ОИЛА ВА НАҚШИ ОН ДАР ПОЙДОРИИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оилаи мустаҳкам яке аз арконҳои муҳимми давлату ҷамъият мебошад. Барои бо муваффақият аз ўҳдаи ин талаботҳо баромадан оилаи имрўзаи ҷамъияти мо ниёзмандӣ ёрию ғамхории муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ дар беҳтар намудани шароити моддию-маишии зиндагӣ, тарбияи кўдакон мебошад. Ҳамзамон, осудагию созишу ризоият, устувории меҳру муҳаббат ҳамчун асоси мустаҳкамии оила – бештар вазифаи худи оила аст. Ба ташкили оила, таъмини осудагию беҳбудии ў бояд бо масъулиятшиносии том муносибат кард.
Аз ин рӯ, оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд.
Рӯзи байналмилалии оила аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 20 сентябри 1993 таъсис ёфта, ҳамасола 15 май бо қарори № 47/237 таҷлил мешавад. Ҳадафи таъсиси ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи кишварҳо ба мушкилоти сершумори оила мебошад.
Масъалаи оила дар шароити муосир ислоҳоти куллии ҷамъияти Тоҷикистон, ташаккули давлати демократию ҳуқуқбунёд на танхо басо муҳим арзёбӣ мегардад, балки бо мураккабии муайян чӣ аз ҷиҳати назариявӣ ва амалӣ фарқ мекунад.
Оила ва оиладорӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ мавзўи асосии омўзиши илми фалсафаи иҷтимоӣ ва сотсиология ба шумор рафта, илмҳои зикршуда қонуниятҳои пайдоиш, ташаккулёбӣ ва пешрафти оиларо ҳамчун феномени иҷтимоӣ дар шароити мушаххаси фарҳангӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, ки дар худ падидаҳои иҷтимоӣ ва гурўҳҳои хурди онро омезиш додааст, мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Оила -институти иҷтимоӣ алоқа ё робитаи зан ва мардро мегуянд, ки идомадиҳандаи насли солим ва интиқол додани меъёрҳои фарҳанги оилаю оиладориро ба зимма доранд....
Арзишҳо – унсурҳои асосии маданияти маънавӣ буда, дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ мавқеи хоса доранд. Онҳо дар таърихи башарият чун пуштибони маънавиёт пайдо шуда, барои фаъолияти бошууронаи инсон кўмак мерасонанд.
Оила ва фарҳанги миллӣ мафҳумҳои ҷудонашавандаанд. Метавон гуфт, ки тарзи зиндагии хонаводаи тоҷикон хусусияти фарҳанги миллии моро муайян карда бошад, дар навбати худ фарҳанги тоҷикон ҳамеша посбони анъанаҳои оилаи тоҷикон буд. Фарҳанг аз арзишҳои миллӣ оғоз ёфта, ба воситаи оила – муҳити ибтидоӣ буда, дар он тавассути афсонаҳо, қиссаҳо барои кӯдакон, анъанаҳо, расму ойинҳо, мероси фарҳангии мардум ҳифз ва интиқол дода мешавад, тафаккури миллат ташаккул ва инкишоф меёбад, ягонагии маънавии халк, муттаҳидӣ таъмин карда мешавад.
Оила натанҳо асоси давлат, инчунин дар рушди шахсият, ҳифзи аъанана ва фарҳанги миллӣ ки аслан асос ва бунёди осоиши ҳамаи таносуби ботинии институтҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Анъанаҳои миллӣ асоси натанҳо пойдорӣ ва инкишофи иҷтимоиёти давлат балки шарти рушди иқтисодиёти он низ мебошад. Соҳиб ва нигоҳбонии ин сармояро оила бардуш дорад.
Дар табиати зинда амалиёти ҳайвонҳои ба дараҷаи олӣ инкишофёфта, мутобиқи инстинкти табиӣ буда бо моҳияти биологии онҳо қаблан муқаррар шудаасту аз насл ба насл интиқол мегардад. Фаъолият ва ҳамагуна рафтори инсон бошад ба воситаи механизми ахлоқию маданӣ муайян мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат, фарщанг ва маънавиёт чун «технологияи фаъолияти одамон» хизмат мекунад.
Фарҳанг дар инсон қобилияти дарк кардани муҳаббат, лаззати зебопарастиро тарбия ва ташаккул додааст. Дар асоси ин дар инсон парастиши муҳаббати романтикӣ ба вуҷуд омад. Ба ақидаи ҷомеашинос олмонӣ И.Кант фарҳанг ҳамчун “василаи сеҳрнок” аст, ки майли “бетартибонаи шаҳвониро ба низоми олӣ, талаботи ҳайвониро ба муҳаббат” табдил дод.
Робитаи мутақобилаи фарҳанг ва оила алалхусус дар рафтори инсонпарварона нисбат ба муайянкунии фарҳанг равшан зоҳир мегардад. Вақте ки фарҳанг ҳамчун ченаки инкишофи инсоният ба тариқи фардӣ баҳо дода шудааст, вай ба ҳайси муҳимтарин вазифаи одамофар баромад мекунад.
Оила ва муносибатҳои оилавӣ хусусияти решагӣ (қадима) дорад, аз ин рў,чӣ гуна парваридани он аз пойдевори маънавиёт ва иҷтимоиёт вобастагӣ дорад. Бе надоштани тасаввурот дар бораи маънавиёт, маърифати хонаводагӣ ва фарҳанги оиладорӣ, никоҳ ва оила маънои томи ҳаёти ҳамсариро ифода карда наметавонад.
Оила инчунин сарчашмаи омўхтан, азхуд кардани донишҳои ахлоқӣ, таҷрибаи одобу рафтор, танзими муносибатҳои байни волидайн ва фарзандон ва дигар аъзоёни оила мебошад. Анъанаи муҳими халқи тоҷик –эҳтироми хос ба падару модар, ба калонсолон аз оила сарчашма мегиранд.
Натанҳо тарбияи ин услубу одоб, балки талаботҳои оддитарини ахлоқӣ, ки аз талаботи меъёрҳои иҷтимоии фалсафаи Зардуштия оѓоз мегардад – пиндори нек, рафтори нек, гуфтори нек низ аз тарбияи оилавӣ сарчашма меёбад. Қайд намудан ба маврид аст, ки аз се талаботи номбаршуда аз ҳама мўҳимтаринашро Зардушт – гуфтори нек –ростқавлӣ меҳисобид.
Ҳанўз мутафаккирони гузаштаи мо Абўалӣ ибни Сино (асри Х), Насриддини Тўсӣ (асри ХIII) таълимотҳое оид ба ташкили ҳаёти оилавӣ ҳидоят намудаанд, ки бидуни маҳдудияти таърихии худ имрўз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд.
Ибни Сино дар рисолаи ба оила бахшидааш – «Тадбири манзил» ташкили оиларо, - таъкид менамояд, - бояд аз сохтани манзил оғоз кард. Баъд аз никоҳ оила мешавад, ки дар он мард сардори оила, зан муовини ў. Ибни Сино ва Насриддини Тўсӣ вазифаҳо ва масъулияти зану шавҳар ва ҳар як аъзои оиларо бо ҳиссиёти ғамхорӣ ва меҳрубонӣ муайян мекунанд.
Масъулияти ҷиддитарин - некуаҳволӣ, эҳтироми якдигарӣ, вазифадориро ба дўши сардори оила (хонавода) мегузоранд.
Насриддини Тўсӣ вазифаҳои оиларо номбар менамояд: идомаи насл, нигоҳ доштани молу мулк, тарбияи фарзандон, идораи хоҷагии хонавода, поси чароғи хона ва қобилияти аз ўҳдаи ин вазифаҳо баромаданро мутафаккир «санъат» меномад. Вай кўшиш менамояд, то мақому вазифаҳои зану шавҳарро муқаррар намояд. Меҳвари (решаи) рафтори ҳамаи аъзоёни оиларо Тўсӣ ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ мешуморид.
Вазифаҳои оила дар ҷомеаи муосири тоҷик воситаи муҳимми тартиби иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ мебошанд.
Оила вазифаҳояшро дар робита бо тамоми муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ, мактабу маориф, соҳаи санъат иҷро менамояд. Ҳамаи вазифаҳои оила муҳим мебошанд, вале вазифаҳои идомаи насли инсоният ва тарбиявии оила боз ҳам муҳимтаранд.
Яке аз муҳимтарин арсаҳое, ки таъсири падидаи ҷаҳонишавӣ таѓйироти умдаеро пазиро мебошад, ниҳоди хонавода аст. Ҷаҳонишавӣ фарҳанги оиларо ба истеъмолгароӣ кашондааст.
Ҷомеаи нави ҷаҳонӣ истеъмолгароёнеро ба вуҷуд меоварад, ки рафтори онҳо комилан бо шеваи зиндагии насли пешин фарқ дорад. Онҳо истеъмолгарони ормонӣ ҳастанд. Яъне истеъмоли онҳо бар пояи лаззатгароӣ аст ва ҳеҷ майле ба пасандозу оянданигарӣ надорад.
Ба назар мерасад, ки омилҳое, монанди истеъмолгароӣ, истиқлоли фардӣ, густариши иртибототи маҷозӣ, боиси коҳиш ёфтани фарҳангҳои миллӣ гардидаанд ва ҷойгоҳи муҳими падару модарро, ки муҳимтарин нақшро дар тарбияи иҷтимоӣ ва ахлоқии кўдакон доранд, дар хонавода заиф кардаанд. Канда шудани пайванди наслҳо низ маҳсули чунин фароянд мебошад.
Аломатҳои умумибашарӣ ифодакунандаи манфиату зиддиятҳои умумии давраҳои мушаххаси инкишофи маданият мебошад. Махсусан дар замони пешрафти босуръати ҷаҳони иттилоотӣ, фарҳангу ахлоқи афроди ҷомеа ба вижа бисёре аз наврасон ва ҷавонон ба далели истифодаи зиёди Интернет, тамошои беш аз ҳад ва бидуни назорати барномаҳои моҳвораӣ гирифтори хурофотпарастӣ, коҳиш ёфтани эътиқодот ва, аз ҳама муҳимтар, ба коста шудани ҳувияти шахсияти онҳо анҷом мегиранд.
Дар давраи инқилоби ахборӣ ва ҷаҳонишавӣ мақоми ниҳоди оила ҳамчун ҳомии симои миллӣ ва анъанаҳои хоси он, омили муҳимми устувории онҳо бебаҳо мебошад.
Оила мактаби башардӯстӣ буда, ғамхорӣ ва масъулиятшиносӣ нисбат ба гузашта ва оянда мебошад. Дар оила хар яки мо ба ду қувваи бузурги иҷтимоӣ — меҳнат ва муошират (берун аз ин ченакҳои иҷтимоӣ, ба назари мо, мавҷудияти оила ғайриимкон аст) – такя менамоем, ки ин ниҳод тадриҷан тасаввуротро дар бораи худшиносӣ, шаъну шарафи ботинии шахси дигар ташаккул медиҳад, эҷодиёти оилавӣ шахсро бо риштаҳои аввалини хешутаборӣ ба ҳамдигар муфид, хеле мустаҳкам мепайвандад.
Дар ҷаҳони имрўз пешрафти технологӣ дар заминаи иртиботот боиси ба вуҷуд омадани муносибатҳои иртиботии зиёде дар саросари ҷаҳон шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба рушду густариши расонаҳои иртиботи оммавӣ ва истифодаи рўзафзун аз ин фановариҳои муосир, бавижа шабакаҳои моҳвораӣ, унсурҳои фарҳангии наве дар миёни хонаводаҳо ва ҳарими хусусии онҳо ворид гаштаанд, ки боиси пайдоиши рафторҳо, нигаришҳо ва боварҳои гуногуне дар миёни онҳо шудааст. Вобаста ба ин вазъ доштани хонаводаи солим аҳаммияти бештаре касб мекунад, зеро хонавода аз бунёдитарин ниҳодҳои ҷомеа ва шарти саломату бақои он аст. Бинобарин саломатии ҷомеа дар гарави доштани оилаи солиму дорои ахлоқи ҳамида аст. Чун аз воқеияти муносибатҳои имрӯзаи ҷавонон пайваста ба назар коҳишёбии ахлоқи онҳо ва заъфи меъёрҳои ахлоқию маънавии насли мо аз фоҷеаҳои даҳшатовар анҷом ёфтани онҳо рӯз аз рӯз меафзояд, ки пайваста аз тариқи расонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ ҳамаи мо огоҳӣ дорем...
Барои инсон берун аз ҷомеа ва талаботҳои он зиндагӣ кардан имконнопазир аст. Вобаста ба ин якчанд пешниҳодро оид ба масъалаи дар фавқ зикршуда зарур ва муҳим мешуморем:
Пешниҳод:
1. Дуруст ва мақсаднок ба роҳ мондани истифода Интернет аз ҷониби аъзоёни оила;
2.Маҳдуд кардани истифодаи телефонҳои мобилӣ, новобаста аз пайваст будан ё набуданаш ба интернет барои насли наврас;
3. Алоқаи зич доштани волидон бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва роҳбарони синф барои тарбияи фарзандон;
4. Омӯзонидани фанни маърифати оиладорӣ аз ҷониби устодони собиқадор;
5 Ташкил кардани суҳбату вохуриҳои равоншиносон бо духтарону писарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;
6. Кумитаҳои дахлдор, аз ҷумла масъулини кор бо оила дар якҷоягӣ бо синамогарони тоҷик ҷиҳати муаррифию таблиғ ва тақвият бахшидани арзишҳои фарҳанги миллӣ ва маърифати оилаи тоҷик дар масири таърих филмҳои кутоҳмуддати тарбиявӣ таҳия намуда, тариқи институти ВАО (телевизион, сомонаҳои иҷтимоӣ) намоиш медоданд, ба манфиати кор мебуд.
АБИЛЗОДА ГУЛАНДОМ САРДОР-номзади илмҳои фалсафа, мудири
шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ
