Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
Ҳамватанони арҷманд ва омӯзгорони азиз!
Бо самимияти беандоза, Рӯзи омӯзгоронро ба кулли устодону мураббиён ва аҳли маориф табрик менамоям.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, омӯзгоронро ҳамчун неруи тавоно, муҳаррики пешбарандаи ҷомеа ва роҳнамои зеҳнии наслҳои оянда ҳифз ва сарпарастӣ менамоянд.

Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, рӯзи 5-уми октябр ҳамасола дар кишвари мо ва берун аз он ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва, пеш аз ҳама, аз ғамхорӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақом