КИТОБИ ТОЗАНАШР ОИД БА ҶАҲОНБИНИИ ИЛМӢ
Дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон монографияи доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директор оид ба илм ва таълими Институт Зиёӣ Хуршед Махшулзода таҳти унвони “Ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди инсоният” (Нашриёти «Илм», 20 ҷузъи чопӣ) ба нашр расид.
Дар монография бо такя бо сарчашмаҳо ва тақиқоти муосир мафҳум ва моҳияти илму ҷаҳонбинии илмӣ, фарқияти онҳо аз ҷаҳонбинии ғайриилмӣ ва омилҳои рў овардани инсон ба донишҳои ғайриилмӣ равшан карда шуда, таърихи ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва муборизаҳои он бо ғайриилмият нишон дода шудааст.
Дар асоси ин таносуби ҷаҳонбинии илмӣ ва табиат, ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеа таҳлил гардида, мушкилоти он дар даврони муосир ва воситаҳои рушди ҷаҳонбинии илмии шахс ва ҷомеа ва масъалаҳои амсоли он таҳқиқ гардидаанд.
Монография аз сарсухан, охирсухан ва се боб иборат аст:
Боби 1. “Моҳияти илм ва ғайриилмият” (1.1 Илм: мафҳум ва моҳияти он, 1.2 Моҳияти ҷаҳонбинии илмӣ ва фарқияти он аз ҷаҳонбинии ғайриилмӣ, 1.3 Омилҳои рў овардани инсон ба донишҳои ғайриилмӣ ).
Боби 2. “Аз таърихи ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ” (2.1 Ҷаҳонбинии илмӣ дар таърихи мардуми Миср, Байнаннаҳрайн ва Ҳинду Чини қадим, 2.2 Юнони қадим - гаҳвораи ҷаҳонбинии илмӣ, 2.3 Ҷаҳонбинии илмӣ ва ғайриилмият дар Шарқ, 2.4 Муборизаи ҷаҳонбинии илмӣ ва ғайриилмият дар таърихи инсоният) .
Боби 3. “Ҷаҳонбинии илмӣ ҳамчун омили асосии рушди инсоният дар даврони муосир» (3.1 Ҷаҳонбинии илмӣ ва табиат: мутеъсозӣ ё ҳамоҳангӣ?, 3.2 Ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеа: интихоб байни прогресс ва регресс, 3.3 Мушкилоти ҷаҳонбинии илмӣ дар даврони муосир, 3.4 Воситаҳои рушди ҷаҳонбинии илмии шахс ва ҷомеа).
Монография барои муҳаққиқони таърихи илм ва тамоми ҳаводорони андешаҳои илмӣ-фалсафӣ пешбинӣ гардидааст.