Skip to main content
Мақолаҳо

ХУДШИНОСӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Худшносӣ ва ваҳдати миллӣ дар даврони Истиқлолият аз мубрамтарин масоили замони муосир ба шумор меравад, зеро Истиқлол дарахти навниҳолест, ки ба муҳофизат аз ҳар гуна нерую унсурҳои баду нохейру зиёновар ва фасодпазиру шикананда эҳтиёҷманд аст. Аз ин ҷо, имрўз муҳофизи Истиқлолияти миллӣ ин мардуми огоҳ аз пастию баландиҳои зиндагӣ кист?
Навид

Иштирок дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - Пайванд 07.09.2026

7 сентябр дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - Пайванд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таҳти унвони “Тоҷикистони соҳибистиқлол - пайвандгари тамаддуни ориёӣ” баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиши илмӣ дар баробари олимону муҳаққиқони ватанӣ, инчунин зиёда аз 230 меҳмон аз 27 кишвари дунё ширкат доранд.

Мақолаҳо

БЕРУНӢ ВА САҲМИ Ӯ ДАР РУШДИ МАЪРИФАТИ ИЛМӢ

Имрӯз рӯзи зодрӯзи Абурайҳон Берунӣ аст. Номи пурраи ӯ Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ буда, бар асоси сарчашмаҳои мавҷуда 4-уми сентябри соли 973 дар мавзеи Кос, наздикии Хоразми таърихӣ дар оилаи на чандон сарватманд, вале хонаводаи “ба назар намоён” таваллуд шудаву худашро меросбари фарҳанги эронӣ ва забони модарияшро забони хоразмӣ ба қалам додааст. Дар асарҳояш ба суғдиён ва сосониён мансуб ият доштани хоразмиёнро дар чандин ҷой таъкид кардааст.

Мақолаҳо

РУШДИ ИЛМ ДАР ЗАМОНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлолият барои ҳар як миллат на танҳо як мафҳуми сиёсӣ, балки эҳёи худшиносӣ, бедории маънавӣ ва оғози марҳилаи нави таърихӣ мебошад. Барои миллати тоҷик, ки дар сарзамини худ таърихи чандинҳазорсола, фарҳанги ғанӣ ва мактаби бузурги илмиву адабӣ дорад, ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар охири асри XX рӯйдоди сарнавиштсоз гардид.
Мақолаҳо

СОХРАНЕНИЕ НАЦИОНАЛЬНОЙ КУЛЬТУРЫ – ОСНОВА ГОСУДАРСТВЕННОЙ НЕЗАВИСИМОСТИ

Когда мы говорим о государственной независимости, мы в первую очередь, имеем ввиду международно-правовое состояние государства, при котором оно самостоятельно определяет свою внешнюю и внутреннюю политику. Это значит, что государство способно самостоятельно ставить перед собой и своими гражданами определенные цели и задачи в любых отраслях жизнедеятельности общества, определять приоритеты развития и самостоятельно решать свои внутренние и внешние задачи.

Навид

ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.

4 сентябри соли 2026 дар толори кафедраи фалсафаи раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тағъйирпазирии системаи сиёсии ҷомеа ва таъсири равандҳои ҳамгироӣ ба он», бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.

Мақолаҳо

МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ МАОРИФ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУЛҲУ ИСТИҚЛОЛ ТО ДОНИШ, ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ

31 августи соли 2026 дар арафаи оғози соли нави таҳсил ва дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи кишвар мулоқот намуда, дар маросими Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ суханронӣ карданд. Ин мулоқот аз нигоҳи мазмун на танҳо як чорабинии анъанавии оғози соли нави таҳсил, балки баррасии муҳимми самтҳои стратегии рушди минбаъдаи маориф, илм ва тарбияи насли ҷавон ба ҳисоб меравад.
Мақолаҳо

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 соҳиби як рӯйдоди муҳим ва хотирмони таърихӣ яъне 35- умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мегардад, ки ин сана бо тантанаҳои бошукӯҳ таҷлил карда мешавад. Дар ин давраи калидии рушди таърихӣ, ҷавонон на танҳо ҳамқадами замони соҳибихтиёрӣ, балки ҳамчун омили калидии пешрафт, муҳофизи арзишҳои миллӣ ва тарроҳони фардои дурахшони кишвар эътироф мешаванд.
Навид

ИЛМУ ДОНИШ ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 1 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони “Илму дониш омили асосии рушди Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

23121