САБАБҲО, ХАТАРҲО ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ТОҶИКИСТОН (таҳлили натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ)
Анататсияи
монографияи Шоисматуллоев Ш., Мирзода Ф.С. “Сабабҳо, хатарҳо ва роҳҳои пешгирии экстремизм дар Тоҷикистон”
Монографияи «Сабабҳо, хатарҳо ва роҳҳои пешгирии экстремизм дар Тоҷикистон» таҳлили натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ мебошад, ки соли 2024 бо ташаббуси Раёсати Академияи милли илмњои Тољикистон аз тарафи шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ байни кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузаронида шудааст. Ин таҳқиқот ба омӯзиши сабабҳои асосии гаравиши шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротгаро, хатарҳои асосии экстремизм, инчунин таҳияи тавсияҳо барои пешгирии ин падидаҳо дар шароити муосири Тоҷикистон бахшида шудааст.
Монография бо таҳлили ҳамаҷониба равишҳои гуногуни пешгирӣ аз паҳншавии идеологияҳои экстремистӣ, таъсири онҳо ба сохтори иҷтимоӣ ва устувории миллиро баррасӣ намуда, ба зарурати ҳамкории байни ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ишора мекунад. Таваҷҷуҳ ба масъалаҳои таълими ҷавонон, пешгирӣ аз хурофот ва густариши маърифатнокӣ баёнгари аҳамияти илмию амалӣ ва иҷтимоии ин монография мебошад.
Дар монография ба таври равшан таҳдидҳои асосии идеологияҳои радикалӣ ва роҳҳои муқовимат ба онҳо нишон дода шудаанд. Муаллифон ба таври муваффақона таҳлил намудаанд, ки чӣ тавр омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ ба паҳншавии экстремизм ва терроризм таъсир мерасонанд.
Яке аз қисматҳои ҷолиби монография тавсияҳои амалӣ мебошад, ки барои пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм пешкаш шудаанд. Аз ҷумла, муаллифон зарурати ҳамкории муассир байни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои таълимиро таъкид намудаанд. Дар монография ба нақши муассисаҳои таълимӣ дар баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таҳкими ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.
Монография дорои аҳамияти назариявӣ ва амалӣ буда, на танҳо барои таҳқиқотчиён ва донишҷӯён, балки барои сиёсатмадорон ва коршиносони амнияти миллӣ низ манбаи муҳим ба ҳисоб меравад.
