Skip to main content
Муфассал ...

ТАЪРИХИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МИНТАҚАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Дар Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ таҳқиқоти хеле арзишманд роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва рушди ҳуқуқи байналмилалӣ дар шакли монография анҷом дода шуда, таҳти унвони «ТАЪРИХИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МИНТАҚАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» солҳои 2019-2024 дар нашриёти «Дониш»-и АМИТ аз чоп баромад.

Монография аз шаш қисм иборат мебошад. Қисми 1-уми ин монография дар бораи масъалаҳои назариявӣ ва методологии пайдоиш ва рушди ҳуқуқи байналмилалӣ баҳс мекунад. Монография ба масъалаҳои назарияи пайдоиш, ба давраҳо тақсим кардан, хусусиятҳои ташаккули таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун фанни мустақил ва омӯхтани таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар марҳилаи муосир ва дурнамои он равшанӣ меандозад.

Дар Қисми 2-юми монография пайдоиш ва рушди ақидаҳо ва одатҳои байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар Аҳди қадим ҳамаҷониба баррасӣ гардида, ба масъалаҳои назариявии пайдоиши сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ – шартномаҳо ва одатҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои ҷавобгарӣ ва субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ, мақоми байналмилалӣ-ҳуқуқии хориҷиён ва қаламрав, таносуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва дохилӣ, ташаккулёбии маъқулаҳои калидии ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар Аҳди қадим равшанӣ андохта мешавад.

Қисми 3-юми монография пайдоиш ва инкишофи институтҳо ва соҳаҳои асосии ҳуқуқи байналмилалиро дар асрҳои VI-XII ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор додааст. Монография ба хусусиятҳои рушди байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дар давраи хилофати арабҳо, ташаккулёбии    институтҳои    (ниҳодҳои) асосии    ҳуқуқи байналмилалӣ  дар  минтақаи  Осиёи  Марказӣ - ҳуқуқи байналмилалии шартномаҳо, ҳуқуқи сафорат, ҳуқуқи байналмилалии тиҷорат, ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар Мовароуннаҳр ва Хуросон дар давраи Сомониён ва рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар асарҳои муҳаққиқони машҳури асримиёнагӣ равшанӣ меандозад.

Қисми 4-уми монографияи мазкур пайдоиш ва инкишофи ҳуқуқи байналмилалиро дар асрҳои XIII-XVI ҳамаҷониба баррасӣ намудааст. Монография ба хусусиятҳои рушди муносибатҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дар даврони муғулҳо ва темуриён дар минтақаи Осиёи Марказӣ - шартномаҳо ва одатҳои байналмилалӣ, қонунҳои муғулӣ (Ёсо) ва темурӣ (Тузукҳо), қаламрав ва сарҳадоти давлатҳо, ҳуқуқи робитаҳои беруна, ҳуқуқи байналмилалии тиҷорат, афкори байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дар асарҳои ҳуқуқдонҳои машҳури асримиёнагӣ равшанӣ меандозад.

Қисми 5-уми монография пайдоиш ва рушди институтҳо ва соҳаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар асрҳои XVII - ибтидои асри XХ-ро ба таҳқиқ кашидааст. Монография ба сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ – шартномаҳои ба имзорасида байни субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ – аморати Бухоро, хонигариҳои Хева ва Қӯқанд ва мубаддал шудани онҳо ба протекторатҳои империяи Русия равшанӣ меандозад.

Қисми 6-уми монография ба муносибатҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар давраи ташаккулёбӣ ва рушди давлатдории шуравии халқҳои Осиёи Марказӣ дар чоряки аввали асри ХХ, ворид шудани ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайати ИҶШС, иштироки ин ҷумҳуриҳо дар муносибатҳои байналмилалии ИҶШС, пошхӯрии ИҶШС ва таъсисёбии давлатҳои ҷавони соҳибистиқлол дар охири асри ХХ, самтҳои асосии рушди комилҳуқуқии байналмилалии давлатҳои ҷавони соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ дар асри ХХI, муайян кардани таносуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ дар конститутсияҳои давлатҳои ҷавони соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ, рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар ин давлатҳо ва аҳамияти таҳқиқи инкишофи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ барои давлатҳои ҷавони соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ равшанӣ меандозад.

Монография аз ҷониби ходимони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар ҳайати зерин таълиф шудааст: Раҷабов С.А., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъба (роҳбари гурӯҳ); ходимони калони илмии шуъба Раҷабов М.Н., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент; Идизода Ф.Ф., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ; Раҷабов Ф.Н., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ; Ҷабборов Ф.Н., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ; Назарзода Д.Қ., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ; Маҳмадуллозода Н.Р., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ба ин монография олимони зерин муқарриз буданд: Раҳимзода М.З. – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ; Бӯризода Э.Б. – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ; Мирзоев А.М. - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; Ҳамидова М.Ф.  - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.

Монография барои олимон, муҳаққиқон, аспирантон, докторантони PhD, магистрон, донишҷӯён ва ҳамаи онҳое, ки ба масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мароқ зоҳир мекунанд, тавсия карда мешавад. Монография бо қарори Шурои илмии табъу нашри АМИТ ба чоп тавсия шудааст.

Ба роҳбарияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов Маҳмадизода Н.Д. ва ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аъзои вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қ.Х. барои мусоидат дар нашри монография изҳори сипос менамоем.

 

10
3123123