Skip to main content

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - МУАРРИФГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ

Тоҷикон дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши бархўрди фарҳангҳо, ки аз насли ориёиасл ҳастанд назди таърих масъуланд, ки арзишҳои ниёгони худро соҳибӣ, ҳифз ва дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунанд. Зеро дар давраи соҳибистиқлолӣ соҳибӣ кардани арзишҳои фарҳанги миллӣ барои тоҷикон фазоро мусоид мегардонад, ки аз як тараф, худшиносӣ ва ҳувияти миллашонро таҳким бахшида, аз тарафи дигар, ҷойгоҳи меҳварии худро дар минтақа ва миёни кишварҳои дигари ҷомеаи башарӣ устувор нигоҳ доранд.

Тавассути тақвияти ҳувияти фарҳангӣ, бавижа эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои мавсимӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар суннатҳои аҷдодӣ кишварҳои дигари ҷомеаи ҷаҳониро ба эътирофи гуногунрангии фарҳангӣ даъват кунанд. Чунки эҳё ва таҳаввул додани арзишҳои фарҳангии ниёгон дар шароити ҷомеаи муосир бозгашти пурраи мардумро ба тарзи зиндагии гузашта ифода намедорад, балки мувофиқ кардани арзишҳо ва бозёфтҳои фарҳанги миллӣ ба талаботи замони муосир насли имрўзро ҳўшдор мегардонанд, ки ба табиат, инсон, меҳнат, донишандўзӣ, сулҳу ҳамбастагӣ, ҳамзистии осоишта ва ғайра ҳусни эҳтиром дошта бошанд. То мероси арзишманди тамаддуни ориёӣ ҷузъи ҷудоинопазири тамаддуни ҷаҳонӣ муаррифӣ шавад ва ҳамоҳанг барои рушди соҳаи фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намояд.

Воқеан, агар дастоварди нодири истиқлол – ин эъмори давлатдории миллӣ, муваффақ гаштани давлат ба истиқлоли сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бошад, пас эҳё, азнавсозӣ ва соҳибӣ кардани арзишҳои фарҳангии ниёгон, бавижа бозёфтҳои тамаддуни ориёӣ дигар иқдоми шоиста, беназир ва мондагор ба ҳисоб меравад, ки пешоҳанг ва татбиқкунандаи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Махсусан, саҳми мондагорашон дар давраи истиқлол, арсаи давлатдории миллӣ ҷиҳати муаррифӣ кардани дастовардҳои нодири тамаддуни ориёӣ беназир аст, ки дар саҳифаи таърихи ҷомеаи муосири Тоҷикистон дарҷ гашта, насл ба насл боқӣ мемонанд.

- аввалан, принсипҳои низоми давлатдории миллиро дар заминаи арзишҳои фарҳангии ниёгон, ки тамоюли дунявият доштанд, муайян карданд;

- дуюм, бо шоҳасарҳои арзишманди таълифкардаи худ, аз қабили «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён (Иборат аз чаҳор китоб)». – Душанбе: «Ирфон», 2009. - 704; «Чеҳраҳои мондагор» (2016); «Уфуқҳои истиқлол» (2018); «Забони миллат – ҳастии миллат» (Китоби 2, 2020) ва ғайра насли имрўзи кишварро бо таърихи пурғановати тамаддуни ориёӣ, саҳми Тоҷикистонро дар ҳаллу баррасии масоили мубрами ҷомеаи муосир, шиносониданд. Аз ин рў, имрўз мутолиаи ин китобҳои арзишманд, ки бешак муаррифгари тамаддуни ориёӣ мебошанд, барои ташаккули идеяи миллӣ, тақвияти ҳофизаи таърихии мардуми тоҷик, шинос гаштани меросбарони он ба низоми давлатдории империяҳои пуриқтидори миллӣ ва нишон додани саҳми тоҷикон дар рушди фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ ва ғайра нақши муассир мегузоранд.

Аз ҷумла, саволҳое, ки дар оғози китоби пурмуҳтавои «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён (Иборат аз чаҳор китоб)» гузошта шудаанд: мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва дар кадом бум ошён доштанд? Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад? Мақому ҳиссаи таърихии миллати мо дар пайдоишу пешрафти тамаддуни муштараки ориёинажодҳо то куҷост? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта? – хонандаи ҳўшманду бедори тоҷикро ҳидоят медоранд, ки аз аслу насаб, аз фарҳанги ғанӣ ва унсурҳои он, аз чеҳраҳои мондагори илму адаб, ки ҳар кадом мақоми хоссаеро дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ гузоштаанд, огаҳ гарданд. Зеро «Ашхоси аз решаву насаби хеш канда, одатан, аз хотираи таърихӣ, гузаштаи пурифтихор ва мероси фарҳангии миллати худ бенасиб монда, чун махлуқи худпараст, бемасъулият ва бегонапарвар ба камол мерасанд ва гирифтори тафаккури ғуломона мегарданд. Ин бадбахтии бузург касро хоҳу нохоҳ ба инкори гузашта, ба фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбат ба руҳи бузурги фарзандони миллат ва ниҳоят бегонапарастию қадр накардани таъриху тамаддуни миллӣ бурда мерасонад...».

-сеюм, бо ибтикор ва дастуру супоришҳояшон дар шаҳри Душанбе бунёд гаштани “Конуни тамаддуни ориёӣ” ва “Маркази байналмилалии “Наврўз” ба он мусоидат мекунад, ки аҳли зиё ва сармояи зеҳнии кишвар ба таҳқиқи мукаммал ва илмии бозёфтҳои моддию маънавии тамаддуни ориёӣ мароқи хосса зоҳир карда, бо таълифи асарҳои бунёдӣ дар самти муаррифии ин ганҷинаи ниҳони таърихӣ ва дастраси мардуми кишвар, кулли форсизабонон ва шарқшиносон гардонидан, саҳмгузорӣ намоянд;

- чаҳорум, Анҷумани «Пайванд», ки 28 - уми октябри соли 1989 дар партави созмони «Родина»-и Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) ҳамчун «Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва ҳамватанони хориҷӣ» таъсис ёфт ва соли 1993 ба «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон» табдили ном кард, он ҳадафро дошт, ки робитаи илмӣ-падўҳишӣ ва фарҳангиро бо ҳамватанон ва кулли форсизабонони ҷаҳон барқарор намояд.

Бавижа, дар соли 1993 баъди интихоб гардидани Пешвои муаззами миллат ба вазифаи сарварии ин созмон фаъолияти он густурда гашт ва аз он рўз то ба имрўз муваффақ шуд, ки ҷиҳати густаришёбии муносибатҳои фарҳангӣ, илмию эҷодии байни форсизабонон, устувории ҷойгоҳи забон, рушди ҳаёти иқтисодӣ, таҳаввули соҳаҳои сайёҳию тиҷорат, муаррифии арзишҳои фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ нақши муассир гузорад.

Инчунин, фаъолияти мунтазами созмон ба он мусоидат кард, ки робитаи тоҷикони муқимӣ бо намояндагони марказҳои илмӣ-фарҳангии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба монанди Эрон, Афғонистон, Русия, Амрико, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Фаронса, Англия, Олмон, Шведсия, Канада, Норвегия, Покистон, Ҳиндустон, баъзе аз кишварҳои арабӣ тақвияту таҳким ёбанд. Ишитироки намояндагони марказҳои фарҳангиро дар чорабиниҳои сиёсӣ, илмӣ, фарҳангии кишвар, ки дар сатҳи давлатӣ таҷлил мешаванд, фаъол гардонад, то онҳо аз решаҳои таърихию фарҳангии гузаштагони худ огоҳ шуда, муаррифгари арзишҳо дар сатҳҳои гуногун гарданд.

Махсусан, дар сатҳи ЮНЕСКО таҷлил гардидани солгарди умри чеҳраҳои илму фарҳанги тоҷикон, аз ҷумла Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврўз аз фаъолияти густурдаи ин Анҷуман гувоҳӣ медиҳад.

Дар таърихи 07.09.2026, дар шаҳри Душанбе баргузор гаштани ҳамоиши илмӣ дар мавзуи “Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ” бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва намояндагони ҳавзаҳои илмии форсизабонон дар хориҷи кишвар низ далолат аз он мекунад, ки Ҷаноби Олӣ ба сифати роҳбари тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон талош меварзанд, ки дар доираи ин созмон масъалаҳоеро мавриди баҳсу андеша қарор диҳанд, ки бозгўкунандаи арзишҳои фарҳанги миллӣ: хатту алифбо, забону мероси пурғановат бошанд ва барои муаррифии тамаддуни ориёӣ ва густариши тамаддуни ҷаҳонӣ нақши калидӣ бозанд.

Аз ин рў, Пешвои миллат ҳақиқатан сарвари тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон мебошанд ва талошашон ин аст, ки дар раванди бархўрди тамаддунҳо бозёфтҳои ниёгон маҳв нашаванд ва меросбарони тамаддуни ориёӣ онҳоро эҳё ва соҳибӣ намоянд. Акси ҳол бегонагон ин меросро моли худ карда, барои заволи фарҳанги миллӣ фазоро мусоид мегардонанд.

Бобоҷон Самиев - мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институи фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121