Skip to main content

ҶАЛАСАИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ БАРГУЗОР ГАРДИД!

Имрӯз 27 феврали соли 2026 дар толори кафедраи фалсафаи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси Шурои олимони Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо масъалаҳои баррасишавандаи ҷаласа шинос намуда, ба иштирокчиён барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ баён намуд.


Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими фаъолияти илмӣ ва ташкилии Институт мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, муҳокима ва тасдиқи мавзӯъҳои рисолаҳои унвонҷӯён, докторантони анъанавӣ ва докторантони PhD, инчунин фаъолияти роҳбарони илмии онҳо баррасӣ ва тасдиқ гардид.
Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба тавсия барои нашри монографияҳо, дастурҳои таълимӣ, маҷмӯаҳои мақолаҳо ва дигар маводи илмӣ муҳокима шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Инчунин, масъалаҳои марбут ба баргузории конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ дар шуъбаҳо, тақвияти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасии аъзои Шуро қарор гирифтанд.

Дар анҷоми ҷаласа, аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба сохторҳои марбута ҷиҳати иҷрои босифат супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123