РОҲҲОИ ТАШАККУЛИ ҶАҲОНБИНИИ ИЛМИЮ ФАЛСАФӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ РАДИКАЛИЗМИ ДИНИИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОНИ МУОСИР
Дар кори таҳқиқотии мазкур кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки роҳу усул ва воситаи асосии ташаккули ҷаҳонбинии илмию фалсафӣ мавриди баррасӣ қарор гирад.
Таъкид карда мешавад, ки дар байни тафаккури назариявӣ ва шаклҳои дигари ҷаҳонбинӣ аз ҷиҳати методологӣ ва методӣ бояд фарқ гузаронида шавад, яъне тафовути байни тафаккури методологию методӣ муайян гардад. Асоси ҷаҳонбинии илмиро тасвири илмии олам ва асоси тасвири илмии оламро ақлонияти илмӣ ташкил медиҳад. Ақлонияти илмӣ таърихан ташаккул ёфтааст. Дар кори таҳқиқот нишон дода мешавад, ки ақлоният (ё ақлонӣ будан) чи хел дар қаринаи таърихи фалсафа ва илм ташаккул ёфтааст. Ба ақидаи муаллифи таҳқиқот мазмуни мафҳуми “ақлоният”-е, ки дар адабиётҳои муосир дучор мешавад, бидуни дарки таърихи он фаҳмидан душвор аст, лекин барои донистани таърихи ақлоният зарур аст, ки таърихи фалсафа ва илм омӯхта шаванд, барои он ки маҳз дар фалсафа забони тафаккури назариявӣ (ва худи тафаккур) ташаккул ёфтааст. Мо бояд байни ақлонияти илмӣ ва махсусиятҳои шуури динӣ, ки бо мистисизм ва догматизм, инчунин ақидаҳое, ки ба “мантиқи” махсуси транссенденталӣ, ки барои пайдоиши радикализми динӣ мусоидат менамояд, фарқ гузорем.
Бешубҳа, барои таъмини амнияти мамлакат ва собити вазъияти иҷтимоию сиёсии кишвари азизамон дар давраи тағйирёбию азнавсозии тамоми соҳаҳои муносибатҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, зарур аст, ки роҳу равиш ва васоити нав ошкор карда шавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки пас аз пош хурдани давлати абарқудрати Иттифоқи Шӯравӣ, дар давоми на кам аз 30-сол қариб ҳамаи сохторҳо бо таври куллӣ тағйир пазируфтаанд, ё ин ки тамоман аз байн рафтаанд. Тағйиротҳо, пеш аз ҳама дар низоми маориф ба назар мерасанд. Натиҷаи ин он буд, ки арзишҳои фарҳангии солҳои тулонӣ ташаккул ёфта, аз байн рафтанд ва ҷойи онро тасаввуроти ғайриилмӣ, яъне тасаввуроти динӣ ишғол намуд. Алҳақ ин дуруст аст, чунки вақте, ки инсон ягон чизашро гум мекунад ё ба ҳолати ногувор дучор мешавад, вай хоҳ нохоҳ ба ягон қувваи фавқуттабиӣ муроҷиат менамояд.
Бинобар ин, мо тасмим гирифтем кори таҳқиқотӣ ё худ мақолаеро пешкаши хонандагон намоем, ки дар он баъзе роҳҳо ва воситаҳои мубориза алайҳи радикализми диниро таъкид намоем. Албатта, ин такомули фарҳанги маънавии тоҷикистониёнро тақозо менамояд, ки яке аз омилҳои муҳимтарин барои ҷавоб ба амалҳои ситезаҷӯёна ва таҳдид дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ равона шудааст. Бешубҳа, меҳвари асосии фарҳанги маънавӣ – фарҳанги тафаккур аст.
Мафҳуми “фарҳанги тафаккур” бо мафҳумҳои “тафаккури илмӣ”, “тафаккури фалсафӣ”, “тафаккури эҷодӣ”, “тафаккури интиқодӣ”, “тафаккури мантиқӣ” ва ғайраҳо дар робитаи ногусаста мебошад. Асос, меҳвар ва ҷавҳари ҷаҳонбинии илмию фалсафиро низ тафаккури дуруст, яъне тафаккури мантиқӣ ташкил медиҳад. Бешубҳа, восита ва яке роҳҳои дурусти ташаккули тафакури мантиқӣ, ки асоси бунёдии ҷаҳонбинии илмию фалсафиро ташкил медиҳад, ин дониши мантиқӣ мебошад. Чунки дониши мантиқӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯ, ё худ ҷавонони кишварамон роҳҳои дурусти андешаю фикрониро аз бар карда, фикри дурустро аз нодуруст фарқ карда тавонад. Ҳангоми мулоҳизаю муҳокима ба хатоӣ ё иштибоҳ роҳ надиҳад. Агар ба шарте, ки хатоӣ ҷой дошта бошад, сари вақт ислоҳ намояд.
Мантиқ илмест ки, донистани қонуну қоидаҳои он дар раванди баҳсу мунозираҳо на фақат худро, балки ҳамсӯҳбат ва ҳарифро назорат менамояд. Табиист, ки чунин нишонаю сифатҳои тафаккури илмию эҷодӣ ва интиқодӣ, пеш аз ҳама барои донишҷӯёну ҷавонон, омӯзгорону сиёсатшиносон ва кулли зиёиёни пешқадами ҷумҳуриамон зарур мебошад. Донистани қоидаву қонунҳо ва шаклҳои дурусти тафаккур барои онҳо имконият фароҳам меоварад, ки нутқи касбии хешро возеҳу равшан, аниқу мунтазам, бо далелҳои мустамад мураттаб намоянд. Илова бар ин, ҳангоми лексияю сӯҳбатҳо бо шунавандагону донишҷуён, магистрантҳову унвонҷӯён дар раванди таълим, аз ҷумла ҳангоми азназаргузаронии корҳои хаттӣ, нақшаи корӣ ва ҳуҷҷатҳои хизматӣ барои бартараф намудани зиддиятҳову норавшаниҳо мусоидат менамояд. Албатта, барои ин, шахс бояд тафаккури мантиқӣ дошта бошад.
Қобили тазаккур аст, ки ташаккули тафаккури мантиқӣ ва илмиро бидуни дониши мантиқӣ, илмӣ, табиӣ ва риёзӣ тасаввур кардан мумкин нест. Барои ин, ҳар як нафаре, ки ба фаъолияти фикрӣ машғул аст, бояд аз қонуну қоидаҳои илми мантиқ, асосҳои табиатшиносӣ ва риёзиёт бархурдор бошад. Дар адабиётҳои илмӣ ва таълимии муосир тафаккур ҳамчун мавзӯи асосии омӯзиши фанни мантиқ ва фалсафа, инъикоси бавосита ва умумиятдодашудаи ашё дар шуури инсон баррасӣ шудааст, ки он воситаи муҳимтарини дониши илмӣ ба шумор меравад. Яке аз нишонаҳои муҳими тафаккури илмию мантиқӣ дар он зоҳир мешавад, ки вай дар заминаи инъикоси бевоситаи воқеият ташаккул меёбад. Инъикоси бевосита бошад, тавассути узвҳои ҳис, яъне мушоҳидаву озмоиш, муқоисаву ченкунӣ дар шакли эҳсосу идрок ва тасаввурот сурат мегирад. Нишонаи дигари тафаккури илмию мантиқӣ бошад, ин дар шакли мафҳумҳои илмӣ инъикос гардидани ашёву падидаҳои олами моро иҳотакунанда аст. Агар тавассути шаклҳои ҳиссии маърифат мо ашё ва хосиятҳои онҳоро бевосита дарк намоем, пас тафаккури таҷридӣ (абстрактӣ) имконият медиҳад, ки бидуни таҷриба ва маълумоти узвҳои ҳиссӣ аз як дониш дигар донишҳои барои мо номаълум ба даст дароварда шавад. Дар зинаи тафаккур, барои шинохти ашё лозим аст, ки ҳаргуна амсилаҳо ба монанди моделҳо, идеализатсияҳо, абстраксияҳо, фарзияҳо ва чанде ба онҳо монанд конструксияҳое сохта шаванд, то ки тавассути онҳо моҳияти ашё ошкор гардад.
Тафаккури илмию фалсафӣ имконият медиҳад, ки воқеият дар шаклҳои умумиятдодашуда дарк карда шавад. Яке аз шаклҳои муҳимтарини инъикоси умумиятдодашудаи воқеият - мафҳумҳо мебошанд. Мафҳумҳо - фикрҳоянд дар бораи нишонаҳои умумию муҳими ашё, инчунин робитаю муносибатҳои байни ашё мебошанд, ки тавассути онҳо ашё ҷудо карда мешавад. Агар мо барои гурӯҳи муайяни ашё силсилаи нишонаҳои умумию муҳим ва фарқкунандаро номбар карда тавонем, пас, метавон гуфт, ки нисбати гуруҳи мазкур мафҳум дорем. Масалан, маҷмӯи нишонаҳои зерин: амал ё ғайриамале, ки барои ҷомеа хатарнок дорои айб, сазовори ҷазо ва қонунан собит шудааст, мафҳуми «ҷиноят»-ро ташкил медиҳанд. Ё ин ки ташкилоти сиёсии аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳукмрон; муқобилияти гурӯҳҳои иҷтимоиро пахш карда тавонистан; муносибати гурӯҳҳои иҷтимоиро ба танзим даровардан ва тартиботи мавҷударо муҳофизат карда тавонистан, мафҳуми «давлат»-ро ташкил медиҳанд. Мисли ҳамин мафҳумҳои «ҷомеа», «қонун», «инсон», «шаҳрванд», «давлати шаҳрвандӣ», «радикализм», «фанатизм», «экстремизм» ва ғайраҳо ташаккул меёбанд.
Аз ин рӯ, олимони муҳаққиқ, омӯзгорон ва нафароне, ки ба корҳои таблиғотию тарғиботӣ машғуланд, бояд донишҳои дар шакли мафҳумҳо ҳосилшударо ҷамъбаст намуда, тавассути тафаккури илмию фалсафӣ, мантиқию эҷодӣ барои ошкор намудани моҳияти қонунҳои табиату ҷомеа ва раванди маърифат истифода баранд, то ки ба моҳияту мундариҷаи ин, ё он падида ва қонуниятҳои байни онҳо сарфаҳм раванд.
Аз гуфтаҳои боло чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст: тафаккури илмию фалсафӣ ва мантиқию эҷодӣ назар ба шаклҳои ҳиссии инъикоси воқеият баландтар буда, тавассути онҳо инсон робитаҳои муҳим ва муносибати ашёро фаъолонаю мақсаднок дарк намуда, эҷодкорона дорои фикру андешаҳои нав мегардад ва ба ҳамин васила падидаю зуҳурот ва амалиёти хешро пешгӯӣ менамояд. Албатта, чунин хусусиятҳои тафаккури илмию фалсафӣ ва мантиқию эҷодӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи маънавии ҷавонон барои пешгирӣ намудани онҳо аз амалиёти ифротгароию тундгароии динӣ ва ҳаргуна унсурҳои куҳнаи боқимонда нақши муайянро мебозад.
Вақте ки сухан дар бораи ҷаҳонбинии илмӣ меравад, лозим ба ёдоварист, ки ҷанбаҳои педагогии ташаккули он бояд мавриди баррасӣ қарор гирад. Азбаски муаллифи ин сатрҳо солҳои тӯлонӣ ба кори омӯзгорӣ машғул аст, бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки дар ин мақола ҷанбаҳои педагогии ташаккули ҷаҳонбинии илмиро дар раванди таълими фалсафа ва мантиқ барои хонандагон баён намоем. Асоси ҷаҳонбинии илмиро ақлонияти илмӣ ташкил медиҳад, ки он ҳам бошад, таърихан (яъне бо таври таърихӣ) ташаккул ёфтааст. Қобили тазаккур аст, ки ташаккули ақлонияти илмӣ дар таърихи фалсафа ва мантиқ ба вуҷуд омадааст. Дарки ақлонияти илмии муосир бидуни донистани пайдоиши он ғайриимкон мебошад. Бинобар ин, барои аз худ кардани методологияи нави илмии муосир зарур аст, ки таърихи фалсафа ва мантиқ омӯхта шавад. Ҷаҳонбинии илмӣ натиҷаи тафаккури назариявӣ аст. Инкишофи ҳардуи онҳоро боз дар таърихи фалсафа ва мантиқ бояд ҷустуҷӯ намуд. Ҷаҳонбинии илмӣ доимо ташаккул меёбад ва ин раванд низ зоҳиршавии таърихи афкори фалсафию мантиқиро нишон медиҳад. Фалсафа – таърихи фалсафа буда, вай ба таърих мувофиқ аст, яъне ҷаҳонбинии илмии ташаккулёбандаест, ки бо худи фалсафа якхела мебошад. Донишҷӯён, ё ҷавонон бояд бифаҳманд (омӯзгор бояд инро фаҳмонад), ки ҳангоми омӯхтани фалсафа онҳо гуё дар ташаккулёбии ҷаҳонбинии назариявӣ, дар дигаргуншавӣ ва азнавсозии низоми ақоиди илмӣ нисбат ба олам иштирок доранд.
Пайдоиши ақлонияти илмиро бояд дар робита бо осори Арасту мавриди баррасӣ қарор дод. Дар байни осори ӯ, махсусан асарҳои ба илми мантиқ бахшидашудааш, ки пас аз вафоти мутафаккири Юнони қадим, ҳамсафу шогирдонаш “Орғанун” номгузорӣ карда буданд, нақши бузург дошт. Истилоҳи “Орғанун” маънои восита, олатро дорост. Дар анҷоми китоби якуми “Топика” – и хеш Арасту дар бораи чаҳор васоити орғанунии сохтан, ё худ тартиб додани натиҷагириҳо сухан меронад. “Инак, ана чи гуна аст он воситаҳое, ки тавассути онҳо натиҷагириҳо сохта мешаванд” (1, с. 372). Дар боби охирини рисола файласуф чунин гуфтааст: «Воситаи муҳими дарккунӣ ва фаҳмиши фалсафӣ - ин ҳолати дар як вақт ҳам мулоҳиза ва ҳам назорат кардани онест, ки аз тахмини пешниҳодшуда ва аз инкори он» чӣ бармеояд [1, c. 529]. Бе ягон шубҳа дар ин ҷо Арасту зери истилоҳи «восита» - «органон»-ро дар назар дорад.
Ҳамин тариқ, мантиқ восита, олат (инструмент), тартиб додан, ё сохтани натиҷагириҳо мебошад. Илми мазкурро дар шакли томаш ҳамчун силсилаи натиҷагириҳо баррасӣ кардан мумкин мебошад. Аристотелчиёни юнонӣ асарҳои мантиқии муаллими хешро инструменталӣ (олатӣ) номида буданд. Ба «Орғанун» чунин асарҳо ба мисли «Мақулаҳо» («Категорияҳо»), Ибора ё худ «Дар бораи таъбир», «Аналитикаи аввал», «Аналитикаи дуюм», «Топика», «Суфастоӣ» («Дар бораи раддияҳои софистон») ва ғайраҳо. Худи Арасту мепиндошт, ки мантиқ, илм набуда, балки муқаддимаи (пропедевтикаи) таҳқиқоти илмӣ мебошад. Пас, илм бидуни мантиқ, ғайриимкон аст. Дар «Метафизика», ӯ таъкид кардааст, ки баъзеҳо ҳангоми мулоҳизаю муҳокимарониҳо ҷиҳати дарёфти ҳақиқат, нисбати фаҳмидани аксиомаҳо чунин рафтор менамоянд, ки гуё онҳо аналитика (мантиқ)-ро намедонанд, чунки ҳангоми баррасии натиҷагириҳо аз он аксиомаҳо бояд шахс қаблан бархурдор бошад, на ин ки онҳоро пайхас намуда, баъд барои омӯзиш пардозад.
Таҳқиқи мабодили натиҷагириҳо ин кори файласуф аст, яъне шахсе, ки ба чигуна будани табиати ҳаргуна аслу моҳият умуман сару кор дорад [2, с. 124-125]. Таъкид ба ёдоварист, ки зери мафҳуми аксиомаҳо нукоте дар назар дошта шудааст, ки онҳо дар «Аналитикаи дуюм» мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтаанд. Ниг. Китоби якум, боби якум. [Предварительное знание необходимое для изучение], [1.с.257-258], книга вторая, глава девятнадцатая [Познавание начал],[1.с.344-346]. Агар «Орғанун» дар тамоми низоми фалсафии Арасту нақши инструменталиро иҷро намояд (фанҳои назариявӣ-метафизика (фалсафаи ӯло, илоҳиёт, онтология, софия (ҳикмат), физика ва риёзиёт; амалӣ-ахлоқ ва сиёсат; шеърӣ, эҷодӣ-шеър (поэтика) ва хитоба), пас, аристотелизм ҳамчун падида дар таърихи фалсафа ва мантиқ барои тамоми фарҳанги ратсионалистии тафаккур, ки манбаи юнонӣ-римӣ дошт, мисли органони ба худ хос мебошад. Лекин ин ҷо инструментро чизи дуюминдараҷа фаҳмидан лозим нест. Олати фикр, методи тафаккур дар таърихи рӯҳ зотан муҳим ва автономӣ шуда метавонад. Оё фалсафа ва мантиқи Арасту барои схоластикаи асримиёнагии мағрибзамин ва фалсафаи машшоия ва каломи машриқзамин ҳамчун органон хизмат накардааст, оё вай барои ба вуҷуд омадани ҳамин хел шоҳасар ва ҷамъбасти илоҳиёти лотинӣ, ба мисли “Ҷамъи илоҳиёт”-и Фомаи Аквинӣ мусоидат накардааст? Балки барои афкори илмии муосир фалсафа ва мантиқи арастуӣ ҳамчун як чизи умда мемонад, барои он ки забони илм низ аксаран тавассути мақулаҳои (категорияҳои) арастуӣ, методология ва алгоритмҳои эҷодкардаи ӯ сурат мегирад.
Дар давраи пешазарастуӣ афкори илмӣ то ба дараҷае мантиқан ташаккул наёфта буд. Афлотун чи хеле набошад, файласуфи мистикӣ (зоҳид) буд. Лекин Арасту шогирди Афлотун мебошад. Байни онҳо давомияти анъанаҳо вуҷуд дошт. Давомияти байни мактабҳои фалсафӣ академия ва ликей падидаи муҳим ба шумор мерафт. Давомияти байни платонизм ва аристотелизмро навафлотуниён (неоплатоник)-ҳо моҳирона асоснок намуданд. Албатта, қаблан софистон ба мантиқи диалектикӣ (санъати суханронӣ, баҳс) машғул буданд. Барои Суқрот ва Афлотун мантиқ на он қадар илми том ба шумор мерафт, чунки Арасту аввалин шуда аз ҷиҳати методологӣ шакли фикрро аз мазмуни он ҷудо кард. Ба ақидаи Арасту дар байни шакли нутқ яъне шакли грамматикӣ ва мазмуни мушаххаси нутқ, забон бояд фарқ гузошт. Бо ҳамин васила ӯ барои методи формализатсия замина гузошт. Хулоса Арасту аввалин файласуфест, ки бо таври муфассал шаклҳои мантиқӣ ва қоидаҳои илми мантиқро мураттаб сохтааст. Ин чунин маъно дорад, ки мантиқ ҳамчун илм ташаккул ёфт. Барои чи мо ба мантиқ бо диққати ҷиддӣ аҳамият медиҳем? Барои он ки маҳз аз мантиқ, илмият, яъне ақлонияти илмӣ, ки асоси ҷаҳонбинии илмӣ аст, оғоз меёбад. Дар асарҳои Арасту мантиқ ҳамчун объекти баррасиҳои назариявӣ қарор гирифтааст, ки ин аллакай металогика (метамантиқ) мебошад. Барои илм ингуна метадараҷа, ки дараҷаи тасвири забони илм аст, ниҳоят муҳим мебошад. Ба вуҷуд омадани метадараҷа дар бораи худшиносии низом (система) шаҳодат медиҳад. Низом худашро тасвир карда, аз болои худ назорат менамояд. Муҳимтарин функсияи низом худтасвиркунӣ мешавад. Масалан, худшиносии низоми забонӣ аз пайдо шудани аввалин грамматика оғоз шуда, забон ва қоидаҳои онро тасвир менамояд.
Арасту принсипҳои муҳимтарин ва мабодии тафаккурро баён кардааст, ки бидуни онҳо на тафаккури илмӣ ва на маърифат ғайриимкон аст. Масалан, принсипи истиснои солис (principium exclusii tettim). «Ҳамчунин дар байни аъзоёни таноқуз ягон фосила буданаш мумкин нест, нисбати яке аз онҳо зарур аст, ки ягон чиз ё тасдиқ, ё инкор шавад. («Метафизика» китоби чаҳорум, боби ҳафтум) [2c.141]. «Бинобар ин фақат дар чунин ҳолатҳо, ки яке ба дигаре ҳамчун тасдиқ ва инкор муқобил аст, чунин нишона ҷой дорад, ки яке аз онҳо ҳамеша ҳақ ва дигараш дурӯғ мебошад» («Категории», боби даҳум (4 навъи муқобил)
[1, с.85].
Албатта, принсипҳои муҳимтарини тафаккури ратсионалиро пеш аз Арасту низ истифода мебурданд, лекин дар рисолаҳои ӯ онҳо таҷассуми ақлӣ (дискурсиявӣ) гирифта, ба объекти беихтиёронаи назариявӣ табдил ёфтаанд. Пас, саволҳои зерин пайдо мешаванд: то Арасту чи гуна буд? То даме, ки принсипҳои тафаккури дуруст таҷассуми худро дар матнҳои фалсафӣ ёфта будаанд, кадом ҳолат ҷой дошт? Калимаи «диалектика» аввалин бор аз ҷониби Суқрот истифода шудааст (агар ба Афлотун бовар кунем), санъати баҳс, диалогро ифода карда муҳокимаи ягон масъалаест, ки тавассути муқобилгузории андешаҳо барои дарёфти ҳақиқат муваффақ мешаванд. Афлотун низ, диалектика гуфта, диалогро ҳамчун амали мантиқии ба қисмҳо ҷудокунӣ ва аз нав пайвасткунии мафҳумҳо тавассути саволу ҷавоб, ки ба таърифи ҳақиқии мафҳумҳо равона шуда буд, мефаҳмид. Пас, мақсади диалог, диалектика таърифи мафҳум аст. Гуфтан мумкин, ки давраи софистҳову афлотунии таърихи фалсафа, ки давраи бевосита пеш аз Арасту ба шумор мерафт, ба коркард ва таърифоти мафҳумҳои асосии фалсафа иртибот дошт. Ин ҷо сухан дар бораи унсурҳои асосии забони фалсафӣ ва назариявӣ меравад, ки он минбаъд аз ҷиҳати мантиқию семантикӣ аз ҷониби Арасту коркард шуд. Қобили тазаккур аст, ки мафҳумҳо моҳиятан то давраи арастуӣ (қисман пас аз он) ҳамчун идеяҳо ё он чизи фавқултабиӣ таъбир мешуданд. Муроқиби идеяҳо ҳолати махсуси шуурро тақозо менамуд, то ки тоқатгудозӣ нисбати ҳаёти равонии маъмули таҷрибавӣ муайян карда шавад. Дар робита бо ин диалоги суқротиро ҳамчун вазъияти психодраматикӣ шарҳ додан мумкин аст, ки ба тағйир додани шуур бурда мерасонад. Ин чунин ҳолатест, ки идеяҳоро (эйдосҳо)-ро пайхас кардан мумкин аст.
Ба назарам чунин менамояд, ки тамоми фалсафаи пеш аз арастуӣ умуман барои инсони имрӯза нафаҳмост. Мо метавонем хонем диалогҳои Афлотун ва дигар файласуфони пешини юнонӣ, лекин мо фаҳмида наметавонем, ки идеяҳои афлотунӣ чӣ маъно дорад, онҳоро чигуна эҳсос кардан мумкин аст, чӣ тавр онҳо метавонанд берун аз ашё вуҷуд дошта бошанд, чӣ хел ашё метавонад аломат ё сояи идеяҳо бошанд. Мо метавонем ба онҳо ҳамчун як чизи аҷиб, аммо сайру хаёлоти амиқи зебоӣ мисли мутафаккирони қадим рафтор намоем. Лекин, мо ин нақшҳо ин муқоисаҳо ва рамзҳоро намефаҳмем, зеро мо наметавонем, бидонем, ки Афлотун чӣ тавр фикр карда буд. Дар ин ҷо танҳо як дониш кофӣ нест, тағйирёбии ҳастӣ, худогоҳӣ, аз донистани чизи маълум озод шудан зарур аст, ки барои фаҳмидани афкори афлотунӣ монеа мешавад. Метавон гуфт вуҷуд доштани мактабу равияҳо ва анъанаҳои муайян, ки ба давраи фалсафасозии томантиқӣ хос ба театрҳои юнонӣ, тамошои драммавии динӣ (манерияҳо) пифагоризм, софизм ва ғайраҳои алоқаманд вуҷуд доштаанд.
Аҳамияти органони арастуӣ маҳз аз он иборат аст, ки вай расму қоидаҳои ҳамченак будани идеяҳо ва тафаккури одии инсонро иҷро менамояд. Инсоне, ки мантиқан фикр карда метавонад, бояд матнҳои Арастуро бифаҳмад. Возеҳ аст, ки аввал бояд мантиқан фикр карданро ёд гирифтан лозим, лекин ин тағйир додани ҳолати психофизиологиро тақозо намекунад. Дар хотир бояд дошт, ки худи имконияти азхудкунии тафаккури мантиқӣ таърихан баробари рисолаҳои мантиқии Арасту ба вуҷуд омад. Дар натиҷа буд, фалсафа ба инсон фаҳмо гардид.
Диалектика барои Афлотун асоситарин методи илмӣ ба шумор мерафт. Арасту онро то ба дараҷаи фанни ёрирасон паст фуроварда, ба он аналитика – қиёсро муқобил гузошт. Маҳз аналитика ба дониши илмӣ, эпистема оварда мерасонад. «Орғанун»-и арастуӣ дар фалсафа ба «Конун» («Канон»)-и поликилетовӣ дар ҳайкалтарошӣ монанд буда, дар тафаккури назариявӣ мисли санъати ҳайкалтарошӣ ҷанбаҳои гуногуни онро аз нав барқарор менамояд.
Дар китоби дарсии «Фалсафаи афлотунӣ»-и Алкиной мехонем: «Мабодии аввали диалектикаро муайян кардани моҳияти ҳаргуна ашё, баъд муайян кардани хосиятҳои он донистан мумкин аст.
Диалектика муоина менамояд, ки ҳаргуна ашё чӣ аст, аз боло ба поён – тавассути ҷудокунӣ ва таъриф ва аз поён ба боло - тавассути таҳлил; хусусиятҳое, ки ба моҳияти ашё мутаалиқанд, вай (диалектика-С.Н.) тавассути аз ҷузъ ба кулл истиқроъ аз кулл ба ҷузъ –қиёс гузоштан муоина менамояд. Барои ҳамин ҳам ҷузъҳои диалектика ҷудокунӣ, таъриф, таҳлил ва инчунин истиқрову қиёсанд» (3,с.629).
Қобили тазаккур аст, ки дар ин ҷо мо ба шарҳи Афлотун кор дорем, ки ба методи арастуӣ асос ёфтааст, яъне ин аллакай – мантиқан возеҳу равшан кардани афкори Афлотун мебошад. Дар китобе, ки асри 2-и мелодӣ таълиф шудааст, чизҳое ҳастанд, ки онҳоро аз нигоҳи аристотелизм дарк кардан ғайриимкон мебошад. Диалектика ҳамчун метод ба ду мабодӣ тақсим мешавад: баррасии моҳият ва хосиятҳо. Баррасии моҳият ба се давра тақсим шудааст: ҷудокунӣ, таъриф ва таҳлил. Баррасии хосиятҳо истиқроъ ва қиёс. Барои дарки онҳо мушоҳидакоре лозим аст, ки нуқтаи назари транссендентӣ, дошта, дар ҳастии идеалӣ ҷойгир шуда бошад.
Афлотун дар «Софист» (аз забони Аҷнабӣ) фармудааст: «Ҳама чизро аз рӯи ҷинс фарқ кунонида тавонистан, навъи муайянро ба ҷои навъи дигар ва навъи дигарро ба ҷои навъи аввала қабул накардан магар мо гуфта наметавонем, ки ин (мавзӯи) диалектикӣ набошад» «4,с.324».
Дар натиҷаи фаъолияти фарқкунонии ақл панҷ мақулаҳои асосӣ ба вуҷуд меоянд - ҳастӣ, тафовут, айният, оромӣ ва ҳаракат. Аз тақсимоти догматикии мақулаҳои асосӣ сар карда, минбаъд Афлотун чанде ҷинсҳои омехтаи вуҷудро номбар кардааст. Дар «Парменид» Афлотун диалектикаи мураккабтарини таносуби фард ва кулл, фард ва ҳастӣ, том ва ҷузъро сохтааст. Онро баробари ин, диалектика дар ин маъно ҳамчун ягонагии мутаҳаррики мақулаҳои гуногун фаҳмида мешавад, ки онро тавассути забони органони арастуӣ тасвир кардан мумкин нест. Дар баробари ин, диалектика дар ин маъно ҳамчун ягонагии мутаҳаррики мақолаҳои гуногун фаҳмида мешавад, ки онро тавассути забони органони арастуӣ тасвир кардан мумкин нест. Афлотун аз (забони Парменид) чунин савол додааст: «Ин чи сухан, худи фарди вуҷудошта оё наметавонад, ҳамин тариқ, маҷмӯи беохир бошад».[4,с.370].
Тақсимшавӣ ва ягонагии диалектикии ҷинсҳои вуҷуд дар «Парменид» асоснок гардидааст (на мантиқан, балки транссенденталӣ асоснок шудааст). Фикри мазкур асоси мулоҳизакориҳои плотиниро нисбат ба вуҷуд ташкил медиҳад (дар бораи бо роҳи ратсионалӣ фарқнопазирии ягонагии (категорияҳои гуногун). «Бо ибораи дигар, агар мо оромӣ ва вуҷудро ба ягонагӣ бурда расонем, бо назардошти он, ки онҳо ҳеҷ ва ҳеҷ гоҳ аз якдигар фарқ надоранд, (пас) айнан ҳамин хел ҳаракатро низ ба вуҷуди ягона бирасонем, пас тавассути ҳадди миёна вуҷудро ҳаракат ва оромиро ба ҳам айният медонем, ҳамин тавр ки ҳаракат ва оромӣ барои мо як чиз мешавад» (5,с.126).
Диалектикаи мазкур шакли олии ифодаи худро дар рисолаи Плотин «Дар бораи зебогии бо ақл шинохташаванда» ёфтаааст: «Ҳаргуна Онҷо ҳама чизро дар худ дорад ва ҳамаро дар чизи дигар мебинад, барои ҳамин ҳам, ҳама дар ҳама ҷост ва ҳар як ва ҳамаи ашё ҳама аст … Офтоб он ҷо аст ҳамаи ситораҳо ва ҳар яки аз ситораҳо Офтоб аст ва ҳамаи боқимонда. Дигар-берун аз ҳар яки аз онҳо, лекин дар ҳар як зуҳуранд ҳама. « .» дар кайҳони бо ақл даркшаванда як ҷузъ аз ҷузъи дигар пайдо намешавад, чихел агар фақат ҷузъ мебуд, лекин ҳаргуна (ҷузъ-Н.С.) ҳамеша аз том пайдо мешавад ва яку якбора ҳам ҷузъ ва ҳам том аст. Вай фақат чун ҷузъ тасаввур мешавад, лекин барои нигоҳи зиракона вай дар худ томро дорад, барои ин гуна нигоҳ, ки мегуянд Линкей дошт, ӯ бо нигоҳи худ метавонист бинад, ки дар дохили замин чи ҳаст - ин асотир дар бораи чашми онҷоӣ ривоят менамояд» (6,с.217-218).
Мантиқе, ки дар инҷо ҳамчун як қоидаи ҳақиқӣ қабул шудааст, метавон мантиқи трансфинитӣ, транссенденталӣ, мистикӣ (ё ҳатто диалектикӣ)–и ашёи бо ақл шинохташавандаи ҳастии ноуменалӣ номид. Дар ин ҷо принсипҳои арастуии тафаккур масалан, қонуни истиснои солис амал намекунад (гарчанде бо таври принсипиалӣ инкор низ карда нашудааст).
Умуман, қонунҳои асосии мантиқро ҳамчун принсипҳои тафаккури назариявӣ баррасӣ намудан мумкин аст. Конуни айният (А - А аст), қонуни зиддият (А - В аст ва А - В нест дар як вақт ҳақ буда намтавонанд), қонуни истиснои солис (А - В аст ё А - В нест ҳолати сеюм вуҷуд надорад) ва қонуни асоси кофӣ (ҳаргуна тезиси илмӣ бояд асоснок бошад). Қонунҳои мазкур асоси ақлонияти илмиро ташкил медиҳанд. Се қонунҳои аввал аз осори Арасту бармеоянд. Чаҳорумашро дар асри 18 Лейбнис баён кардааст. Ба андешаи ман, ҳамаи принсипҳои мазкур бояд бо диққат дар мактабҳову донишгоҳҳо дар партави фанҳои омӯхташаванда мавриди омӯзишу коркарди матнҳо қарор гирад. Дар ин бобат ниг. (7), (8) ва (9). Дар тафаккури мистикӣ (тасаввуфӣ), (ё худ мулоҳизавӣ), қонунҳои мазкур амал намекунанд. Лозим ба ёдоварист, ки миститсизм дар тамоми таърихи фалсафа асари худро гузоштааст. Ин нисбат ба ратсионализм, тафаккури назариявӣ шакли дигари инъикос ва худинъикос мебошад. Дар як маъно ин пеш аз мантиқӣ ё худ ғайримантиқӣ буда, ба шуури асотирӣ хос аст. Файласуфи мистик П.Д.Успенский барои ба миститсизм таъбири ратсионалӣ додан, кӯшиш ба харҷ дода, аксиомаҳои зерини диди берун аз мантиқи воқеиятро номбар кардааст:
«А ҳам А ва ҳам ғайри А аст.
ё
Ҳаргуна ашё ҳам А ва ҳам ғайри А.
ё
Ҳаргуна ашё ҳама чиз мебошад» (9, с.184).
Чунин мантиқро (фақат шартан мантиқ номидан мумкин) мо дар пифагоризм, элейҳо, таълимоти Афлотун, дар навафлотуния, дар ҳайати геометрия ва ареспагетии Николай Кузанӣ, навафлотунияи флорентӣ, Ҷордано Бруно, Якоб Бем, Эмануэли Сведенберг, адабиёти симиёгӣ ва теософии давраи Нав дучор мешавем. Лекин набояд фаромуш кард, ки нахустин андешаҳо, мафҳумҳо маҳз дар матнҳои мистикии Афлотун пухта расидааст, бинобар ин, барои таърихи пайдоиши мафҳумҳо миститсизм аз аҳамият холӣ нест. Инчунин, ҳамаи намояндагони мактаби тасаввуфии асримиёнагии тоҷик низ миститсизмро инкишоф дода, бо ҳамин васила барои пайдоиши андешаҳо ва мафҳумҳо саҳм гузоштанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ташаккул ва инкишофи мафҳумҳои фалсафию мантиқӣ ва илмӣ саҳми олимон ва мутафаккирони асримиёнагӣ, ба мисли Абунасри Форобӣ, Абӯали ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Насируддини Тусӣ ва дигарон бебаҳост. Маҳз ба туфайли асарҳои бузургҳаҷми онҳо идеяи ақлонияти илмӣ рушд ёфтааст. Бе ягон шубҳа метавон гуфт, ки дар пайдоиш, ташаккул ва густариши тафаккури илмию эҷодӣ, интиқодию мантиқӣ, умуман ҷаҳонбинии илмию фалсафӣ саҳми мутафаккирони асримиёнагии тоҷик хеле назаррас аст. Албатта, чунин сифатҳои тафаккур ва ақлонияти илмиро онҳо пеш аз ҳама, дар натиҷаи амиқ ва ҳаматарафа омӯхтани мероси ғании Арасту касб карданд.
Миститсизми илоҳиётшиносон ва файласуфони асримиёнагии Ғарбро чунин асоснок кардан мумкин аст: яке аз муҳимтарин ва амиқтарин асрори масеҳият ин якҷоянашавӣ ва тағйирнопазирӣ, ҷудонашавӣ ва бемуфориқатӣ, бо ҳам якҷояшавии Худо – Исои Масеҳ ва Инсоният мебошад. Дар ин ҷо мувофиқати байни илоҳию инсонӣ, ки аз замони Мавлуди Исо нақши тақдирсозро иҷро карда буд, воқеӣ гардидааст.
Дар робита бо махсусиятҳои маълумоти динӣ дар замони муосир (чи дар муассисаҳои таълимоти дунявӣ ва чи дар муассисаҳои динӣ) бояд ҳамаи гуфтаҳои болоиро дар хотир нигоҳ дошт. Барои ин лозим аст, ки мо бояд ду чизро моҳиятан аз якдигар фарқ намоем: яке ҷаҳонбинии ақлонӣ (ратсионалӣ), илмӣ ва дигаре муносибати рӯҳонии мистикӣ нисбат ба ҳастӣ. Ҳар дуи ин мавқеи эҳтиром ва Парвариданро тақозо менамоянд. Лекин зарур аст, байни онҳо тафовут бошад. Дар акси ҳол, забону методҳо бо ҳам омехта шуда, мавзӯоти илоҳиётӣ тавассути забони тафаккури назариявӣ ва баръакс, мавзӯоти илмию назариявӣ тавассути забон ва методҳои динӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ сурат мегирад. Ин маънои онро дорад, ки роҳҳои синтез набошад, лекин мо чорае надорем, ки (аз ҷумла ҳангоми таълим), аз ҷиҳати методологӣ мувофиқат ва аз якдигар ҷудо кардани онро оғоз нанамоем. Бинобар ин, омӯзиши таърихи фалсафа ва мантиқ барои муайян кардани маҳруки (траектариявӣ) ташаккули ақлонияти илмӣ, инчунин дигар шаклҳои алтернативии ҷаҳонбинӣ ҳамчун заминаи бобаракат ҳидоят менамояд.
Мусаллам аст, ки шакли махсус ва меҳвари ҷаҳонбиниро фалсафа ташкил медиҳад. Зеро фалсафа барои инсон ва ҷомеа ҷаҳонбиниро медиҳад, ҷаҳонбинӣ бошад, ҳамчун низоми ақоиду эътиқоди фалсафӣ, илмӣ, иҷтимоию сиёсӣ, ахлоқӣ ва эстетикии инсон самти фаъолияти ӯро муайян карда, дар шуури он тасвири умумии оламро инъикос менамояд. Ҷаҳонбинӣ, инчунин барои дарки робитаҳои мутақобила ва мавқеи зуҳуроти алоҳида дар олам, эътиқод ва ормонҳои одамон, фаҳмидан ва баҳодиҳии мавқеи худ дар олам, маънои фаъолияти худ ва қисмати инсоният ниҳоят зарур аст. Одатан хелҳои зерини ҷаҳонбиниро фарқ мекунанд: фалсафӣ, илмӣ, оддӣ (муқаррарӣ), динӣ ва асотирӣ.
Аз навъҳои мазкури ҷаҳонбинӣ барои мо ҷаҳонбинии илмӣ ва нақши илмҳои табиатшиносӣ дар ташаккули он ҷолиби диққат мебошад. Сохтори ҷаҳонбинии илмиро низоми донишҳои умумиятдодашудаи назариявӣ дар бораи олам ва мавқеи инсон дар он, ақидаву ақоиди инсон ташкил медиҳанд. Ақоиду эътиқодҳо – ин тасаввуроти боэътимод ва таассуроти муассири инсон дар бораи олам мебошанд.
Ҳар як илм, аз шаклҳои дигари шуури ҷамъиятӣ ягон ҷузъ ё тарафи воқеиятро аз худ карда, дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ саҳми худро мегузорад. Лекин ҳамаи онҳоро дар як ҷаҳонбинӣ, фалсафа ҷамъбаст намуда, ба ҳамин васила аз доираи илми муқаррарӣ баромада, ба шакли махсуси шуури ҷамъиятӣ табдил меёбад.
Дар низоми улум фалсафа шакли илмии дониши назариявӣ буда, сатҳи проблемаҳое, ки хусусияти ҷаҳонбиниро доранд, ниҳоят баланд аст. Бинобар ин, на ҳамагуна шуур то ба он зина баромада метавонад. Аз ҳамин сабаб, таърих гувоҳӣ медиҳад, ки дар бисёр ҳолатҳо беэътиноӣ нисбат ба фалсафа ҳангоми маърифати илмӣ олимону муҳаққиқонро ба мушкилиҳо дучор кардааст. Иддае табиатшиносон чунин тахайюлот доранд: агар онҳо нисбати фалсафа беэътиноӣ кунанд, ё ки худро носазо гиранд, гуё аз вай халос мешаванд. Лекин дар воқеият ин тавр не. Барои он, ки онҳо бидуни тафаккур ягон қадам пеш рафта наметавонанд. Зеро барои тафаккур мақулаҳои (категорияҳои) мантиқӣ зарур аст ва онҳо ин мақулаҳоро ғайританқидона, ё аз шуури муқаррарии одамон ба номаш маълумотнок, ё миқдори ночизи курси фалсафаи донишгоҳҳо, ё аз мутоилаи ғайританқидӣ ва бенизоми асарҳои фалсафӣ иқтибос менамоянд. Дар натиҷа, онҳо бо вуҷуди он тобеи фалсафа мегарданд, лекин фалсафаи ношоиставу соддалавҳона.
Ҷаҳонбиниро ба таври механикӣ касб кардан, бо зӯрӣ талқин кардан мумкин нест, барои он ки вайро худи шахс дар раванди омӯзиши тамоми маҷмааи фанҳои таълимӣ, махсусан фалсафӣ пайдо менамояд. Донишҷӯи мактаби олӣ баробари гирифтани дониши нав, онро ба талабот ва манфиати худ нисбат дода, мулоҳизакорона баҳодиҳӣ карда, аз сар мегузаронад. Донишҳое, ки мубрамияти ҳаётӣ, аҳамияти шахсӣ доранд, аз ҷониби донишҷӯ ботинан қабул шуда, хусусияти эътиқодиро пайдо мекунанд, танҳо дар ҳамин ҳолат онҳо метавонанд дар фаъолияти минбаъдаи ҷавонон рафтору кирдорашонро муайян намоянд.
Донишҳо дар ҳамин вақт эътиқод шуда метавонанд, агар онҳоро на фақат ба шуури донишҷӯ ҷойгир намоем, балки аз тарафи донишҷӯ ҳамчун донишҳои ҳақиқӣ, аҳамияти амалӣ дошта, дарк карда шаванд. Яъне вақте, ки онҳо донишҳоро аз бар мекунанд ва ба нуқтаи назари хеш ворид мекунанд, сипас танзимгари кирдори рафтори онҳо мешавад. Бе дарёфти муассир донишҳои хусусияти ҷаҳонбинидошта асоси дунёи маънавии донишҷӯ шуда наметавонанд.
Ташаккули ҷаҳонбинии донишҷӯ дар раванди таълиму тарбия тавассути ягонагии донишомӯзӣ ва фаъолияти амалӣ тавсиф карда мешавад. Аз мантиқан андешидани тасвири олам ба ҷаҳонбинӣ дониши арзишнок дохил мешавад, ки истифодабарии он ҳақиқатан зарур мебошад. Ин ҳам бошад, самти амалии ҷаҳонбинии донишҷӯро муайян менамояд, зеро ҳар як инсон дар низоми иҷтимоӣ мавқеи муайянро ишғол мекунад.
Раванди ташаккули ҷаҳонбинӣ, ки дар рафти омӯзиши фалсафа ҳамчун илм амалӣ мегардад, аз як тараф, аз хусусиятҳои амалиёти равонии фард, аз тарафи дигар, аз таъсири хислати хоси омӯзгор ба шахсият вобаста мебошад. Дар ҷаҳонбинӣ вобастагии иҷтимоии шахс аз муносибатҳои ҷамъиятӣ инъикос мешавад, ки маҳз дар он аҳамияти фалсафа барои ташаккули олами маънавиёт назаррас аст.
Вазифаи фалсафа ҳаллу фасли проблемаҳои хусусияти ҷаҳонбинӣ дошта буда, махсусияти онро ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ муайян кардааст. Агар дар илмҳои дигар субъект ва хусусиятҳои он аз объект интисоҳ карда шавад, фалсафа ба сифати мавзуи омӯзиши худ, барои ошкор намудани қонуниятҳои инкишофи табиат, ҷамъият ва раванди маърифати олам, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки муносибати назариявию амалии субъектро нисбат ба объект муайян намояд. Фалсафа тарзи муайяни диди олам ва методологияи дарки онро бунёд сохта, ба ҳамин васила ба меҳвари ҷаҳонбинии илмӣ табдил меёбад. Фалсафа баробари шарҳи моҳияти инсон ва маънои ҳаёти ӯ, рушди ҷомеаро муайян карда, эътиқоду ормонҳоро ташаккул медиҳад ва билохира барои донишҷӯ боиси ба вуҷуд омадани рафтору кирдори фаъолона барои ҳаёт мешавад. Инчунин, эътиқоди ӯро нисбати меъёрҳои ҳуқуқӣ мустаҳкам менамояд. Нақши муайянкунандаи фалсафа дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ инъикоси худро дар мавзӯаш пайдо мекунад. Новобаста аз он ки кадом зуҳурот ё ҷанбаҳои воқеият дарк карда мешавад, худи мавзуи фалсафа ҳамеша дорои фазои васеи иҷтимоию фарҳангӣ буда, масъалаҳои ҷаҳонбинӣ, мантиқӣ-маърифатӣ ва умумии сотсиологиро якҷоя баррасӣ менамояд.
Қобили тазаккур аст, ки ҳангоми дар бораи функсияи ҷаҳонбинии фалсафа сухан кардан, лозим ба ёдоварист, ки худи ҷаҳонбинии илмиро ҳеҷ гоҳ ҳамчун ягон низоми томи донишҳо, “рӯйхати ақидаҳо” ё тасвири табиӣ-илмии умумиятдодашудаи олам тасаввур кардан мумкин нест. Ҷаҳонбинӣ ҳамеша бо зарурият тақозо менамояд, ки ин ё он субъекти иҷтимоӣ дар низоми баҳодиҳии ашёи муайян, зуҳурот ва равандҳои гуногун фаъолона иштирок намояд.
Маҷмӯи донишҳои фалсафӣ дар таркиби ҷаҳонбинии донишҷӯ мавқеи муҳимро ишғол намуда, боиси дар шуури он ба вуҷуд омадани тасвири муайяни олам мегардад. Мазмуни дониши инсонро воқеияти объективӣ муайян менамояд. Раванди ба даст даровардани донишҳо ҳамеша хусусияти иҷтимоиро дорад: маълумоте, ки аҳамияти амалиро дорад, ба дониш табдил меёбад, гуё ки донишҳо ба ҷаҳонбинии пешакӣ ташаккулёфта илова мешаванд.
Пас аз он ки роҳҳои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ-фалсафӣ ва умуман ҷаҳонбинии илмӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифт, акнун метавонем, ки дар бораи нақши он барои бартараф кардани афкори радикализми динӣ дар байни ҷавонон сухан ронем. Истилоҳи “радикализм” аз калимаи лотинии radicalis гирифта шуда, маънояш (чорабиниҳои қатъӣ, решагӣ, муносибати худро ба чизе, қатъиян дигар кардан) мебошад. Радикализми диниро ду хел маънидод кардан мумкин аст: якум, ҳамчун гуруҳи одамоне, ки тарафдори чорабиниҳои қатъӣ решагӣ; дуюм ҳамчун ҳаракати иҷтимоӣ-сиёсие, ки барои бо таври қатъӣ, дигаргунсозии ниҳодҳои иҷтимоии мавҷуда равона шудааст.
Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки радикализми динӣ дар ҳар ду ҳолат як мақсадро пеша кардааст, яъне сарнагун кардани ҳокимияти конститутсионии мамлакат ва ба ҷои давлати дунявӣ барқарор кардани давлати динӣ мебошад. Ҷонибдорони радикализми динӣ як чизро намефаҳманд ва фаҳмидан ҳам намехоҳанд: оё ҳокимият ё давлати динӣ, аз ҷумла тартиботи исломӣ барои ҳаёти ҳаррӯзаи мардум ягон беҳбудӣ ё имтиёзро таъмин мекарда бошад? Ҷавоб: не. Пас, лозим аст, ки давраи асримиёнагии кишварҳои исломии Шарқ ё масеҳии Ғарбро ба хотир орем. Ҳар як шахси соҳибмаълумот, ки дорои ҷаҳонбинии илмӣ мебошад, хеле хуб мефаҳмад, ки ҳолу аҳвол ва зисту зиндагии мардум чӣ гуна буд. Ё ин ки солҳои 90-умини охири асри ХХ - давраи аввали истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як муддати муайян “муллою муллобачаҳо” ба сари ҳокимият омаданд. Онҳо мехостанд, ки давлати исломӣ бунёд кунанд. Бе ягон шубҳа, шахсе, ки маълумоти олиаш кофӣ ва дорои ҷаҳонбинии қавии илмӣ ҳаст, ҳеҷ гоҳ ингуна ҳокимиятро ҷонибдорӣ намекард.
Бинобар ин, барои ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷавонон сараввал дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва баъд дар коллеҷу мактабҳои олии мамлакат бояд сифати таълимро баланд бардорем. Мо ҳар сол садҳо омӯзгоронро тайёр мекунем, лекин онҳо бо сабабҳои номаълум ба мактаб нарафта, ҳамчун муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷ мераванд. Дар мактабҳо бошад, омӯзгор аз рӯи ихтисос намерасад.
То даме, ки чунин фанҳои табиатшиносӣ, ба мисли физика, кимиё, нуҷум (астрономия) ва фанни дақиқ - риёзиёт амиқтар омӯхта нашавад, хонандагон дорои ҷаҳонбинии илмӣ ва тасвири илмии олам намегарданд. Дар натиҷа, онҳо ба суханҳои омӯзгор бовар накарда, аз паи гуфтаҳои “муллою муллобачаҳо” мешаванд. Минбаъд онҳо фирефтаи ҳар гуна идеяҳои ғайриилмӣ шуда, ҳаракатҳои номатлуби иҷтимоиро дастгирӣ менамоянд.
Ҳамин гуна вазъиятро дар мактабҳои олӣ ва коллеҷҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, омӯзгороне ҳастанд, ки барои зиёд кардани соатҳои сарбориашон аз фанҳое дарс мегӯянд, ки асосҳои фанни мазкурро худашон хуб намедонанд. Пас, онҳо дар тафаккури донишҷӯён чӣ хел ҷаҳонбинии илмиро ташаккул дода метавонанд? Шояд онҳо аз санҷиши комиссияи аттестатсионӣ гузашта бошанд. Лекин амалия нишон медиҳад, ки комиссияи аттестатсионӣ ҳамин гуна омӯзгоронро аз рӯи фанне, ки онҳо дарс мегӯянд, имтиҳон намекунад. Донишҷӯёне ҳастанд, ки дар дарсҳо иштирок намекунанд ва ҳатто муаллимонашонро намедонанд, лекин вақти имтиҳон омада, бо роҳҳои гуногун баҳояшонро мегиранд. Акнун бубинед, мо аз онҳо кадом ҷаҳонбинии илмиро интизорем? Албатта, онҳо барои худ ҷаҳонбинии диниро пеша менамоянд. Таъкид ва боз таъкид менамоям, ки шахси дорои ҷаҳонбинии илмӣ-фалсафӣ ва аз тасвири илмии олам бархурдор, ҳеҷ гоҳ на радикализми динӣ, на фанатизми динӣ ва на экстремизми диниро тарафдорӣ намекунад.
Барои пешгирӣ намудани пайдоиш ва паҳншавии радикализми динӣ мо бояд ба моҳият, сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии он дар байни ҷавонон сарфаҳм равем. Ин тақозо менамояд, ки мазмуни чанде аз мафҳумҳо ба мафҳумҳои “радикализм” наздик, ошкор ва мушаххас карда шавад. Ин ҳам бошад, мафҳумҳои зерин мебошанд: “радикал” (тарафдори чорабиниҳои қатъӣ), “реформатор” (ислоҳотчӣ), “револютсионер” (инқилобчӣ), “экстремист” (моҷароҷӯй), “террорист” (террорист ё даҳшатандоз). Чӣ хеле ки мебинем, мафҳумҳои мазкур гарчанде аз рӯи мазмун ба мафҳуми “радикализм” наздик бошанд ҳам, лекин нисбат ба зӯроварӣ, фаъолияти сиёсӣ ва дараҷаи таъсирашон ба ҷомеа аз якдигар фарқ менамоянд. Радикализм дар маънои васеаш - ин кӯшиши фард ё гурӯҳи иҷтимоӣ барои ба амал баровардани тағйиротҳои куллӣ ва ба мақсадҳои идеологӣ ва ҷамъиятӣ ноил шуданро дорад.
Экстремизм бошад, равияи оштинопазири радикалиест, ки мақсади идеологиаш ба вайрон кардани сохти мавҷуда иртибот дорад ва дорои решаҳои иҷтимоӣ, этникӣ, фарҳангӣ ва динӣ мебошад. Ба андешаи муаллифи ин мақола радикализми динӣ хусусияти ғоявиро дорост, экстремизми динӣ бештар хусусияти амалиро дорад.
Гуфтаҳои боло моро водор менамояд, ки моҳияти радикализми диниро ҳамчун як падида ё зуҳуроти иртиҷоӣ дар байни ҷавонон ошкор намоем. Ин зуҳурот, пеш аз ҳама аз хусусиятҳои иҷтимоию равонӣ дар рушд ва иҷтимоишавии ҷавонон, инчунин аз равандҳои шакливазкунӣ дар иқтисодиёт, сиёсат, иҷтимоиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ–фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистони муосир вобаста аст. Илова бар ин, хусусиятҳои шуури ҷавонон ва аз нав зинда кардани анъанаҳои кӯҳна дар воқеияти имрӯза таъсир нарасонида наметавонад.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки паҳншавии ғояҳои радикализм ва фанатизми динӣ дар байни ҷавонон барои тамаддуни ҷаҳонӣ хатарнок ва ситезаҷӯёна мебошад, чунки оқибати он – терроризм ва моҷароҷуӣ барои тамоми инсоният ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст. Дар даҳсолаҳои охир ғояҳои радикализм ва фанатизмӣ динӣ, дар қатори дигар ғояҳои ифротгароӣ дар ҷумҳуриамон низ, босуръат паҳн шудааст, адади маҳкумшудагон барои фаъолияти ифротгароёна ё худ идеологияи радикализми динӣ дучанд афзудааст.
Раванди мазкур, аз як тараф, аз тамоюлоти ҷаҳонишавӣ, ошкор будани муошират, дастрас будани иттилоот ва афзудани сомонаҳои иттилоотӣ, инчунин дигар равандҳои руйдиҳанда дар ҷомеаи муосир вобаста аст. Аз тарафи дигар, гарчанде ҳар гуна идеяҳои радикалии исломӣ аз ҷониби омма дастгирӣ нашавад ҳам, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд аҳли ҷомеаро ба ҳушёриву эҳтиёткорӣ даъват намуда, ба барандагони идеяҳои радикализми динӣ диққати махсус диҳад.
Хулоса, мо бояд бар муқобили ҳар гуна ғояҳои ифротгароӣ якҷоя мубориза барем. Дар шароити кунунӣ, ки таззод ва буҳронҳои иҷтимоӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, зарурати мафкурасозӣ, яъне ташаккули ҷаҳонбинии илмию фалсафӣ ба миён омадааст.
Инро чи гуна фаҳмидан ва ё чи гуна амалӣ кардан мумкин аст? Албатта, таҳаввулот ва табадуллоти ҷаҳони муосир ба руҳияи мардум бетаъсир намонда, дар баробари афкор ва амалҳои мусбати ҷаҳонишавӣ боз гумону андеша ва моҷароҳои манфие рушд кардаанд, ки ҷавононро роҳгум месозанд. Барои дар вартаи буҳронӣ наафтодан, ҷавононро лозим меояд, ки дар такя ба оинҳои аҷдодӣ ва тааққули илмӣ меъмори зиндагии хеш бошанд. Дар ин роҳ ягона воситае, ки ҳақиқатро барои мо фароҳам меоварад, ба қавли Саъдии Шерозӣ далеловарӣ ва суботкорӣ мебошад:
Нагуфта надорад касе ба ту кор,
Валекин чу гуфтӣ, далелаш биёр!
Ба воситаи далелу бурҳонҳои мантиқӣ муҷодала ва мубоҳисаҳои мутақобили пешниҳодшударо тасдиқ намуда, воқеиятро ошкор кардан, ин мувофиқи мантиқ исботи қазияи мушаххаси замони имрӯз ба ҳисоб меравад.
Имрӯзҳо хабару иттилоот зиёданд ва ҷавонон намедонанд, ки кадоме аз онҳо ҳақ ва кадомашон дурӯғ аст. Дар чунин ҳолат, барои бартараф кардани шубҳаҳо ба донишҳои захиравӣ ва таҷриба такя намуда, ин амали мармузро бартараф карда метавонем. Ин кор дар сурате дуруст амалӣ мешавад, агар матолиби баррасишуда ҳақ ва ҳаққонияти онҳо пешакӣ таъин шуда бошад. Дар ҳамаи илмҳо ҳамин раванди таҳқиқ яксон истифода мешавад, аз ин рӯ, вобаста ба хосиятҳои илми мантиқ далеловарӣ ва танқидро аз рӯи қонуну қоидаҳои ҳамин илм, бояд мавриди баррасӣ қарор диҳем. Чунин аст нақши ҷаҳонбинии илмӣ-фалсафӣ ва тасвири илмии олам дар мубориза алайҳи радикализми динӣ, ифротгароӣ ва ҳаргуна унсурҳои номатлуб дар байни ҷавонони кишвари азизамон.
Дар хотимаи кор мехоҳам боз як чизро таъкид намоям. Ин ҳам бошад, дар шакли муназзам набудани идеологияи миллӣ аст. Воқеан, пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ, идеологияе, ки дар мафкураи аксарияти мардум ҷойгир шуда буд, оҳиста–оҳиста аз байн рафт ва ҷои онро расму оинҳои динӣ ишғол намуданд. Махсусан қисми муайяни наврасону ҷавонон зери таъсири ақоиди динӣ монда, ҷонибдори ҳаргуна таълимоти ифротгаро гардиданд. Агар онҳо аз ҷаҳонбинии илмӣ-фалсафӣ, ки зимни омӯзиши мантиқ ва асосҳои илмҳои табиатшиносӣ ташаккул меёбад, бархурдор мебуданд, ҳеҷ гоҳ майли гурӯҳҳои ифротгаро намекарданд. Илова бар ин, агар мо идеологияи миллиамонро кор карда баромада, ба мафкураи онҳо ҷойгир мекардем, вазъият хеле ба тарафи хубӣ тағйир меёфт. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки меҳвари идеологияи миллии моро бояд моддаи аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил диҳад.
Ҳамин тариқ, дастовардҳои истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатӣ, эъмору таҳкими давлати миллӣ, эҳёи арзишҳои волои гузашта ва худшиносию худогоҳии миллӣ тақозо менамояд, ки дар қатори масъалаи арзиши андешаҳои маънавию ахлоқӣ, инчунин, масъалаи идеологияи миллӣ низ мавриди таҳқиқу таҳлил қарор гиранд. Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз дар даврони гузариш ба давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ба интихоби дуруст ва оқилонаи маънавиёти ахлоқӣ арҷ гузоштан ба мақому манзалати анъанаи миллӣ, иродаи озод ва имконоти фарҳангӣ, бояд ба идеолгияи пешқадами миллӣ ниёз дошта бошад. Воқеан, агар ба чунин идеологияи миллӣ ниёз дошта бошад, пас, зарурати коркарди он пайдо мешавад. Лекин ташаккули идеологияи миллиро бидуни андешаи миллӣ тасаввур кардан имконнопазир аст, зеро идеологияи миллӣ таълимотест, ки дар заминаи андешаи миллӣ ташаккул ёфта, таҳқиқу баррасии онро тақозо менамояд.
Рӯйхати маъхазу адабиёт:
1. Аристотель. Соч. в 4- х т. /Аристотель.- Т.3.- М., 1978.
2. Аристотель. Соч. в 4- х т. / Аристотель.- Т.1.- М., 1976.
3. Платон. Собр. Соч.в 4-х т./Платон.-Т.4.-М., 1994.
4. Платон. Собр. Соч.в 4-х т. /Платон.-Т.2.-М., 1993.
5. Плотин. Шестая Эннеада. Трактаты 1-v / Плотин- Спб.,2005.
6. Плотин. Пятая Эннеада / Плотин.-СПб.,2010.
7. Гусев Д.А. Логическая культура в преподавательской деятельности / Д. А. Гусев //Преподаватель ХХI век .- 2005.- №1.-С.15-21.
8. Гусев Д.А. К вопросу о содержании учебного курса философии в средней и высшей школе. /Д.А.Гусев // Наука и школа.-2004.-№4.-с. 2-7.
9. Успенский П.Д. Tertium organum// П.Д. Успенский.- Спб., 1992.
