Skip to main content

ҶАВОНОН ВА ИЛМ: ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР АМИТ

Имрӯз дар доираи даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар АМИТ бо иштироки магистрон ва гирандагони стипендияи президентии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш масоили таҳияи мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ вобаста ба мавзӯъҳои мубрам, инчунин роҳҳои анҷом додани пажӯҳишҳои ояндасоз баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҷавонони болаёқат бояд дар роҳи илм устувор қадам гузошта, илми ватаниро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ барои олимони ҷавон тамоми шароит ва имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст. Ин имкониятҳо онҳоро барои таҳқиқоти илмии босифат, таҳияи мақолаҳо ва иштироки фаъол дар рушди илми ватанӣ ҳавасманд месозанд. Ҳамзамон, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ба таҳкими нуфузи илмии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121