casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Ваҳдати миллӣ ва фарҳанги дунявият (дар муқовимат бо радикализм, бунёдгароӣ ва низоми глобалии навмустамликадорӣ)

 Ба истиқболи 25-умин
солгарди Ваҳдати миллӣ
  
    Ваҳдати миллӣ як амри муҳим, вале падидаи якрӯзаву чандрӯза нест. Он чун унсури муҳими бунёди давлати воқеан миллӣ раванди доимӣ ва дарозмуддат аст. Ин маънои онро дорад, ки ин раванди иҷтимоиро на танҳо ҳар сол дар як рӯз бузургдошт намуд, балки онро ҳамарӯза ва муттасил такмилу рушд бояд дод. Муддати мадиди таърихие низоми мардумсолорӣ (яъне демократи)и давлатҳои ғарбӣ барои миллату давлатҳо ва мамолики аз зеру силтаи системаи истеъморӣ бурунрафта чун улгӯ (модел) ё намунаи ибрат хизмат мекард. Ва дар ин раванд ҳанӯз ҳам барои ҳалли муваффақонаи бисёре аз масъалаҳо миллату дували дар ҳоли пешрафти Шарқ аз таҷрибаи низоми мардумсолории ғарбиҳо зарифона истифода мебаранд. Вале чаро имрӯз дастгирии доираҳои бонуфузи ғарбӣ ва бозигарони асосии сиёсати глобалии қудратҳои Ғарб аз ҳаракатҳои радикал ва ифротӣ ба андозаи хеле назаррас фаъол гардидааст? Магар воқеан дар байни андешахои радикал, бунёдгароӣ ва низоми мустамликадории навини дунё алоқаи ногусастанӣ вуҷуд дорад? Дар ин мавзӯъ ҳоло кам касе аст, ки сухан бигӯяд, зеро аксари мардум намехоханд, ки дар назари абаркадратҳо худро бо шеваи нохушоянд ва ба истилоҳ бад ҷилва диҳанд.  Муфассал ...

Ваҳдати миллӣ – омили пешгирӣ ва бартарафсозии бегонашавӣ

Ба истиқболи 25-умин
солгарди Ваҳдати миллӣ
 
  Ваҳдати миллӣ омили мутаҳидшавии миллат мебошад, миллатро ба ҳам меорад, аз парокандагӣ нигоҳ медорад ва ба рушди устувори давлат шароитҳои мусоидро фароҳам месозад.  Зиндагонии шоистаю сазовори мардум ва рушди босуботи ҷомеа танҳо бо шарофати ваҳдати сартосарии миллат имконпазир мегардад. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ бузургтарин арзиши миллӣ ва дастоварди ҳар як миллат аст.
  Маҳз дар шароити ваҳдату ягонагӣ шаҳрвандон озоду осуда зиндагӣ мекунад, худро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ва миллат мешиносанд, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳуввияти миллии онҳо ташаккул меёбад. Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванд заминаи зиндагии шоиста ва сазовор, шароити мусоиди худмуайянкунӣ ва худтадбиқнамоӣ ба ҳисоб меравад. Муфассал ...

Фарҳанги маънавӣ омили Ваҳдати миллӣ ва ризоияти шаҳрвандӣ

 Ба истиқболи 25-умин
солгарди Ваҳдати миллӣ
 
  Мақсади муҳимтарини стратегии сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанги маънавӣ бояд ваҳдати миллӣ ва ризоияти шаҳрвандӣ қарор гирад. Аммо ба ин мақсадҳо дар асоси консепсияи таъминоти накӯаҳволии моддии шаҳрвандон расида наметавонем, зеро ин консепсия на ҳама вақт ба ҳуввияти ҷомеаи тоҷикистонӣ ва фарҳанги анъанавии он мувофиқат мекунад. Ваҳдати миллии воқеии Тоҷикистон ва ризоияти шаҳрвандии ҷомеаи тоҷикистонӣ дар асоси фаҳмишу дарки якхелаи арзишҳои маънавии давоми асрҳои зиёд ташаккулёфта барқарор мегардад. Муҳимтарини онҳо худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан мебошад. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia