Skip to main content

ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А.БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ

Бо мақсади иҷрои босамари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ба муносибати “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик” имрӯз 09.04.2025 сол бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Конференсияи илмиву назарияви дар мавзуи “Назари Форобӣ дар мавриди авлавияти фалсафа нисбат ба дин” доир гардид.

Конференсияро Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ барои пурсамар ва муфид гузаронидани даҳаи илми академии тоҷик барномаи мушаххас дошта, дар ин замина мавзуъҳои ҷолибро матраҳ менамояд.

Дар Конференсия як қатор олимони Институт суханронӣ намуда, паҳлуҳои гуногуни Назари Форобӣ дар мавриди авлавияти фалсафа нисбат ба динро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби олимон қайд гардид, ки Форобӣ дар бораи авлавияти фалсафа нисбат ба дин баъзе назароти ҷолиб дошт. Барои ӯ, фалсафа як роҳи ягона барои расидан ба ҳақиқат ва фаҳмиши амиқтарин масъалаҳои ҳастӣ ва маърифат буд. Вай ба таври махсус таъкид мекард, ки фалсафа метавонад ба инсон кӯмак кунад, то ҷаҳонро тавре фаҳмад, ки воқеият ва ҳокимиятҳои аслӣ дар он чунҳар равшан шаванд.

Дар қисмати хотимавии чорабинӣ иштирокчиён оид ба масъали авлавияти фалсафа нисбат ба дин фикру андешаҳои худро пешниҳод намуданд.

Конференсия дар якчанд сексияҳои алоҳида дар мавзӯъҳои гуногун, ки ба таҳқиқи назарияҳои Форобӣ ва робитаи фалсафа бо дин марбут буд, идома хоҳад ёфт. Ҳар як сексия бо иштироки муҳаққиқони соҳа ва олимон дар бораи масъалаҳои муфассал ва амиқ муоҳидаҳои илмӣ ва назарияҳо пешниҳод хоҳанд шуд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121