Skip to main content

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

212

“НАҚШИ МАРКАЗИ СИНОШИНОСӢ ДАР ТАРҶУМА ВА ТАҲҚИҚИ ОСОРИ ИБНИ СИНО”

27 октябри соли 2026 Маркази синошиносии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 20 солагии таъсисёбии Маркази синошиносӣ баргузор намудани конференсияи ҷумҳуриявиро дар мавзуи “Нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино” ба нақша гирифтааст.

Мақолаҳо ва гузоришҳое, ки ба унвони Конференсия пешниҳод мегарданд, бояд яке аз мавзуъҳои зеринро дар бар гиранд:

• Саҳми муҳаққиқони муосири тоҷик дар омӯзиши таълимоти Ибни Сино;

• Мушкилот ва дурнамои синошиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

• Нақши мутарҷимон дар тарҷума ва таҳрири осори Ибни Сино аз забони арабӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;

• Таҳқиқи мероси илмӣ-фалсафии Абуалӣ ибни Сино дар замони муосир;

Ҳаҷми мақолаҳо якҷоя бо тасвир, ҷадвал, нақшаҳо ва калидвожаҳою фишурдаи мақола ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бояд то як ҷузъи чопӣ (то 12 саҳифаи чопи компютерӣ) бошанд. Фишурдаи мақола ба як забон на зиёдтар аз 0, 5 саҳифа бошад, калидвожаҳо ҳатмист. Матн бояд дар файли барномаи Microsoft Office Word пешниҳод шуда, андозаи ҳарфҳо 14, гарнитураи Times New Roman, фосилаи 1,5 бошанд. Саҳифаҳо бояд рақамгузорӣ шуда бошад.

Мақолаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ бояд то 15 октябри соли 2026 ба суроғаи зерин ирсол ёбанд: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Тел.: +9923722213949, +992935055204, почтаи электронӣ: rnazariev@yahoo.com; тел: +992918536050, почтаи электронӣ: ramazoni.93@mail.ru.

Интизор меравад, ки пеш аз оғози Конфренсия маҷмуаи мақолаҳо нашр мешавад. Кумитаи тадорукот ҳуқуқашро дар интихоби мақолаҳо ва нашри минбаъдаи онҳо нигоҳ медорад. Иштирок дар Конференсия ба таври ҳузурӣ сурат мегирад.

Кумитаи тадорукоти Конфренсия

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121