КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ: «ТАМОЮЛОТИ АСОСИИ ТАҲҚИҚОТИ ОНТОЛОГИЮ ГНОСЕОЛОГӢ ДАР ФАЛСАФАИ АСРИМИЁНАГИИ ТОҶИК»
Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи академик А. Баҳоваддинови АМИТ бо камоли эҳтиром Шуморо ба иштирок дар конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ даъват менамояд!
Сана: 21 апрели соли 2026
Оғоз: 9:00
Макон: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33(Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ ба номи А. Баҳоваддинов)
Забони корӣ: тоҷикӣ ва русӣ
Самтҳои асосии конференсия:
• сарчашмаҳои ташаккули таълимоти онтологию гносеологии мутафаккирони тоҷику форс;
• масъалаҳои онтологию гносеологӣ дар осори мутафаккирони тоҷику форс дар асрҳои миёна;
• масъалаҳои мубрами онтологию гносеологии фалсафаи муосир;
• баъзе ҷанбаҳои ҳастишиносӣ дар фалсафаи муосири тоҷик;
• назарияи маърифат дар таълимоти машшоия;
• афкори онтологию гносеологии мутафаккирони тоҷику форс ва муқоисаи он бо таълимоти фалсафии мутафаккирони Аврупо;
• ҷанбаҳои муҳими омӯзиши онтология ва гносеология дар фалсафаи муосири тоҷик.
Муҳлати пешниҳоди мақолаҳо: то 15 апрели соли 2026
Телефон: +992 933 995 757
Email: mustafo2209@mail.ru
