МЕҲРГОН ҲАМЧУН ПАДИДАИ ФАРҲАНГӢ: ТАЪРИХ, МАЗМУН ВА АҲАММИЯТИ ИҶТИМОИИ ОН
Имрӯз, 12 октябр дар кафедраи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ бахшида ба ҷашни Меҳргон семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Меҳргон ҳамчун падидаи фарҳангӣ: таърих, мазмун ва аҳаммияти иҷтимоии он» баргузор гардид.
Семинарро директори Институт Маҳмадизода Н. Д. ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои бузурги ниёгони тоҷикон буда, моҳияти он сулҳу дӯстӣ, меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба неъматҳои моддию маънавиро ифода мекунад.
Таъкид гардид, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 Меҳргон ҳамчун ҷашни миллӣ эътироф гардида, таҷлили он дар қатори дигар ҷашну идҳои миллӣ ба ҳукми анъана даромад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки бо ташаббусу талошҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 декабри соли 2024 дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар шаҳри Асунсиони Парагвай ҷашни Меҳргон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид.
Дар идома ходими илмии Шуъбаи фалсафаи фарҳанг Зоҳири Сайфулло дар мавзуи «Меҳргон: таърихи пайдоиш, суннатҳои ҷашнӣ ва ҷойгоҳи он дар фарҳанги тоҷикон» маъруза намуд. Ӯ иброз дошт, ки Меҳргон аз ҷумлаи ҷашнҳои бостонӣ ва арзишманди фарҳангии мардумони эронитабор буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун ҷузъи муҳими ҷаҳонбинӣ, низоми арзишҳо ва хотираи таърихии ҷомеа мақоми худро нигоҳ доштааст. Ин ҷашн муносибати инсонро ба табиат, меҳнат, зиндагӣ ва неъматҳои моддию маънавӣ инъикос намуда, мафҳумҳои меҳру муҳаббат, дӯстӣ, адолат ва ҳамбастагии иҷтимоиро таҷассум мекунад.
Қайд гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ аҳаммияти махсус пайдо кардааст. Ҷаҳонишавӣ, аз як тараф, барои муаррифии фарҳангҳо имкониятҳои нав фароҳам оварда, аз ҷониби дигар, дар роҳи ҳифзи баъзе суннатҳои миллӣ мушкилоти муайян ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, омӯзиш ва муаррифии Меҳргон метавонад ба шинохти фарҳанги бостонии тоҷикон ва арзишҳои умумибашарии дар он таҷассумёфта мусоидат намояд.
Зикр гардид, ки бо вуҷуди мавҷудияти маълумоти зиёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ, паҳлуҳои гуногуни Меҳргон таҳқиқоти амиқтарро тақозо мекунанд. Ба андешаи ӯ, омӯзиши ин ҷашн бояд хусусияти байнисоҳавӣ дошта бошад. Таърихшиносон, мардумшиносон, фолклоршиносон, адабиётшиносон, забоншиносон ва муҳаққиқони фарҳанг метавонанд дар таҳқиқи ҳамаҷонибаи он саҳми муҳим гузоранд. Танҳо тавассути омӯзиши фарогири илмӣ метавон моҳияти Меҳргонро ҳамчун падидаи фарҳангӣ ба наслҳои имрӯз ва оянда дуруст муаррифӣ намуд.
Инчунин, унвонҷӯи Шуъбаи фалсафаи фарҳанг Ҷангибекова Садаф дар мавзуи «Меҳргон — эҳтиром ба табиат дар фарҳанги суннатии тоҷикон» маъруза карда, муносибати инсон ба табиатро яке аз муҳимтарин паҳлуҳои ин ҷашн арзёбӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки зиндагии ниёгони мо бо табиат пайванди ногусастанӣ дошт. Ҳосили замин ба борон, об, гармии офтоб, хок ва меҳнати инсон вобаста буд. Аз ин рӯ, инсон худро ҷузъи табиат дониста, ба неъматҳои он эҳтиром мегузошт.
Таъкид гардид, ки Меҳргон дар охири мавсими кишоварзӣ таҷлил шуда, барои мардум фурсати ҷамъбасти меҳнати яксола ва шукргузорӣ аз ҳосили бадастомада буд. Дар ин ҷашн меваю сабзавот, ғалла ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш гузошта мешуданд. Аз ин ҷиҳат, Меҳргон муносибати эҳтиёткорона ва қадршиносонаи инсонро ба замин ва табиат инъикос менамояд.
Дар маъруза ҳамчунин аз андешаи файласуф ва фарҳангшиноси маъруфи тоҷик С. Х. Раҳимов ёдоварӣ шуд, ки ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргонро аз нигоҳи астрономӣ бо ҳам пайваст ва идомаи якдигар дониста, онҳоро ҳалқаҳои як занҷир арзёбӣ намудааст.
