Skip to main content

Терроризм-хатари ҷомеаи ҷаҳонӣ

 Дар охири асри XX ва аввали асри XXI дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ тағйиротҳои ҷиддӣ ба миён омад. Воқеияти сиёсии олами мутамаддин нишон дод, ки фазои сиёсии ҷаҳон доимо дар тағйирот ва ҳаракат аст. Бояд гуфт, ки глобализатсия ҳамчун раванди муҳиму объективии умумиҷаҳонӣ яке аз муҳимтарин хусусиятҳои таърихи муосири башариро ташкил менамояд. Дар  натиҷаи таъсири омилҳои глобализатсионӣ фаъолияти доираҳои террористӣ, экстремистӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ки пештар доманаи нисбатан маҳдуд доштанд, дар ин раванд хеле  васеъ гардида ба хатари ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтанд. Хатари масъалаҳои глобалӣ дигар на ба манфиат ва амнияти як давлат таъсир мерасонад, балки  таъсири он ба ҳамаи башарият ва олам мерасад. Манфиатҳои миллӣ ба манфиатҳои ҷаҳонӣ ва амнияти миллӣ ба амнияти сайёравӣ табдил меёбанд. Дар ин раванд давлатҳое, ки аз назари иқтисодӣ, сиёсӣ, технологӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ қафомонда ё заиф ҳастанд, зери таъсири давлатҳое мемонанд, ки дорои ҳамаи ин қудратҳоянд. 

Дар низоми навини олам яке аз масъалаҳои мураккабтарин ва  пурихтилофтаринро  экстремизм  ташкил  медиҳад.  Он  дар навъҳо ва шаклҳои гуногун ба амал омада, вобаста ба макон ва замон хусусиятҳои  мухталифро касб менамояд.  Экстремизм  (лот.  extremus- охирин,  канора) - фаъолияти сиёсие,  ки  барои  амалӣ  гардидани  мақсадҳои  авантюристӣ моҷароҷӯӣ, зӯригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ, террор ва фитнаро истифода мебарад. Экстремизм самти осоиштагӣ, муросокорӣ, расмӣ ва қонунии ҳалли  зиддиятҳои  сиёсиро мушкил гардонида, террорро васеъ истифода мебарад, ба тезу тундшавии зиддиятҳои сатҳи гуногун, аз ҷумла  зиддиятҳои байналмилалӣ  кумак  мерасонад  ва  вонамуд  месозад,  ки масъалаҳоро ҳал менамояд. Махсусан, дар низоми  нави  олам  яке  аз  шаклҳои  манфуртарини  он  -  терроризм мақоми хоса пайдо намуда, ақлу ҳуши бисёре аз ходимони давлатию ҷамъиятиро  ба худ кашидааст.  Терроризм (ло.  terror-  тарс)  -  шакли  канораи  экстремизми  сиёсӣ  ва  зӯроварии  системанок  аз  ҷониби  неруҳои сиёсӣ дар нисбати субъектҳои дигари сиёсӣ ва идоракунӣ. Дар cиёсат дар лаҳзаҳои  бештар  зиддиятнок ва  муборизаи шадид истифода  мешавад  ва  барои  ин  ё  он таркибот  ё  ҳаракати сиёсӣ хатарнок аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният  боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Масалан, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, нафарони зиёд маъюб бисёре аз оилаҳо бе сарпаноҳ монда мушкилиҳои зиёдеро ба сари инсоният ба бор овард. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон–Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” қайд карданд, ки ифротгароиву терроризм бо тамоми зуҳуроти зишти худ ҳеҷ рабте ба миллат, дину мазҳаб ва шаҳрвандӣ надорад. Вобаста ба ин, дарк бояд кард, ки танҳо ҳамкории созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи асосии муборизаи самаранок ба мақсади рафъи мушкилоти терроризм мебошад.

Ҳамчунин, барои таъмин намудани ҳифзи сарҳад, сохти конститутсионӣ ва рушди муназзами давлатҳо ҳамкории воқеиву шаффоф дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ зарур ва ба манфиати ҳамаи ҷонибҳо мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мақсад бо якчанд созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, ниҳодҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва кишварҳои мададрасон, аз қабили Япония, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Чин ва Россия дар доираи лоиҳаҳои гуногуни марбут ба мудирияти сарҳад ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.

Дар маҷмуъ экстремизмро  вобаста   ба шакли  зуҳур ба  чанд  навъ  ҷудо менамоянд: сиёсӣ, динӣ, динӣ-сиёсӣ, миллатгароӣ ва ғ.  Экстремизми сиёсӣ  бо хусусиятҳои минтақавӣ  ва глобалӣ  доштанаш  фарқ менамояд, ки  дар  навбати  худ  мубориза   бо  ин зуҳурот бояд  дар  сатҳи  минтақаҳои  алоҳида  ва  ҷаҳон  сурат  гирад. Ин идеологияи  даҳшатборест, ки  тамоми намудҳои дигари   хушунату куштор, ғорату аз худ намудани молу мулки мардум  ва паҳн кардани  ғояҳои бардуруғи  зиддиятнокро  дарбар мегирад. Дар баробари ин, экстремизми сиёсӣ боз намудҳои дигаре дорад, ки идеяҳои  милатгароиро  дастгирӣ  намуда, ба намояндгони дигар халқияту  миллат ва  қавму гурӯҳхои этникӣ муносибатӣ ғайриинсониро раво медонад.

Экстремизми  сиёсӣ  сарчашмаи  идеологии  терроризми сиёсӣ  буда,   дар аксар ҳолатҳо ифодагари дар амал татбиқ намудани  амалҳои террористӣ  мебошад. Онҳо  бо ҳамдигар алоқамандии сабабияту  натиҷавӣ  дошта, таҳлилу  таҳқиқи  онҳо дар алоҳидагӣ  комил буда    наметавонад. Худи  мафҳуми «экстремизми  сиёсӣ» назар ба ҳамаи намудҳои дигари  ҷараёнҳои  даҳшатангезу номатлуби ҷомеа  васеътар буда,  дар  самтҳои  сиёсӣ муқобили  институтҳои  давлатӣ, ҷамъиятӣ ва барои  расидан ба ҳадафҳи нопок истифода бурда мешавад.

Яке аз масъалаҳои  муҳимтарини  пешгири намудани  терроризм  ин мубориза  алайҳи  экстремизм дар ҳама гуна  шаклу намуд, ҳамчун  идеяи асосии  терроризм мебошад.  Барои муқовимат намудан ба экстремизми сиёсӣ муборизаро  муқобили андешаҳои  ғалатӣ  динию экстремистӣ, миллатгароию радикалӣ  террористию  идеологӣ  бояд дар ҳама самтҳои  ҳаёт пурзӯр намуд. Дар  кишварҳои  тозаистиқлол  дар самти сохтори давлатӣ  ва муносибатҳои байниэтникӣ коркарди масъалаи ҷаҳонбинӣ дунявӣ  имрӯз бояд    муҳимияти хосса дошта бошад. Экстремизми  сиёсӣ бояд ҳамчун   зуҳуроти номатлуб  дар ҷомеа  шинохта шавад ва муборизаи  мақсаднок  муқобили он сурат бигирад.

Бояд қайд кард, экстремизми сиёсӣ, ки аз ҷиҳати характери фаъолият  глобалӣ аст, пас мубориза бо он низ бояд дар сатҳи глобалӣ сурат гирад. Аз ин лиҳоз дар Моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо экстремизм ва терроризм, ки «Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм омадааст:Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм бо давлатҳои хориҷӣ, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалии бар зидди терроризм мубориза баранда, ҳамкорӣ менамояд.

Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар доираи муносибатҳои байниҳамдигарии СААД, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ИДМ давом дода истодааст. Ҳамаи ин созмонҳоро вазифаҳои умумӣ, аз қабили мубориза ба муқобили экстремизми сиёсӣ, таҳдиди васеъшавии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва  дар умум  бояд  аксарияти  созмонҳои  дохилию байналмилалиро муттаҳид  намоянд.

Терроризми сиёсиро дар бештари ҳолатҳо   хатарноктарин шакли терроризм- шарҳу баён  медиҳанд. Аммо, террор дар кадом шаклу намуде, ки набошад,  хоҳ дар амалҳои террористии ақсуламал, хоҳ дар методҳои ваҳшатноки зуроварӣ барои  ба сари ҳокимият омадан ва ё  гузаронидани амалиётҳои  ифротгароёнаи динию  этникӣ барои барқарор намудани  «адолати иҷтимоӣ»,  ҳамеша  падидаи номатлуб  ва ғайри қобили қабул аст. 

Бояд қайд намуд Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар сафи  пеши мубориза бо терроризм қарор дорад. Хар сол даҳҳо  конференсияву нишастҳои бузурги   кишварҳои гуногуни минтақа ва дунё дар пойтахти  азизамон шаҳри Душанбе  баргузор мешавад, ки барои ҳаллу фасли   таҳдидҳои  нави ҷаҳонӣ  заминаи босазо  мегузоранд. Махсусан бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ш.Душанбе баргузор намудани  чорабинии сатҳи баланд оид ба «Муқовимат бо терроризм  ва ифротгароии  хушунатомез» буд,  ки моҳи майи соли 2019 доир шуд. Дар ин ҳамоиши бузург зиёда аз якуним ҳазор  меҳмонон, олимон ва пажӯҳишгарони кишварҳои ҷаҳон ширкат  варзиданд.

Имрӯз фурсате фаро расидааст, ки ҳамаи мо сиёсати хирадмандонаи Пешвои Миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда барои ҳимояи ватани худ аз таъсири манфии чунин амалҳои террористию экстремистӣ муҳофизат намоем ва баҳри тақвият бахшидани ҳифзи Истиқлоли давлат, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ, ҳифз ва баланд бардоштани арзишҳои миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвари азизамон кушишҳо ба харҷ диҳем.

Қодирова З.Б. Ходими илмии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121