Skip to main content

ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ

Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик, 14 апрели соли 2026 дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаҳои сиёсатшиносӣ ва масъалаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо иштироки олимону муҳаққиқон доир гардида, дар он масъалаҳои мубрами сиёсатшиносӣ ва равандҳои муосири сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад А. Н. дар мавзуи «Сарварӣ сиёсӣ ва хусусиятҳои бевоситаи он» маъруза намуда, паҳлуҳои назариявӣ ва амалии роҳбарии сиёсиро шарҳу тавзеҳ дод.

Сипас, мудири шуъбаи сиёсатшиносӣ, номзади илмҳои сиёсӣ Муродов М.А. дар мавзуи «Аҳамияти устувории муносибатҳои сиёсӣ дар таъмини суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ карда, нақши муносибатҳои устувори сиёсиро дар таъмини субот ва рушди давлат таъкид намуд.

Ҳамзамон, мудири шуъбаи масъалаҳои сиёсати хориҷӣ, номзади илмҳои сиёсӣ Бедилзода Ҳ. К. дар мавзуи «Фазои геосиёсии Авруосиё ва таъсири он ба равандҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза ироа намуда, таъсири омилҳои геосиёсиро ба сиёсатҳои миллӣ мавриди таҳлил қарор дод.

Дар идома, ходими хурди илмии шуъбаи сиёсатшиносӣ Ким В. М. дар мавзуи «Компетентность исполнительной власти в процессе трансформации политической системы общества Таджикистана» баромад намуда, масъалаҳои марбут ба такмили фаъолияти ҳокимияти иҷроия дар шароити тағйирёбии низоми сиёсиро баррасӣ намуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш миёни иштирокдорон мубоҳисаҳои судманд баргузор гардида, таъкид шуд, ки чунин чорабиниҳои илмӣ барои таҳкими тафаккури сиёсӣ, густариши таҳқиқоти илмӣ ва баррасии амиқи равандҳои муосири ҷомеа аҳаммияти муҳим доранд

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123