casino malaysia
casino malaysia
Муҳаққиқи шинохтаи ирфон ва фалсафаи ниёгон

wrapper

  Мо дар ин мақолаи хеш ҳадаф гузоштем, чанд сухане дар бораи фаъолияти илмӣ, фарҳангӣ-суннатии ҳамкори муҳтарамамон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Ҳазратқулов Муҳаммадқул нависем.
  Ҳазратқулов Муҳаммадқул солҳои зиёде шуд, ки дар Шуъбаи таърихи фаласафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд ва аз худ фаъолияти илмии бобаракате боқӣ гузоштанд ва ҳоло ҳам бо серфаъолиятии худ дар навиштани корҳои илмиву фарҳангӣ-суннатӣ ва ҳамчунин ҳамчун муҳаррири масъули ҷилди чаҳорум ва панҷуми «Таърихи фалсафаи тоҷик» дар таҳриру рӯи назм овардани мақолаҳои кормандони Шуъба саҳмгузорӣ карда истодаанд. Ҳазратқулов М. пас аз хатми Донишгоҳи давлатии (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) Тоҷикистон ноябри соли 1967 ба аспирантураи Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтисоси таърихи фалсафа дохил мешавад. Ӯ соли 1974 дар мавзӯи «Фалсафаи Садриддини Шерозӣ» рисолаи номзадӣ ва соли 1991 рисолаи доктории хешро дар мавзӯи «Фалсафаи ишроқи Шаҳобуддини Суҳравардӣ» дифоъ намудааст.
  Ҳазратқулов М. муҳаққиқи таърихи фалсафаи асрҳои миёнаи Шарқ буда, ба қалами ӯ зиёда аз 300 мақолаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ дар мавзӯҳои мухталифи фалсафаи машшо, ишроқ, тасаввуф, ва дигар масоили афкори маънавию фарҳангӣ мансуб мебошад. Мақолаҳои илмии ӯ дар маҷаллаҳои марказии «Вопросы фиолофии», «Философские науки» ва маҷаллаҳои ҷумҳуриявии «Садои шарқ» ва «Ахбор»-и Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ  чоп шудаанд. Ҳамчунин мақолаҳои бисёри илмӣ-оммавии муаллиф дар рӯзномаҳои кишварамон мавриди чоп қарор гирифтаанд.
  Асарҳои илмии ӯ бо номҳои «Таълимоти фалсафии Садруддини Шерозӣ» (Душанбе, 1983), «Эътиқоду анъанаҳои бостонии Аҷам» (Душанбе, 1986), «Тасаввуф» (Душанбе, 1988), «Ислом: равия, мазҳаб ва фирқаҳои он» бо ҳаммуаллифии И.Саидиён (Душанбе, 1992), «Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ» (Душанбе, 2006). (Тарҷумаи ҳамин китоб ба забони форсӣ, Теҳрон, 2008), «Ислом ва Абуҳанифа» (Душанбе, 2009), «Наврӯз ва дигар идҳои суннатии сол» ( Душанбе, 2012), «Бахши асосии ҷилди аввали «Таърихи фалсафаи тоҷик» ба забони тоҷикӣ (Душанбе, 2012), ва «Бахшҳои меҳрпарастӣ ва зурвония» дар ҷилди якуми «Таърихи фалсафаи тоҷик аз замонҳои қадим то асри 15», ба забони русӣ (Душанбе, 2010), Шаҳобуддини Суҳравардӣ. Боби 1-и бахши 2-и ҷилди сеюми «Таърихи фалсафаи тоҷик…», ба забони русӣ (Душанбе, 2013),  «Сада муждагонӣ аз Наврӯзи оламафрӯз аст» (Душанбе, 2018) ба мо маълум аст ва дастраси хонандогон шудаанд.    
Ҳазратқулов Муҳаммадқул бо унвони сарходими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ, дар Шуъбаи таърихи фалсафа кору фаъолият мекунад. Ӯ мутахассиси соҳаи таърихи фалсафаи тоҷику форс ва рушди афкори маънавӣ буда, дар ин соҳаҳо корҳои зиёди илмӣ тадқиқоти анҷом додаанд, ки мо аз онҳо дар боло ном бурдем.
  Нахустин кори тадқиқотии ин муҳаққиқи намоёни таърихи фалсафаи тоҷик дар бораи ҷаҳонбинӣ ва афкори фалсафии яке аз мутафаккирони барҷастаи асрҳои миёнаи тоҷику форс Садруддини Шерозӣ бахшида шуда буд. Тадқиқотҳои баъдинаи ӯ ба баррасӣ ва таҳқиқи расму оин ва анъанаҳои бостонии Аҷам ва таъсири он ба фалсафаи асрҳои миёнаи Шарқ анҷом дода шудааст. Бояд гуфт, ки муҳаққиқи шинохтаи мо Ҳазратқулов М. доир ба мазҳабу равия ва фирқаҳои исломӣ, махсусан тасаввуф низ таҳқиқоти боарзише дорад бо номи «Тасаввуф». Китоби номбурда на танҳо барои аҳли илм, балки беҳтарин маводи дарсӣ барои магистрҳову донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва дӯстдорони афкори маънавӣ ба ҳисоб меравад.
Тадқиқоти дигар муҳтарам Ҳазратқулов М. «Ориёиҳои тамаддуни ориёӣ» ном дорад, ки бахшида ба эълон шудани «Соли 2006 – соли тамаддуни ориёӣ» навишта шудааст. Ин асари муаллиф нисбатан бузургҳаҷм буда, таърихи тамаддуни ориёиҳо, сайру такомули таърихии онҳо, мавҷи ҳаракати ориёҳо ба Осиёи Марказӣ ва интишори онҳо ба самти Шарқу Ғарб то сарзаминҳои Скандинавияро аз дидгоҳи фалсафию фарҳангӣ мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор додааст. Мувофиқи маълумоти худи муаллиф таъсири ин китоб ба ҳаводорони афкори маънавӣ ба андозае буд, ки он пас аз ду сол дар Эрон ба забони форсӣ тарҷума шуда, дастраси васеи хонандагони Эронӣ гардид.
  Китоби «Ислом ва Абуҳанифа»-ро Ҳазратқулов М. бахшида ба муносибати «Соли бузугдошти Имоми Аъзам» навишта, ба ин ҷашн ҳадя намуд, ки дар он ташаккули мазҳаби суннӣ ва моҷароҳои ақидатӣ, инкишофи илми каломи аҳли суннат, таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам, ҷойгоҳу манзалати ӯ ва шогирдони вай дар усули илми фиқҳу ахлоқ ва ғайраҳо таҳқиқу таҳлил шудаанд. Чопи чунин китобҳо барои кулли хонандагони  кишварамон муҳим ва зарур аст, ки онҳоро аз лиҳози ақидатӣ ва мазҳабӣ аз торикӣ ба равшанӣ  мекашад, то ки дар дуроҳаи гумроҳӣ дарнамонанд. Ин аст яке аз арзишҳои ин китоб дар ҷаҳони муосири мо.
  Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ дар асоси маводи ҷамъшуда ва навишта шуда истода тасмим гирифтанд, ки «Таърихи фалсафаи тоҷик»-ро ба забони русӣ дар се ҷилд ва ба забони тоҷикӣ дар панҷ ҷилд ба табъ расонанд. То имрӯз се ҷилди русӣ ва ду ҷилд тоҷикӣ ба чоп расида, дастраси хонандагон шудааст. Бахши умдаи ҷилди аввали «Таърихи фалсафаи тоҷик аз давраҳои қадим то аҳди ислом» ва бахшҳои меҳрпарастӣ ва зурвонияи «Таърихи фалсафаи тоҷик аз давраҳои қадим то асри ХУ» ба забони русӣ ба қалами Ҳазратқулов М. мансуб аст. Дар айни ҳол ӯ бо ҳамроҳии устоди муҳтарам, академик К. Олимов муҳаррири масъули ҷилдҳои чорум ва панҷуми «Таърихи фалсафаи тоҷик» мебошанд, ки ин ҷилдҳо дар арафаи чопанд. Чопи ҷилдҳои «Таърихи фалсафаи тоҷик…» аҳли илму фарҳанг, хонандаҳои афкори маънавию фалсафӣ ва донишҷӯёну унвонҷӯёнро ба таъриху тамаддун ва арзишҳои ҷаҳони бои илмӣ, фалсафӣ, табиӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии гузаштагонамон муаррифӣ менамояд.
  Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои бевоситаи Президенти кишварамон асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз – ҷашни байналмилалии тоҷикон ҷаҳонӣ гардид.
Дар ҷаҳонишавии Наврӯзи бостонӣ саҳми Ҳазратқулов Муҳаммадқул низ зиёд аст. Чунки муддати чил сол аст, ки ӯ бахшида ба ҷашни Наврӯз дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ мақолаҳои сершуморе навишта, мардумро ба таърихи пайдоиши Наврӯз ҳамчун ҷашни суннатӣ, ҳамчун ҷашни сол ва кишту кор ошно месозад. Китоби ӯ бо унвони «Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол», соли 2012 аз чоп баромад,  ки аввалин асари бузургҳаҷм дар сарзамини ҷумҳуриамон дар бораи ҷашни Наврӯз буд. Дар ин китоб муаллиф сабабҳои пайдоиши иди Наврӯз ва як қатор идҳои дигари суннатии солро таҳлилу баррасӣ намуда, мақоми бузурги иртиботи табиату инсонро  ҳамчун унсури асосии  тамаддуни ориёӣ баён намудааст.  Ҳамчунин иллатҳои ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯзро як ҳодисаи муҳими суннатӣ - фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ арзёбӣ менамояд. Дар баробари ин муаллиф дар ин асари хеш баъзе масоили фалсафӣ, ҷаҳонбинӣ ва кайҳоншиносиро низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд.
  Китоби дигари Ҳазратқулов М. «Сада муждагонӣ аз Наврӯзи оламафрӯз аст». Мувофиқи навиштаи муаллиф Сада охирин ҷашни маросими сол қабл аз Наврӯз аст ва онро муҳаққиқон пайёмовари Наврӯз медонанд. Муаллиф дар ин китобчаи худ дар бораи Сада ва расму анъанаҳои ҷашнгирӣ, аҳамияти иҷтимоӣ, ахлоқӣ, зинаҳои камолоти ахлоқӣ, худшиносӣ ва фарҳангии он маълумоти муфассал додааст, ки дар тарбияи камолоти маънавии инсон нақши арзандае мебозад.   
Муҳаммадқул Ҳазратқулов дар баробари олим ва муҳаққиқи таърихи фалсафаву илму фарҳанг буданаш боз як инсони  бошахсияту бо таҳаммулу бо андеша буда, соҳиби иззату эҳтиром дар байни ҳамкорон мебошад. Бо бародари азизамон солҳои зиёде ҳамкорӣ дорем ва дар ин муддат аз ӯ ба ҷуз эҳтирому самимият, муҳаббат ва иртиботи солими ҳамкорӣ дигар чизе надидем. Бинобар ин қадрдонӣ аз чунин шахсиятҳо вазифаи ҳар як инсони соҳибилму оқил аст ва бигузор он кас ҳамеша сиҳату саломат ва хушбахту босаодат бо аҳли хонаводаашон ва дар қатори ситораҳои дурахшони аҳли илму адаб бошанд.            

Муродова Тоҷинисо

номзади илмҳои фалсафа

Матни шарҳи шумо…

http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia