СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУКИ АМИТ
Имрӯз 16 октябри соли 2025 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ семинари байналмилалии илми-назариявӣ дар мавзуи «Масоили актуалии ҳуқуқи меҳнат дар кишварҳои ИДМ» баргузор гардид. Семинарро директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Н.Д. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид.
Дар семинар олимони намоёни соҳаи ҳуқуқи меҳнат аз Федератсияи Русия Скачкова Галина Семёновна, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи байналмилалии «Институти ҳуқуқ» (ш.Санкт-Петербург) дар мавзуи «Тамоили муосири рушди ҳуқуқи меҳнат», Крилов Константин Давидович, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи меҳнати факултети ҳуқуқшиносии Академияи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоии Федератсияи Русия (ш.Москва) дар мавзуи «Танзими байналмилалӣ-ҳуқуқии меҳнат: воқеияти муосир ва дурнамо», ва олимон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Саидумар Одинаевич, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинов дар мавзуи «Танзими ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ дар ИДМ бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон», Бобокалонов Ғоиб Мерганович, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири шуъбаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ дар мавзуи «Баъзе масоили муосири ниҳоди шартномаи меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърўза намуданд.
Барои саҳми шоён дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқи меҳнат директори Институт Маҳмадизода Н.Д. ба профессорон Скачкова Г.С. ва Крилов К.Д. сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Дар семинар баҳси муфид сурат гирифт ва меҳмонон ба саволҳои сершумори иштирокчиён ҷавобҳои қаноаткунанда доданд. Модератори семинар муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёӣ Х.М. аз семинар натиҷагирӣ намуда, онро ҷамъбаст намуд.
