Skip to main content
Мақолаҳо

ДУШАНБЕ – СТОЛИЦА МИРА И ДОБРОСОСЕДСТВА

О том, что столица Республики Таджикистан - Душанбе является городом мира, дружбы и добрососедства известно давно. За период независимости здесь не раз проходили важнейшие политические, культурные и другие мероприятия мирового и регионального значения.

Мақолаҳо

КОРУПСИЯ ВАБОИ АСР: ПАЙДОИШ ВА РУШД

Коррупсия дар замони муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Таҳқиқи ин зуҳуроти номатлуб нишон дод, ки он решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.

Корупсияро айни замон масълаи глабалӣ низ мешуморанд, зеро аз ин зуҳурот одамон дар аксар кишварҳои олам ранҷ мебаранд.

Мақолаҳо

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ЗАМИНАИ РАВАНДИ ИСЛОҲОТИ СУДИЮ ҲУҚУҚӢ

Барпо намудани давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, ки ҳимояи воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон ба он вобаста аст, зарурати қабули қонуну санадҳоеро, ки ҷовобгӯи ин талаботҳо бошанд ба пеш овард. Барои амали гардидани ин ҳадафҳо заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ лозим буд, ки ба ин пеш аз ҳама, қабули Конститутсияи нави давлати соҳибистиқлолу демократӣ буда метавонист.

Зеро, ки Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии кишвар яке аз нишонаҳои муҳими соҳибихтиёрии давлати миллӣ буда, манбаи сарчашмаи қабули қонуну санадҳои ҳуқуқии давлат ба ҳисоб меравад.

Табрикот

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 04.10.2025

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасот ва рукнҳои асосии давлатдории миллии тоҷикон, инчунин, гаронбаҳотарин ёдгори аҷдоди ориёии мо мебошад, самимона табрик мегӯям.

Забони тоҷикӣ дар раванди рушди таърихии худ ҳамчун шаҳсутуни бинои маънавии миллат ва муҳимтарин воситаи инъикоси ҳаёти мардум барои мондагории миллати тоҷик нақши барҷаста бозидааст.

Яъне тоҷикон роҳи тайкардаи худро дар хотираи таърихии хеш маҳз ба василаи забони модарӣ ҳифз кардаанд.

Мақолаҳо

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ, РУҲИ ПОКИ ГУЗАШТАГОН ВА ОИНАИ ОСОРИ НИЁГОН АСТ

wwqДУШАНБЕ, 04.10.22025. /АМИТ «Ховар»/. Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмуи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва он яке аз арзишдмантарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои ояндаи мо арзёбӣ мегардад.

23121