Skip to main content

ЭЪЛОН!

Садорати факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки санаи 31 марти соли 2026 конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ташаккули худшиносии миллии ҷавонон – яке аз роҳҳои муқовимат бар зидди идеологияи экстремистӣ» баргузор мегардад.

Шахсоне, ки хоҳиши иштирок дар конференсияро доранд, метавонанд ном ва матни маърӯзаи худро то 15 марти соли 2026 ирсол намоянд. Маводи конференсия дар шакли маҷмӯаи илмӣ ба нашр хоҳад расид.

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Дар конференсия масъалаҳои зерини соҳаи диншиносӣ мавриди баҳс қарор хоҳанд гирифт:

- Сарчашмаҳои иҷтимоӣ, ғоявӣ, фарҳангӣ ва сиёсии заиф шудани худшиносии тоҷикон дар асрҳои миёна ва оқибатҳои он;

- Вазъи худшиносии миллӣ дар замони Шӯравӣ;

- Истиқлоли давлатӣ ҳамчун заминаи сиёсию идеологии ташаккули худшиносии миллӣ;

- Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ - Раҳмон дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва ташаккули худшиносии миллии ҷавонон;

- Ташаккули худшиносии миллии ҷавонон дар заифсозии ҷалби онҳо ба ҷараёнҳои сиёсӣдинии ифротӣ.

Талаботи пешниҳоди маърӯзаҳо дар шакли мақола

Макони баргузории конфренсия: толори маҷлисгоҳи “ТСО”-и шаҳраки донишҷӯёни ДМТ.

Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Маводи конференсия дар шакли маҷмӯаи илмӣ чоп мешавад.

Ҳангоми омоданамоии матни мақолаи илмӣ бояд талаботҳои зерин риоя карда шаванд:

- сатри якум – ҳарфи аввали ном ва номи падар, насаби муаллиф, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷои кор (таҳсил), дар қавс шаҳр, вилоят, баробаркунии матн аз тарафи рост;

- сатри дуюм – номи маърӯза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

- сатри сеюм – матни асосӣ, саҳифаи А4, ҳошияи аз тарафи рост 3 см, аз тарафи чап 1,5 см, боло ва поён 2 см;

- таҳриргарҳои MS WORD 2003-2007, ҳарфҳои шакли Тimes New Roman,

Тimes New Roman ТJ, ҳаҷми ҳарфҳо 14 кегл;

- фосилаи байнисатрӣ – 1,5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин аст;

- рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи “АДАБИЁТ” оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;

- ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, бо таври [3, 25] омода карда мешавад, ки дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошад;

- ҳаҷми матни маърӯза бо формула, расм, ҷадвал ва рӯйхати адабиёт набояд аз 12 саҳифа зиёд бошад (формулаҳо бояд дар таҳриргари “Формула” сохта шаванд).

- ҳамаи маърӯзаҳои конференсия, ки ба шакли мақола ба чоп тавсия мешаванд, барои ворид намудан ба Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНС) дорои аннотатсия, калидвожаҳо ва маълумот дар бораи муаллиф (он) бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бошад.

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки вобаста ба самтҳои муайяншуда ном ва матни маърӯзаро то санаи15 март 2026 ба суроғаи мо ирсол намоед:

Суроғаи мо: 734025, шаҳри Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (бинои таълимии №15).

Телефонҳо барои тамос: +992909727575; +992938666411

mustafo.kalandarov@mail.ru

Бо камоли эҳтиром: Садорати факултети фалсафаи ДМТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123