ҷумла эҳтиром ба ҳаёт, дахлнопазирии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, инчунин ҳама гуна маҷбуркуниҳои манъгардида, ҷазои ҷисмонӣ, шиканҷа, ҷазои дастаҷамъона ва репрессалия.
Яке аз масъалаҳое, ки ба самти мазкур дахл дорад, институти авф дар ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, ки аз доираи таҳқиқоти профессор С.О. Раҷабов берун намондааст. Ногуфта намонад, ки худи ин масъала дар ҳуқуқи байналмилалӣ баҳснок аст. Авф дар ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун қоида манъ нашудааст, аммо ҳеҷ ягон шартномаи байналмилалӣ бевосита таърифи авфро надодааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки моддаи 6 (5) Протоколи иловагии II ба Конвенсияҳои Женева пешбинӣ мекунад, ки “Пас аз хотима ёфтани амалҳои ҷангӣ ҳукумати амалкунанда кӯшиш мекунад, ки нисбат ба шахсони дар амалиётҳои ҷангӣ иштироккарда авфи васеъ пешниҳод намоянд, новобаста аз он ки онҳо боздошт ё дастгир шудаанд”.
Дар тафсири санади мазкур ин банд ҳамчун иҷозат додан барои авф барои иштирок дар низоъ ё шӯриш маънидод шуда, аммо на ҳамчун сафед кардани вайрон кардани ҳуқуқи байналмилалӣ фаҳмида мешавад.
Профессор Раҷабов С.О. барои хизматҳои шоёнаш бо медалҳои «60-солагии ИҶШС» (1978), «Барои хизмати бенуқсон, дараҷаи III (1986), «70-солагии ИҶШС» (1988), «Барои хизмати бенуқсон, дараҷаи II (1991), «Медали тиллои Сулҳ»-и Фонди шӯравии сулҳ (2021), Нишони фахрии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тотористон» (2001), се грамотаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тотористон (2008, 2011, 2021) қадрдонӣ карда шудааст.
Имрӯзҳо бо сарварии Саидумар Одинаевич Раҷабов Шурои дифоии рисолаҳои номзадӣ аз рамзҳои соҳаи илмҳои ҳуқӯкшиносӣ 12.00.05 - Ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ; 12.00.10 – Ҳуқӯки байналмилалӣ, ҳуқуқи аврупоӣ ба фаъолият оѓоз намуда аввалин номзадҳои илм дар он рисолаҳои илмии худро дифо мекунанд.
Профессор С.О. Раҷабов саҳми беназири хешро дар тарбияю роҳнамоии донишҷуёну омӯзгорон дар самти аз бар кардани илми ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ гузоштааст ва имрӯз номзадҳои илми ҳуқуқшиносӣ аз рӯи ихтисоси 12.00.10 - ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи аврупоӣ бо ифтихор аз ҳамкорию роҳбаладии илмии С.О. Раҷабов сухан менамоянд.
Муаллифон:
Буризода Эмомалӣ Бозор - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов, мудири шуъба;
Зоир Ҷӯрахон Маҷидзода - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов, мудири шуъба;
Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов, ходими калони илмӣ;
Ҷабборов Фарҳодҷон Нозимович – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов, ходими калони илмӣ.
