ПАЁМИ ТАБРИКИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ БА НОМИ А.БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ, БА ИФТИХОРИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муҳаққиқону омӯзгорони гиромӣ!
Сарбозону афсарони шуҷои Ватан!
Ҳамватанони азиз!
Бо камоли ифтихор ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ҳамаи Шуморо ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният менамоям
Таъсиси Артиши миллӣ аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии давлатамон ба ҳисоб рафта, имрӯз он ҳамчун сипари боэътимоди Ватан, кафили суботу амният ва такягоҳи устувори давлатдорӣ нақши сарнавиштсоз дорад.
Дар тӯли беш аз се даҳсола хизматчиёни ҳарбӣ бо садоқат ба савганди ҳарбӣ, ҷасорату матонат ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва оромии ҷомеаро ҳифз намуда истодаанд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби воқеии мардонагӣ, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ба шумор рафта, дар ташаккули рӯҳияи ҳимояи Ватан дар байни ҷавонон саҳми арзишманд доранд.
Имрӯз, дар шароити тағйирёбии вазъи сиёсии ҷаҳон ва зуҳури таҳдидҳои нави амниятӣ, масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ боз ҳам бештар гардида, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар омилҳои хатарзо вазифаи муқаддаси ҳар як муҳофизи Ватан мебошад.
Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони ватандӯсти кишвар, аз ҷумла донишҷӯёну муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ-таълимӣ, бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар сафи Артиши миллӣ хизмат намуда, саҳми худро дар ҳифзи марзу буми кишвар мегузоранд. Ин раванд бозгӯи робитаи мустаҳками илм, маърифат ва ҳифзи давлатдорӣ буда, ба таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи насли солиму ватандӯст мусоидат менамояд.
Бо итминон метавон гуфт, ки сарбозону афсарони шуҷои кишвар минбаъд низ бо садоқат ба савганди ҳарбӣ, бо ҳисси баланди масъулият ва омодагии доимӣ амнияти давлат, оромии ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардуми мамлакатро ҳимоя хоҳанд кард.
Бо беҳтарин таманниёт бори дигар ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони сохторҳои низомӣ ва кулли ҳамватанонро ба ин санаи фархунда табрик гуфта, бароятон сиҳатмандӣ, сарбаландӣ, иродаи қавӣ, хизмати содиқона ва пирӯзиҳои нав орзумандам. Ба Тоҷикистони азиз сулҳу суботи поянда ва пешрафту шукуфоӣ таманно дорам.
Ид муборак, муҳофизони далери Ватан!
Бо камоли эҳтиром, Директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод!
