Skip to main content

НАҚШИ ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР ДАР ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ НИЁГОН, ДАВЛАТДОРӢ ВА ҲУҚУҚИ МУОСИР!

Таҳти чунин унвон имрӯз 08.04.2025 сол бо ташаббуси шуъбаҳои ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Конференсияи илмиву назарияви дар мавзуи “Нақши эъломияи Куруши Кабир дар ташаккули фарҳанги ниёгон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосир” бахшида ба 2550-солагии қабули Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир доир гардид.

Конференсия ба таҳлил ва омӯзиши дуруст ва ҳамаҷонибаи таъсири Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар таърих ва ҳоло оғоз ёфт. Мавзӯъҳои асосии конференсия ба масъалаҳои зерин бахшида шудаанд:

1. Эъломияи Куруши Кабир санади калидии фарҳанги ҳуқуқӣ ва давлатдории ориёӣ-тоҷикӣ

2. Эъломияи Куруши Кабир ва рушди падидаҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон

3. Нақши Эъломия Куруши Кабир дар баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон

4. Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир мероси ҳуқуқӣ дар миқёси умумибашарӣ

Ба иштирокчиён тавсия шуд, ки ба таҳқиқоти амиқтар ва таҳлили таъсири ин эъломия ба ҷомеаҳои муосир идома диҳанд ва онро ҳамчун як дастоварди инсонӣ дар рушди ҳуқуқи башар дар назар дошта бошанд.

Дар қисмати хотимавии чорабинӣ иштирокчиён оид ба масъалаҳои Нақши эъломияи Куруши Кабир дар ташаккули фарҳанги ниёгон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосир фикру андешаҳои худро пешниҳод намуданд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121