ДАР ШИНОХТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
____________________________________
МУҲАММАД АБДУРАҲМОН - УЗВИ ВОБАСТАИ
____________________________________
МУҲАММАД АБДУРАҲМОН - УЗВИ ВОБАСТАИ
Гибридӣ-ҳамчун муҳити дугонагии муосири ҳастии инсон. Падидаи махлутият (гибридност), таҷдиди назари он аз тарафи шуури инсон ва «бозтаинии худ» яъне шароити нави ҳастӣ-иҷтимоӣ тақозо мекунад, ки фаҳмиши анъанавии техника ҳамчун абзори итоаткор наметавонад мустақилияти хоси техникаи даврони муосир ва таъсири тағйирдиҳандаи онро барои ҷомеа ба таври кофӣ шарҳ диҳад. Пас савол ба миён меояд: ин феномен чист?(гибридност) чист? Оё ин истилоҳ фарогир аст?.
Имрӯз 1 октябри соли 2026 тибқи нақша - чорабиниҳои Шӯрои олимони ҷавони Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ дар ҳамкории муштараки Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Соҳибистиқлолӣ ва уфуқҳои нави кӯшишҳои илмии ҷавонон» доир гардид.
Ин ҳамоиши илмӣ бо мақсади баррасии нақши созандаи насли ҷавон дар рушди тафаккури илмӣ, таҳлили дастовардҳои зеҳнии онҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ ва тақвияти неруи кадрии илми ватанӣ ташкил карда шуд.
Директори Маркази синошиносии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Назариев Рамазон бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардиданд.
Мукофоти арзандаро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар вазъияти тантанавӣ ба профессор Назариев Рамазон супориданд.
Мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Бедилзода Ҳусайн Кабут рисолаи илмии худро дар мавзӯи «Манфиатҳои миллии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва стратегияҳои мутобиқсозӣ ба муҳити геополитикии минтақа» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 5.6.4. - Проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ бо муваффақият ҳимоя намуд. Мушовири илмии рисола доктори илмҳои фалсафа Хидирзода М.У.
Дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ» баргузор гардид.
Дар гузориши телевизионӣ ҷараёни баргузории конференсия, андешаҳои аҳли илм ва аҳамияти таълимоти Мавлоно дар таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва фарҳанги муколама инъикос ёфтааст.
Гузориши мазкур бозгӯи таваҷҷуҳи ҷомеаи илмӣ ба мероси арзишманди Мавлоно ва нақши он дар ташаккули фарҳанги сулҳ ва ҳамзистии осоишта мебошад.