Skip to main content

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР МАВЗӮИ “ҶАВОНОН ВА МАВҚЕИ МЕҲВАРИИ ОНҲО ДАР СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

Бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бахшида ба ҳафтаи ҷавонон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Ҷавонон ва мавқеи меҳварии онҳо дар сиёсати Пешвои миллат” баргузор гардид.

Семинарро директори Институти фалсафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ намуда, ҷавононро бо рӯзи ҷавонон табрику таҳният намуданд.

Директори Институт қайд намуданд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат ба ҳалли мушкилоти ҷавонон, беҳтар намудани сифату таълиму зиндагии ҷавонон, пиёда намудани ҳадафҳои созанда ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо диққати махсус зоҳир намуда истодааст. Тайи зиёда аз 33 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ гардонида шудааст ва имрӯз низ як қатор чораҳои дигар ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа роҳандозӣ гардида истодааст.

Сипас, масъули кор бо магистрон, докторантони PhD ва унвонҷӯёни Институт номзади илмҳои педагогӣ Абдумуминзода Ситора, дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар даврони Истиқлолият” ва ходими илмии шуъбаи сиёсатшиносӣ Юсуфзода Шодоб дар мавзӯи “Мо ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватанем” баромад намуда, қайд намуданд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тибқи оморҳои расмӣ ва бо бардошт аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум мегардад, ки аксарияти аҳолиро ҷавонон ташкил дода, эшон идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол, нерӯи созанда ва қувваи бунёдкор буда, дар маҷмӯъ ояндаи давлату миллат ба шумор мераванд.

Дар баробари ин ҳама бовариву эътимод ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон аз ҷониби Сарвари давлат ҷавонон низ пайваста кӯшиш менамоянд, ки дар сафи пеши татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошанд ва тамоми имконот, таҷрибаву дониш ва малакаи худро дар пайравӣ ба сиёсати Пешвои муаззами миллат сарф намуда бошанд.

Дар фарҷоми кори семинар як қатор олимони ҷавони Институт бо ифтихорномаи Директори Институт қадрдони гардида, ба як қатор кормандони ҷавон, ки курси омӯзиши забони англисиро хатм намуданд сертификатҳо супорида шуданд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123