САДА - ҶАШНВОРАЕ АНДАР СИТОИШИ ПИРӮЗИИ ГАРМӢ БАР САРДӢ, ОМОДАГӢ БА ОҒОЗИ КИШТУ КОР
Таърихан, дар баробари Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон - Сада аз ҷашнҳои куҳани аҷдодони мо буда, вобаста ба мавсими таҷлилгирӣ аз рӯйи моҳият ва хусусиятгирӣ аз дигар ҷашнҳои миллӣ тафовут дорад. Ба маълумоти Фирдавсӣ – ин ҷашн ёдгории пуршукӯҳи Ҳушангшоҳи пешдодист, ки баробари пайдоиши оташ таҷлили он шурӯъ гашт. Бархеи дигар донишмандон оғози таҷлили ҷашни Садаро аз мағлубияти Заҳҳок ба дасти Фаридун ба риштаи таҳқиқи кашидаанд. Андешаи Фирдавсӣ андар ин боб ҳарчанд тобиши асотирӣ дорад, вале ба воқеият наздик аст. Махсусан, зуҳури ин ҷашнро шоир ба тариқи зайл ба риштаи назм мекашад:
Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯи кӯҳ,
Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.
Падид омад аз дур чизе дароз,
Сияҳрангу тиратану тезтоз.
Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,
Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.
Нигаҳ кард Ҳушанги бо ҳушу ҳанг,
Гирифташ яке сангу шуд тезчанг.
Ба зӯри каёнӣ раҳонид даст,
Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯй ҷаст.
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳамону ҳамин санг бишкаст гурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Нашуд мори кушта, великин зи роз,
Аз ин табъи санг оташ омад фароз.
Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,
Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ онгоҳ қибла ниҳод.
Бигуфто фурӯғест ин эзадӣ,
Парастид бояд агар бихрадӣ.
Шаб омад барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода хурд,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
К-аз обод кардан ҷаҳон ёд кард,
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.
Ориёиён оташро намоди рӯшноӣ, як таркиби махсуси чаҳорунсур, ки офариниши мавҷудот аз онҳо маншаъ мегирад, меҳисобиданд ва Садаро ҷашне меномиданд, ки бо афрӯхтани гулхан, ки гармӣ медиҳад, таҷлилаш оғоз мегардид. Дар робита бо ин, моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил медод.
Аз давраи қадим ин ҷашни аҷдодӣ дар даҳуми моҳи баҳманмоҳ, баробар бо 30-юми январ таҷлил карда мешуд. Донишмандон аз ҷанбаи этимологӣ пайдоиши мафҳуми Садаро бо шумори “сад”, ки сад шабу рӯз аз он то Наврӯз мондааст нисбат медиҳанд. Ба маълумоти бархеи дигари муҳаққиқон мафҳуми “Сада” аз калимаи “санд”-и авестоӣ гирифта шуда, маънои падид омадан, равшан шудан, зоҳир шуданро дорад. Агар мазмунан гирем ҳар ду фаҳмиш асоси воқеӣ доранд.
Сада - аз давраи қадим ҷашни мазҳабӣ, тобеи идеологияи ягон дин набуд. То давраи салтанати муғулҳо (асрҳои XII-XIII) дар сатҳи дарбор, бо шукуҳу ҷалоли хосса таҷлил карда мешуд. Аз ин давра сар карда, таҳти таъсири рӯҳониёни мутаассиб, хурофотпешагон таҷлили расмии он манъ карда шуда, он ба ҷашни мардумӣ табдил дода мешавад. Дар замони шуравӣ низ дар Тоҷикистон таҷлили он ба таври расмӣ сурат намегирифт.
Дар Ҷумҳурии исломии Эрон, аз ҷумла дар шаҳрҳои Теҳрон, Язд ва Кирмон имрӯз пайравони оини зардуштӣ ин ҷашнро бошукуҳ таҷлил мекунанд. Хусусиятгирӣ чунин аст, ки вақте офтоб рӯ ба ғуруб мениҳад ва торикӣ оламро фаро мегирад мардум дар ҷашнгоҳ дарзаи ҳезуми зиёдро ҷамъ оварда, гулхан меафрӯзанд. Бо ба бар кардани ҷомаи сафед даст дар дасти якдигар, бо овози форами дойра ва сурнай ба гирди гулхан давр зада се маротиба се рукни ахлоқии зардуштия: гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори некро зам-зама карда, ба гулхан ҳезум мепартофтанд, то фурӯғи оташ торикии шабро равшан намояд. Таҷлили ҷашни Садаро эрониён як василаи зиндасозии фарҳанги ниёкон мешуморанд ва баробари таҷлили он барои пирӯзии гармӣ бар сардӣ ба ҳамдигар паёмҳои шодбошӣ медиҳанд, орзӯи соли бобаракату пурнакҳат гаштани соли навомадаро мекунанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф аз таҷлили ҷашни Сада дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон нишонаи ҳувият, худшиносӣ ва эҳёшавии хотираи таърихии миллатро ифода мекунад. Хушбахтона бо шарофатии Истиқлол, бунёди давлатдории миллӣ ва бевосита бо ташаббуси Пешвои миллат ин ҷашнвораи аҷдодӣ аз нав эҳё гардида, ба ҷашни миллии тоҷикон табдил дода шуд. Бинобар ин, ҳар сол ба таври расмӣ ин ҷашн 30-юми моҳи январ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад ва дар рӯйхати рӯзи баргузории ҷашнҳои миллӣ ҷойгоҳи худро пайдо кард.
Таҷлили ҷашни Сада дар Тоҷикистон вижагириҳои хоси худро дорад. Аз ҷумла:
- ҳамчун арзиши фарҳанги кишварзӣ ба мардум омодагӣ ба оғози корҳоро дар фасли баҳор - фасли зиндашавии табиат ҳушдор месозад;
- моҳияти ҷомеасозӣ, муттаҳиднамоии мардумро дошта, диди некбинона ва садоқат ба инсон, замину меҳнатро ифода медорад, ки маҳз ин тамоилгирии он тӯли қарнҳо барои бақои он нақши муассир гузошт;
- мардумро ҳӯшдор месозад, ки асбобу воситаҳои техникӣ, иншоотҳои обтаъминкуниро, ки барои коркарди замин ва омода кардани он ба кишт, саривақт обёрӣ кардан ниёз доранд, таъмир карда, дар ҳолати корӣ нигоҳ дорад. Анвоъи тухмиҳоро аз санҷиш гузаронида, дар ҷойи мусоид барои кишту кор захира гардонад. Ҷуйбору каналҳоро тоза карда, ба ҳолати истифодабарӣ мусоид гардонанд;
- агар ҷашни Наврӯз аз фарорасии фасли баҳор мужда диҳад, пас Меҳргон ин ҷашни ҷамъоварии ҳосили бо заҳмат ва ранҷ парваришкардаи деҳқон аст. Сада бошад, омодагии ҷиддӣ ба оғози корҳои баҳорӣ мебошад. Аз ин рӯ, ин ҷашнҳои миллӣ монанд ба ҳалқаи занҷира аст, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кардан нашояд;
- имрӯз ҷашни Садаро мо на танҳо як ёдгории куҳани аҷдодӣ муаррифӣ намоем, балки вобаста ба пешрафти ҷомеаи техногенӣ арзишҳои навро ба он ворид кунем, ба он шукуҳу ҷалоли тоза бахшем, то он ташаккул ва таҳаввул ёбад. Бавижа, гулханандӯзӣ, ташкили ҳашар барои тоза кардани ҷуйбору каналҳо, омода кардани заминҳои нав барои кишту кор ба ҳукми анъана дарояд ва ғайра.
Бобоҷон Самиев - мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги
Институи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ