Skip to main content

ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

Дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» бо ташаббуси шуъбаҳои сотсиология ва фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию-назариявӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия олимон ва коршиносони соҳа иштирок намуда, бо маърузаҳои илмии худ доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир баромад карданд.

Аз ҷумла, Абилзода Г.С., номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ, дар мавзуи «Оила – фазои таҳкими худшиносии миллӣ»; Насурова Б., номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими пешбари илмии шуъбаи сотсиология, дар мавзуи «Ҳувияти миллӣ ва аҳаммияти он дар худшиносии ҷавонони тоҷик»;

Мирзода Ф.С., номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими калони илмии шуъбаи сотсиология, дар мавзуи «Ҳувияти ҳуқуқӣ – омили ҳамгироии иҷтимоии ҷомеа»; инчунин Сафарова Б.Қ., ходими хурди илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ, дар мавзуи «Худшиносии миллӣ ҳамчун омили муқовимат ба бегонапарастӣ» маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.

Дар ҷараёни конференсия ҷанбаҳои муҳими масъалаҳои таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, нақши оила дар ин раванд, аҳаммияти ҳувияти миллӣ дар ташаккули шахсияти ҷавонон, инчунин ҳувияти ҳуқуқӣ ҳамчун омили муҳими ҳамгироии иҷтимоӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, дар рафти мубоҳисаҳо масъалаҳои марбут ба тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ва таъсири онҳо ба арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақши худшиносии миллӣ ҳамчун воситаи муассири муқовимат ба бегонапарастӣ таъкид гардид.

Иштирокчиён доир ба мавзуъҳои матраҳшуда мубодилаи афкор анҷом дода, пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123