Skip to main content
Мақолаҳо

НАЦИОНАЛЬНОЕ ЕДИНСТВО И ГОСУДАРСТВЕННАЯ НЕЗАВИСИМОСТЬ - ВАЖНЕЙШИЕ УСЛОВИЯ УКРЕПЛЕНИЯ СТАТУСА ТАДЖИКИСТАНА В СОВРЕМЕННОМ МИРЕ`

На современном этапе Независимость, как высшее благо и драгоценнейшая ценностью для каждого государства и нации, является главным фактором развития и прогресса каждого государства, основой и возможностью присутствия на мировой арене как актора, необходимых действий по продвижению и защите своих национальных и государственных интересов.

Независимость таджикского государства, укрепляющая день за днем благодяря мудрой политике и неустанной деятельности Лидера нации-Основателя национального единства, Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона как внутри

Мақолаҳо

ВАҲДАТУ ҲАМБАСТАГӢ- ОМИЛИ ОСОИШТАГӢ ВА РУШД

Воқеан ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад. Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта диққати моро ба худ ҷалб месозанд. Гарчанде бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, дар бархе аз ин ҷумҳуриҳои иттиҳод истиқлолияти давлатӣ бе ҳеҷ гуна хунрезӣ ба даст омад, аммо дар Тоҷикистони мо масъала ранги дигар гирифт. Баъзе неруҳои беруна ва дохилӣ вазъи номусоиди иқтисодиву сиёсии кишвари моро баҳона карда, гурӯҳҳои мухолифинро ба шур оварданд.

Мақолаҳо

ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛ ДУ БОЛИ ЯК ИҚБОЛ

Ҳар гоҳе, ки авроқи таърихро варақ мезанем, сарнавишти миллати кӯҳанбунёдамон пеши назар меояд. Дар ҳар давру замон, дар ҳар ҳаводиси азим бо вуҷуде, ки илму фарҳангу тамаддунаш ӯро ҳифз кардааст, як қисмати сарзаминҳои ободи онрӯзаро аз даст дода, вале аз оянда ноумед нагашта, дар ҳар нуқоте, ки боқӣ монд, ҳуввияти миллиро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дошту ҳифз кард.
Мақолаҳо

АСОСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ-ҲУҚУҚИИ ФАРҲАНГИ СУЛҲ

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳое мебошад, ки ташаккули фарҳанги сулҳро ба ҳайси вазифа дар назди низоми ҳуқуқи миллии худ гузошт. Воқеияти муосири давлати мо моро водор намуд, ки ба масъалаҳои ташаккули фарҳанги сулҳ дар низоми умумии фарҳанги ҳуқуқӣ бо дар назардошти ҷанги шаҳрвандии сипаришуда (солҳои 1992-1997) таваҷҷуҳи хешро ҷалб намоем.
Мақолаҳо

МАСИРИ ВАҲДАТОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Навид

ТАҶРИБАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ВА АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОН

Бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ имрӯз (17.06.2025с.) таҳти чунин унвон бо ташаббуси шуъбаи сиёсатшиносӣ ва шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фаслафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Мақолаҳо

МАКТАБИ СУЛҲОФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки дар низоми давлатдории аксари мамлакатҳои ҷаҳон Президент нақши ҳалкунанда дорад. Тавре аз истилоҳи «президент» бармеояд, дар силсиламаротиби соҳибмансабони давлатӣ президент мансабдори олии интихобии кишвар маҳсуб меёбад. Интихоб гаштани Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Сарвари давлат дар оғози солҳои 90-ум санҷиши мардонагӣ, ҷасурӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстию нотарсӣ буд, ки ҳокимияти сиёсии фалаҷгаштаро барқарор, муносибатҳои бенизоми иҷтимоиро муътадил ва сулҳу амниятро пойдор карда тавонист.
Мақолаҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУҲИМТАРИН АРЗИШИ ПОЙДОРӢ ВА ПЕШРАФТИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН

Вожаи «ваҳдати миллӣ» яке аз муҳимтарин қисми таркибӣ ва тавонбахши тафаккури миллӣ ва марказии консепсияҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Идеяи «ваҳдати миллӣ» дар масъалаи ташхиси самти асосии инкишофи давлатдории навини кишвар ҳамчун роҳнамо хизмат мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд, ки «Ҳама гуна ҷомеа ба ҳадафу қутбнамое ниёз дорад, ки роҳи рушди устувори худро мутобиқи он муайян созад.

3123123