Skip to main content

МАСЪАЛАҲОИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МУНОСИБАТҲОИ ШАРТНОМАВӢ ДАР ИНТЕРНЕТ

Дар раванди сафари корӣ рӯзи 04 феврал дар Филиали Университети даватии Москва дар ш. Тошкент вохӯрӣ бо ҳайати устодон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Филиали МГУ дар ш. Тошкент баргузор гардид. Вохӯрӣ ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бахшида шуд. Дар раванди вохӯрӣ масъалаҳои мубрами такмили маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Инчунин дар раванди вохӯрӣ муаррифии монографияҳои ман «Общее учение об Интернете» ва «Электронное договорное право» баргузор гардид.

Рӯзи 05 феврал дар Филиали мазкур мизи мудаввари байналмилалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳои шартномавӣ дар Интернет» барпо гардид. Ташкили ин чорабинии илмӣ аз тарафи Филиали Университети давлатии Москва дар шаҳри Тошкент, факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар кори мизи мудаввар олимони соҳаи ҳуқуқи хусусӣ аз Филиали МГУ, факултети ҳуқуқшиносии МГУ, Университети давлатии ҳуқуқи Ташкент, Университети байналмилалии Ташкент, Мактаби олии судяҳо назди Шӯрои судяҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Маърӯзаи асосӣ – «Масъалаҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳои шартномавӣ дар Интернет» аз тарафи ман ба ҳозирин пешниҳод гардид.

Дар муҳокимаи мавзӯи мизи мудаввар олимони маъруфи ҳуқуқи мадании Ҷумҳурии Ӯзбекистон, д.и.ҳ. О.Окюлов, д.и.ҳ. Д.Караходжаева, д.и.ҳ. Ф.Отаханов, д.и.ҳ. Б.Самарходжаев, д.и.ҳ. Р.Хурсанов, д.и.ҳ. Г.Маткаримова ва дигарон баромад намуда, мубрамияти хоси мавзӯи мизи мудавварро дар шароити имрӯза қайд намуданд. Проф. Р.Хусанов дар баромади худ изҳор дошт, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон инчунин дар мавзӯи мазкур таҳқиқоти илмӣ гузаронида шуда истодааст, ва маводҳои олимони Тоҷикистон барои таҳқиқи пурраи мавзӯи назарияи Интернет дар ин таҳқиқот ёрии калон мерасонанд.

Дар хулосаи мизи мудаввар зарурияти бештар ва васеътар гузаронидани чунин чорабиниҳои илмӣ байни марказҳои илмии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон махсус қайд гардид. Раванди мизи мудаввар дар сомонаи расмии интернетии Филиал ва худи Университети давлатии Москва ҷойгир карда шуд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123