Хизматҳое, ки устодони муҳтарам Мусо Диноршоев ва Ғаффор Ашуров барои ман карданд фаромушнашаванда аст. Ман аввалин бор бо раҳнамоии устоди Донишгоҳиам шодравон Нозирҷон Қулматов (ёдашон ба хайр) барои кор ба Шуъбаи фалсафаи (ҳозира ИФСваҲ) АИ ҶТ омадам. Маро бе ҳеҷ монеае устоди муҳтарам Ғаффор Ашуров, ки он вақт роҳбари Шуъбаи фалсафа буданд ба кор қабул намуда, ба бахши таърихи фалсафа, ки мудири он муҳтарам Мусо Диноршоев буданд фиристоданд. Мусо Диноршоев як шахси хоксору беозор, бо меҳру муҳаббат ва бо чеҳраи нуронӣ буданд. Маро дар қатори дигар кормандони он бахш дар мизи аз ҳама болотар ҷой доданд, ки аз ин муносибати бо эҳтиромонаи устоди муҳтарам сипосгузор будам. Дар муддате, ки ман вазифаи лабарантиро иҷро мекардам, ки аз чанд зина иборат буд, дар кору зиндагиам мушкилӣ ва нораҳатиҳои зиёде ба вуқӯъ омад.
Ҳамаи онҳоро бо туфайли дастгирии ин устоди муҳтарам паси сар кардам. Махсусан, дар интихоби мавзӯи номзадӣ хидмати устод бузург буд. Он вақт мо дар илми фалсафа ва роҳу равишҳои он ва интихоби мавзӯи ба қалб наздик нисбатан хому ноогоҳ будем ва аз ин рӯ ба кумаку раҳнамоии устодон эҳтиёҷманд будем. Устоди арҷманд Мусо Диноршоев кори маро осон карданд ва ба ман мавзӯи «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн»-и Носири Хусрав ҳамчун рисолаи фалсафӣ»-ро пешниҳод намуданд. Ин мавзӯъ тақдиру зиндагии маро дигаргун сохт ва ба туфайли он Шуъбаи фалсафа, махсусан бахши таърихи фалсафа ва коллективи он хонаи умед ва рушди илмӣ-мафкуравии ман шуд. Бо каму зиёди моддиёт қаноатманд, вале маънавиёти бои мутафаккироне, ки рӯи осор ва шахсияти онҳо кор мекунем, моро ба дунёи сабру таҳаммул ва қаноату шукргузорӣ ҳидоят намуданд. Ҳамин тариқ, бо раҳнамоиҳои мудирамон Мусо Диноршоев ва устоди ирфониам, профессор Нодир Одилов билохира рисолаи номзадиамро дар КАЗГУ-и ш. Алма-Ато соли 1985 бо муваффақият дифоъ намудам ва ман ҳаргиз ёриву ғамхориҳои ин устодони хешро фаромуш нахоҳам кард.
Устоди раҳнамои фалсафаи тоҷик
- Душанбе, Ноя 09 2020
- Шахсиятҳо
Ростӣ, ҷуръат надоштам, ки дар бораи як шахсияти барҷаста - академик, олим ва муҳаққиқи тавоно, устоди аксари муҳаққиқони фалсафа ва таърихи фалсафаи Ҷумҳуриамон муҳтарам Мусо Диноршоев чизе нависам. Чунки дар бораи шахсиятҳои бузург навиштан аз як тараф қудрату тавоноӣ даркор ва аз тарафи дигар ҳамон ахлоқи суннатӣ, ки баҳо додан ба устодони хеш ва дар пеши онҳо худнамоӣ кардан аз рӯи одоби ҳамида нест. Вале ёди солҳои ҷавонӣ, солҳои аввали ба кор омаданам кардаму гуфтам, агар чанд ҷумлае дар бораи ин шахси муҳтарам нанависам, беинсофист.
Рӯзҳо, моҳҳо ва солҳо мегузарад, шояд инсонҳо бо таъсири омилҳои гуногуни кору зиндагӣ тағйир кунанд, аммо ин маънои онро надорад, ки хизмату корҳои хубе, ки устодони илм дар ҳақи кормандону шогирдон кардаанд ва то имрӯз аз худ осори илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзӯъҳои мухталифи фалсафа ва таърихи он боқӣ гузоштаанд ва боз ҳам фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва тарбиявӣ-илмии онҳо давом дорад, фаромуш кард. Мақоми устод ҳам аз падар ва ҳам аз дӯсту бародар хеле болотару афзалтар аст. Устод ҳидояткунандаи роҳу равиши зиндагии инсон, махсусан дар риштаҳои илму фарҳанг ва ахлоқу одоб ва тарбияи маънавии вай мебошад. Беҳуда нест, соликони роҳи ҳақиқат ба хотири устодони маънавии хеш аз тамоми дунё даст мекашиданд ва имрӯз ҳам мо бо туфайли ҳимояту ҳидояти ин устодон ИФСваҲ-ро хонаи дуюми худ – маркази илму дониш ва фарҳангу хиради воло медонем.
Шоҳиди он ҳастем, ки дар солҳои охир бисёр олимони ҷавон рисолаҳои номзадӣ навишта, бештар ба муҳаққиқони хориҷӣ берун аз кишварамон таваҷҷуҳ намуда, иқтибосҳои зиёде медиҳанд ва корҳои онҳоро қобили қабул медонанд ва ба корҳои онҳо дар дараҷаи омӯзиш ва ё навигариҳо ва ҳатто дар ҷараёни навиштани рисолаҳои хеш маълумоти фаровоне медиҳанд. Аммо нисбати муҳаққиқони ватанӣ чашмпушӣ намуда, ба таври ноаён бо як мухтасароте аз онҳо сарфи назар мекунанд. Оё, муҳаққиқони худамон ба монанди А.Баҳоваддинов, Г.Ашуров, М.Диноршоев, Х.Додихудоев, Н.Одилов, К. Олимов, А.Муҳаммадхоҷаев, М.Ҳазратқулов, М.Мирбобоев, Н.А.Қулматов, К.Бекзода, М.Раҳимов, У.Султонов, М.Султонов ва амсоли инҳо аз муҳаққиқони ҳориҷӣ камтар таърихи илму фарҳанг ва мероси илмӣ-фалсафӣ, ахлоқӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-табиӣ ва ғайраи фалсафаи тоҷику форс ва таърихи онро медонанд, ки мо нисбати онҳо беэътиноӣ кунем. Ҳадаф ин нест, ки мо онҳоро наомузем, лекин аз рӯи хиради худшиносӣ бояд амал кунем, яъне аввал худро бишнос, пас дигаронро. Бинобар ин хоҳиш мекунам, ҷавонҳое, ки минбаъд рӯи ҷаҳонбинии мутафаккирони тоҷику форс, умуман дар кадом бахшҳое, ки кори номзадӣ ва ё кори илмӣ менависанд, нисбати тадқиқоти ситораҳои илми ватанӣ бештар таваҷҷуҳ кунанд ва ба онҳо эҳтиром гузоранд. Чунки ҳар нафари инҳо на танҳо дар навиштани корҳои илмӣ саҳм гузоштаанд, балки дар тарбия ва раҳнамоии шогирдону олимони кишварамон хизмати босазое кардаанд. Пас, агар мо худамон ба воситаи рисолаҳои номзадиву мақолаву баромадҳоямон ба ҷаҳониён устодони илму фарҳанги кишварамонро муаррифӣ накунем, онгоҳ ки ин корро мекунад. Аз тарафи дигар агар мо ба мардум, аҳли илму адаб ва фарҳангу тамаддуни худ эҳтиром гузошта натавонем, он вақт бояд хуб донист, ки мардум ва миллати дигар моро ҳаргиз эҳтиром нахоҳад кард.
Саҳми устод Мусо Диноршоев умуман дар тарбияи илмӣ ва дастгирии олимони Иниститут ва берун аз он ниҳоят бузург аст ва барои намуна мисолеро аз замони мудирии устод дар бахши «Таърихи фалсафа» меорам.
Ҳамкорамон шодравон Фатҳиддин Сироҷовро духтурҳо ба бемории равонӣ нисбат доданд (ин ҳодиса хеле солҳои пеш буд) ва ба беморхонаи равонии назди боғи В.И.Ленин бистарӣ карданд. Устоди муҳтарам Мусо Диноршоев тамоми саъйяшонро карданду бо забонхати худашон бо аҳли кормандони бахши «Таърихи фалсафа» ба бемористон рафта, он касро аз он ҷое, ки метавонист зиндагиаш табоҳ шавад, наҷот доданд. Устод Мусо Диноршоев Фатҳиддин Сироҷовро ба шогирдии худ қабул намуданд ва ба ӯ мавзӯи «Масъалаҳои ҳастӣ дар «Наҷот»-и Ибни Сино» бо унвони рисолаи номзадӣ супориданд, ки Ф.Сироҷов онро бо муваффақият дар шаҳри Тошканд дифоъ намуданд.
Мусо Диноршоев зиёда аз 50 шогирд (ба монанди Мирбобоев М., Раҳматуллоев Н., Сироҷов Ф., Идибеков Н., Султонов М., Комилов Р., Раҳимов М., Маҳмадов Б. ва дигарон) тарбия намуда, ба камолоти илмӣ расониданд ва ҳатто ба ҷуз шогирдони хеш ҳар як нафаре, ки хоҳ аз дохил ва хоҳ аз берун аз устод кумаке хоста бошанд, он кас аз ёрӣ даст накашиданд, ҳоло чи барои навиштани кори илмӣ ва чи барои интихоби касбу шуғл ва ҳатто мушкилоти корӣ. Ба ҷуз ин ӯро ҳамчун як устоди пешво, роҳбари хуб, мудир ва олими тавоно дар соҳаи таърихи фалсафаи тоҷик мешиносем. Устоди муҳтарам корҳои зиёде дар мавзӯъҳои мухталифи таърихи фалсафа анҷом додаанд. Аз ҷумла дар бораи таълимоти фалсафӣ, табиӣ, мантиқӣ ва каломии Насируддини Тусӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Муҳаммад Ғазолӣ, Абунасри Форобӣ, Носири Хусрав ва дигарҳо китобу мақолаҳои арзандае навиштаанд. Ва ҳамчунин дар таҳия ва тарҷумаи осори Абуалӣ Ибни Сино, Носири Хусрав, Муҳаммад Закариёи Розӣ саҳми босазое гузоштаанд, ки боиси ифтихор аст.
Асару мақолаҳои Мусо Диноршоев дорои арзишҳои волои илмӣ-омӯзандагӣ ва тарбиявӣ-таълимӣ буда, барои пешрафти илми тоҷик ва таъриху тамаддуни он як саҳми бузурге доранд. Тадқиқотҳои илмии Мусо Диноршоев барои муҳаққиқони илми фалсафа ва таърихи он, барои магистрҳо ва донишҷӯёни бахшҳои фалсафа ва таърихи фалсафаи тоҷик ва олимони ҷавон ҳамчун як раҳнамои омӯзишӣ ва дастурамали муфид мебошад. Лекин мутаассифона, чунонки дар боло қайд намудем ҷавонҳо ва олимони ҷавони мо инро нисбатан надида мегиранд, вале умедворем, ки худшиносии миллӣ ва ҳувияти миллӣ олимони ҷавони моро аз ин ғафлат бедор мекунад.
Китоби Мусо Диноршоев «Ҷусторҳо дар фалсафаи Ибни Сино», ки дар ҳаҷми 512 саҳифа аст ва соли 2017 чоп шудааст, ки дар он Абуалӣ Ибни Сино ва ҷанбаҳои мухталифи таълимоти ӯ, махсусан зиндагӣ ва замон, фалсафаи назариявӣ ва амалӣ, мантиқ чун фалсафа ва олати илм, саҳми Ибни Сино дар рушди фалсафа ва фарҳанги ҷаҳонӣ, сарчашмаҳои назарӣ ва низоми фалсафӣ, фалсафаи ҳастӣ ва категорияҳои фалсафӣ, фалсафаи маърифатшиносӣ, фалсафаи ҳастии иҷтимоӣ ва ахлоқӣ, назарияи судур ва амсоли инҳо мавриди баҳсу таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтанд. Ин китоб ҳамчун асари доиратулмаорифӣ се асари тадқиқотии устод Мусо Диноршоевро дар бар гирифтааст, ки дар ин бора худи муаллиф ҳам дар сарсухани китоби хеш низ гуфтаанд. Асари якум «Ибни Сино ва фалсафаи ӯ», ки соли 1980 аз чоп баромадааст; асари дуюм «Афрузандаи нури хирад ва афшонандаи тухми маърифат» (чопи с.2005); асари сеюм «Матолиби фалсафаи Ибни Сино» (чопи с.2011).
Ҳарчанд ки дар бораи ҳаёту фаъолият ва осори Ибни Сино тадқиқотҳои зиёде шудааст, аммо чунонки худи муаллиф менависад: «Сарфи назар аз таҳқиқоти зиёд дар бораи Ибни Сино ва назариёти ӯ, ки аз ҷониби олимон ва файласуфони ватанӣ ва хориҷӣ анҷом дода шудаанд, наметавон гуфт, омухтан, таҳлил ва баррасии ақоиди фалсафӣ ва илмии ӯ ба поён расид».[1] Дар ҳақиқат аз рӯи навиштаи худи муҳаққиқ рушан мушаххас мегардад, ки бисёр масоиле, ки Мусо Диноршоев ба таври васеъ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд, қариб бори аввал таҳлилу таҳқиқ мешаванд. Махсусан омӯзиши мантиқи Ибни Сино – назарияи мақулот, бурҳон ва ҷадали вай, таълимоти илмӣ-табиӣ, риёзӣ ва тиббӣ, иҷтимоӣ-ахлоқӣ аз аҳамият холӣ нест ва муҳаққиқ дар атрофии ин масоил бештар таҳқиқ намудаанд, то ки мақом ва ҷойгоҳи Абуалӣ Ибни Синоро дар пешрафти фарҳангу тамаддуни миллӣ ва таърихи илму фалсафа аз нигоҳи воқеъӣ муайян карда шавад.
Устоди муҳтарам Мусо Диноршоев дар баробари навиштани корҳои хуби илмӣ ва тарбияи шогирдону аҳли илму адаб, боз фарзандони хуберо тарбия намуда, дар роҳи илм сафарбар намуданд, ки дар соҳаҳои гуногуни илм кору фаъолият мекунанд: Зарина–доктори илмҳои фалсафа, ки дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия кор мекунанд, Азиз–доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудирияти кафедраи конистутсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба ҷо меоранд, Наргис дар Вазорати молияи Тоҷикистон машғули коранд ва Парвиз – номзади илмҳои иқтисодӣ мебошанд. Оилаи академик Мусо Диноршоев апаи Зебуннисо як хонуми донишманду бо фаҳм ва босабру таҳаммул дар тарбияи хонаводаи хеш саҳми зиёде доранд. Худи устод-академики АИ ҶТ ва дар айни ҳол Мушовири президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.Чунин хонаводаи бомаърифату бо шахсияти ҷомеа қобили эҳтиром ва намунаи ибрат мебошанд ва бигузор онҳо бо сарварии устодамон Мусо Диноршоев ҳамеша солиму сарбаланд бошанд.
Мо наметавонем дар як мақолаи чанд саҳифаӣ дар бораи фаъолияти корӣ ва илмии муҳтарам Мусо Диноршоев ба таври васеъ маълумот дод, лекин умедворам, ки ин навиштаи мухтасар ҷавҳари суханро дода бошад. Дар охир орзуманди онам, ки аҳли илм ва шогирдони ин устодони илм аз онҳо қадрдонӣ кунанд ва навиштаҳою заҳматҳои онҳоро нодида нагиранд. Дар дунё ҳеҷ вақт инсонҳои идеалӣ шуда наметавонад, чунки худи зиндагӣ дар асоси зиддиятҳо сохта шудааст ва инсон танҳо дар ҷараёни ин зиддиятҳо обутоб меёбад ва пешрафт мекунад. Диалектикаи ин ҷумла шарҳи зиёд мехоҳад, бинобар ин як ишорае ба аҳли фаҳм буд.
Муродова Т.
Номзади илмҳо фалсафа,
ходими пешбари Шуъбаи таърихи фалсафа
ходими пешбари Шуъбаи таърихи фалсафа
[1]Диноршоев М. Ҷусторҳо дар фалсафаи Ибни Сино. Душанбе, 2017.-С.511