Skip to main content
Мақолаҳо

СУЛҲИ УСТУВОР ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМИНАИ ТАҲДИДҲОИ ГЕОПОЛИТИКИИ МУОСИР

«Ваҳдати миллӣ неъмати бузургест, ки бо талошу ҷоннисории фарзандони содиқи миллат ба даст омадааст. Мо бояд ин арзишро ҳамчун гавҳари нодир ҳифз кунем, зеро ояндаи дурахшони давлатамон маҳз аз ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ вобаста аст.»

Эмомалӣ Раҳмон, Паём ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ, 27 июни 2024

Мақолаҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – РАМЗИ МУВАФАҚИЯТ

Имрузҳо дар гушаву канори сайёра нооромиҳои динию мазҳабӣ ва геополитикии гуногун ба назар мерасад. Новобаста аз сабабҳои хоси худ, онҳо хусусиятҳои умумиро доро мебошанд. Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ назар афканем, гуфта метавонем, ки сабаби бадбахтии инсон ва умуман башарият дар нофаҳмӣ ва дуруст дарк накардани роҳи ҳақиқат аст. Дар вазъияти баамаломада, ягона роҳи халосӣ аз бадбахтӣ, ки худ буҳрони маънавии умумибашарист, андешаи мутаҳидкунандаро пазируфтан ҳатмист.
Мақолаҳо

ҶАНБАҲОИ ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАЪМИНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ваҳдати миллӣ — ин ҳамдилии тамоми табақаҳо, гуруҳҳо ва миллатҳои сокини як давлат дар заминаи якпорчагии ҳудудӣ, сулҳу субот ва пешрафти ҷомеа мебошад.

Ин мафҳум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997, мақоми бисёр муҳиму рамзӣ гирифт ва ба як шохаи муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт.

Калимаи "ваҳдат" — аз забони арабӣ буда, маънояш иттиҳод, ягонагӣ, ҳамдилӣ мебошад.

Мақолаҳо

АЗ “ТИРГОН” ТО “ОБРЕЗГОН” ВА “ОБПОШОН”

Бояд тазаккур дод нахуст, ки ҷашни Тиргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз муҳимтарин ҷашнҳои ориёитаборон маҳсуб меёфтааст. Чанд соли охир Ҷашни Тиргон низ дар феҳристи ҷашнҳои миллӣ сабти ном гардида, ҳама сола онро таҷлил мекунанд.

Дар хусуси пайдоиши ҷашни Тиргон ду ривоят дар кутуби муаррихину донишварон сабт гаридидааст.

Мақолаҳо

ТИРГОН – ҶАШНВОРАИ АҶДОДИИ ТОҶИКОН АНДАР СИТОИШ ВА ФАРҲНГИ ИСТИФОДАИ ОБ

Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ҷашнҳои куҳани аҷодии тоҷикон буда, вобаста ба мавсимҳои сол паси ҳам омада, бо ҳам робитаи диалектикӣ доранд. Бинобар ин, тоҷикон онҳоро ҷашнҳои мавсимии аҷдодӣ унвон дода, вобаста ба расму суннатҳояшон дар сатҳи давлатӣ таҷлил мекунанд.
Мақолаҳо

МАҚОМИ ХОНАВОДА ДАР УСТУВОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Оилаи солим дар ваҳдатгароии ҷомеа мақоми арзишноке дорад ва танҳо ӯ метавонад пешрафт ва раванди зиндагиро дар ҳадди муътадил нигаҳ дорад. Аввал ин ки оилаи солим дар хонавода фазои солиму латиф осудагиву озодагӣ, меҳру муҳаббат, нармию гармиро фароҳам месозад; дуюм ин ки оилаи солим насли солим, фарзанди солеҳу бо одобу ахлоқи ҳамида ба дунё меорад; сеюм ин ки оилаи солим поя ва ососи ҷомеаро ташкил намуда, дар ташаккулу суботи ваҳдатгароии ҷомеа кумак мекунад.

Мақолаҳо

Национальное единство — прочный фундамент современного Таджикистана

1231241227 июня в Таджикистане ежегодно отмечается День национального единства — праздник, имеющий не только историко-политическое значение, но и глубокий символический и культурно-ценностный смысл.

Мақолаҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ВОСИТАИ ТАҲКИМБАХШИ ҲАЁТИ ҶАМЪИЯТӢ

Моҳияти вожаи “ваҳдат”, ба маънои пойдорӣ ва таҳкими ҷомеа далолат мекунад. Пас ҳамчун истилоҳ, мафҳуми «ваҳдати миллӣ» ҷомеаи имрӯзаи мо аз он иборат аст, ки он танҳо ба намояндагони як миллат ё тоҷиконе, ки дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд тааллуқ надошта, балки ваҳдат ва ҳамгироии кулли мардуми кишвар дар назар аст, яъне он ба тоҷикистониён тааллуқ дорад. Пас, ваҳдати миллӣ, ин ваҳдати тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, дар таркиби ибораи «ваҳдати миллӣ», калимаи «миллӣ» аз нигоҳи сиёсӣ «шаҳрвандӣ»-ро мефаҳмонад, ки тааллуқ доштан ба кишвари хос аст.

Мақолаҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ ҲАМБАСТАГӢ ВА РУШДИ КИШВАР

Ваҳдати миллӣ бузургтарин ва нодиртарин падидаи иҷтимоӣ буда, пас аз Истиқлолияти давлатӣ насиби мардуми Тоҷикистон гардид. Заминаи Ваҳдати миллӣ ҳанўз аз Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 - ноябри соли 1992), баргузор гашт, ки минбаъд ин ҷаласа тақдири ояндаи давлату миллати соҳибистиқлоли тоҷикро муайян сохт. Ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд.

3123123