Skip to main content

БЕРУНӢ ВА САҲМИ Ӯ ДАР РУШДИ МАЪРИФАТИ ИЛМӢ

Имрӯз рӯзи зодрӯзи Абурайҳон Берунӣ аст. Номи пурраи ӯ Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ буда, бар асоси сарчашмаҳои мавҷуда 4-уми сентябри соли 973 дар мавзеи Кос, наздикии Хоразми таърихӣ дар оилаи на чандон сарватманд, вале хонаводаи “ба назар намоён” таваллуд шудаву худашро меросбари фарҳанги эронӣ ва забони модарияшро забони хоразмӣ ба қалам додааст. Дар асарҳояш ба суғдиён ва сосониён мансуб ият доштани хоразмиёнро дар чандин ҷой таъкид кардааст.

Аз хурдӣ ба омӯзиш ва аз худ кардани илмҳои гуногун пардохта, назди олимони маъруф Абунасри Арроқ, Бузҷонӣ ва дигарон илм омӯхтаву ба зудӣ ҳамчун олиму донишманди замонаш машҳур мешавад. Асарҳои маъруфаш «Осор-ул-боқия»,«Қонуни Масъудӣ», «Мо-ли-л-Ҳинд», «Китоб-ул-ҷамоҳир фи маърифат-ил-ҷавоҳир», «Китоб-ут-тафҳим», «Таҳдиду ниҳоёт-ил-амокин ли тасҳеҳи масофат-ил-масокин» ва ғайраҳо ба шумор мераванд, ки пурра бо усули илмиву ақлонӣ навишта шудаанд ва хушбахтона аксарашон то ба замони мо омада расидаанд.

Ғояву назарияҳои пешниҳодкардаи мутафаккир дар ин асарҳо дар бораи олами табиат(табиатшиносӣ), кайҳон, ҷомеаи башар, илмҳои дақиқ, расму ойинҳои халқу миллатҳои гуногун, дину боварҳо, тақвимҳо ва ғайра дар рушди баъдинаи илми ҷаҳонӣ таъсири бевосита гузоштаанд. Беруниро аксар олимони ҷаҳон чун Коперники Шарқ эътироф кардаанд.

Соли 2023 бо қарори сессияи 211-уми Шурои иҷроияи ЮНЕСКО ҷомеаи башарӣ 1050–солагии ин олими сатҳи ҷаҳониро ҷашн гирифт. Берунӣ дар ташаккулёбӣ ва рушди илми асрҳои миёна, махсусан дар рушди фалсафаи табиатшиносӣ ва илмҳои амалӣ нақши муассир дорад, ки бемуболиға ин марҳиларо мутахассисон даврони эҳёи илму фарҳанги кишварҳои Шарқ (ренесанси Шарқ) ном мебаранд.

Ӯ бо усули таҳқиқотиву илмии хосаш дар танҳоӣ як мактаби илмии алоҳида буд ва дар баробари дигар намояндагони ҷараёнҳои маъруфи фалсафии машриқзамин, аз қабили фалсафаи машшоъ, исмоилия, калом, тасаввуф ва ғайраҳо бисёр масъалаҳои мубрами замонашро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода, назарияҳои пешқадами илмиро барои он замон пешниҳод кардааст....

Дар асоси ин ҳама назарияҳои пешниҳодкардаи Абурайҳон муҳаққиқони осори ӯ ба ин андешаанд, ки ҷаҳонбинии мутафаккир бештар тамоюли деистӣ дорад, ки бар асоси он Офаридгор ҳамчун нахустсабаб ё иллати иллатхо олами беканорро офаридааст, ба он такони аввал додааст ва дар оянда ин олам мувофиқ ба конуниятҳои ҷавҳарии худ ҳаракат мекунад. Вале маврид ба зикр аст, ки ин деизми Берунӣ аз таълимоти деистии пайравони фалсафаи машшоия, ки онҳо низ Офаридгорро чун нахустсабаб мефаҳмиданд, фарқ мекунад.

Дар таълимоти машшоиён Офаридгор оламро зери таъсири мусаббабе (эҷодкунандаи сабаб) меофарад, дар назарияи Берунӣ бошад, офариниши олам аз тарафи Офаридгор аз ҷавҳари зотии худаш сар мезанад. Зеро ба андешаи ӯ ин олам ва ин чархи давворро танзимгар ва мудаббире лозим аст, вагарна бе ин танзимкунӣ на оламу ашё шаклу моҳият мегиранд ва на муназзиму мудаббир ба зоти худ маъно пайдо мекунанд. Ин нуқтаи назари мутафаккир дар бораи офариниши олам ба таърифи рӯҳи кулл ё беканории фалсафӣ шабоҳат дорад, яъне ин таълимот аз воқеияти ҳаёт ба сӯи дарки моҳияти зотӣ ҳаракат мекунад.

Муҳаққиқони осрои ӯ қайд мекунанд, ки ғояҳои мутафаккир бештар ҷанбаи илмӣ, таҷрибавӣ ва амалӣ доранд, на манбаи илњоми наќливу муроќибавї, ки онҳо хоси эътиқод ҳастанд. Бо вуҷуди ин, тафаккури таҳлиливу интиқодии Берунӣ яктарафа нест, балки он ҳамафарогир буда, ҳам дин ва ҳам илми замони худро ба таври илмӣ интиқод мекунад.

Ҳамин тариқ, муносибати мунсифона ба объекти омӯзиш, усули таҳқиқотии ақлонию интиқодӣ ва таҳлили фардӣ хоси фаолияти илмию омӯзишии Берунӣ буд. Дар ҷаҳонбинии ӯ таъсири таълимоти мактабҳои қадими минтақа, аз зумраи фалсафаи табоия, асҳоби ҳаюло, фалсафаи хусравонӣ ва махсусан фалсафаи Ҳинд бештар ба назар мерасад.

Ҳамин тариқ, ин усули таҳқиқ ва муносибати бетарафона ба объекти омӯзишро ӯ дар таҳлили ҳама соҳаҳои илм, аз ҷумла табиатшиносӣ, тақвимшиносӣ, диншиносӣ (дар осори мутафаккир он бо номи оиншиносӣ ё оинҳои мардумӣ омадааст), маъданшиносӣ, илми ҳайъат, илми тибб, алҷабр (алгебра), ҳандаса, заминшиносӣ ва ғайра ба роҳ монда, онҳоро дар омӯзиши анъанаву одоти халқиятҳои мухталиф васеъ истифода бурдааст.

Дар «Осор-ул-боқия» қисмате бо номи ойиншиносӣ ҳаст, ки дар баробари овардани маълумотҳои соф илмӣ оид ба парастишҳову эътиқодҳои динии ҳаррониён, калдониён, собеиён, зардуштиён, буддоиён, монавиён, маздакиён, масеҳиён, мусулмонон ва ғайра, инчунин дар онҳо маълумотҳои нодире дар мавриди шеваҳои паҳншавию гуногунрангии ин бовариҳо, тақвимҳои онҳо, маросиму идҳо, расму одатҳо, ҷашну анъаноти гуногун низ ҳастанд, ки бо гузашти чандин сол аҳамияти худро гум накардаанд.

Мирзоев Гаффор доктори илмхои фалсафа сарходими илми шуьбаи масьалахои фалсафаи дини Институт

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121