Skip to main content

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПВЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛИ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТИ ҲАШТУМИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОЗАРБОЙҶОН

8 октябри соли 2026 дар минтақаи сайёҳии миллии «Аваза»-и Ҷумҳурии Туркманистон Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минтақавӣ суханронӣ карданд. Дар мулоқот роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон иштирок намуданд.

Мулоқоти мазкур дар шароите баргузор гардид, ки таҳаввулоти геополитикӣ, тағйирёбии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, зарурати таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳои нақлиётиву энергетикӣ аҳаммияти ҳамоҳангсозии сиёсати давлатҳои минтақаро бештар мегардонад. Дар чунин вазъият муколамаи мунтазами роҳбарони давлатҳо барои муайян намудани манфиатҳои муштарак, баррасии масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва таҳкими фазои эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.

Дар оғози суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов барои пазироии самимӣ ва сатҳи баланди ташкили мулоқот изҳори сипос намуда, раёсати муваффақонаи Туркманистонро дар раванди машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон табрик карданд.

Яке аз масъалаҳои марказии суханронии Пешвои миллатро истифодаи самараноки имкониятҳои иқтисодии давлатҳои минтақа ташкил дод. Тоҷикистон бар он назар аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дорои захираҳои назарраси табиӣ, энергетикӣ, саноатӣ ва инсонӣ мебошанд. Ҳамоҳангсозии ин имкониятҳо метавонад ба рушди истеҳсолоти муштарак, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ мусоидат намояд.

Дар ин замина, зарурати ташкили корхонаҳои муштарак, рушди маҷмааҳои саноатӣ ва афзоиши коркарди ашёи хом дар дохили минтақа муҳим арзёбӣ гардид. Чунин равиш имкон медиҳад, ки кишварҳо на танҳо ба содироти захираҳои табиӣ такя кунанд, балки маҳсулоти дорои арзиши иловашуда истеҳсол намуда, мавқеи худро дар бозорҳои байналмилалӣ тақвият бахшанд.

Дар баробари ин, Пешвои миллат ба аҳаммияти ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, инноватсия ва зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Ба андешаи таҳлилӣ, рушди иқтисодиёти муосир бе рақамикунонии истеҳсолот, такмили низоми идоракунӣ ва истифодаи технологияҳои пешрафта маҳдуд мегардад. Аз ин рӯ, ҳамкории кишварҳои минтақа дар самти мубодилаи таҷриба, омодасозии мутахассисон ва татбиқи технологияҳои нав метавонад барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ аҳаммияти калон дошта бошад.

Самти дигари муҳими суханронии Президенти Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ буд. Энергетика барои рушди саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва дигар бахшҳои иқтисодиёт аҳаммияти бунёдӣ дорад. Дар шароити афзоиши талабот ба неруи барқ ва зарурати таъмини устувории истеҳсолот, истифодаи оқилонаи захираҳои энергетикӣ ва рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба вазифаҳои муҳими кишварҳои минтақа табдил ёфтаанд.

Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки масъалаи таҳияи рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятноки энергетикӣ ва муайян намудани механизмҳои эҳтимолии маблағгузории муштараки онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Ҳамчунин, аҳаммияти таҳияи лоиҳаи бузурги корхонаи коркарди нафт бо истифода аз технологияҳои муосир ва бо назардошти талаботи кишварҳои минтақа таъкид гардид. Дар баробари ин, пешниҳоди таҳияи стратегияи минтақавии гузариш ба иқтисодиёти «сабз», рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи неруи барқ аз ҷумлаи ташаббусҳои муҳими баёншуда маҳсуб меёбад. Амалӣ намудани чунин иқдомҳо метавонад ба коҳиш додани таъсири манфии фаъолияти истеҳсолӣ ба муҳити зист ва таҳкими амнияти энергетикӣ мусоидат кунад.

Дар шароити тағйирёбии роҳҳои тиҷорати ҷаҳонӣ ва афзоиши аҳаммияти долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, масъалаи таҳкими робитаҳои транзитӣ ва логистикӣ мавқеи махсус дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳсор ва аз бандарҳои баҳрӣ дур мебошад, ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар суханронии худ Пешвои миллат зарурати рушди долонҳои бисёрнамуди нақлиётиро, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро бо дигар минтақаҳои ҷаҳон мепайванданд, таъкид карданд. Ҳамзамон, бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ, инфрасохторӣ ва ташкилии ҳаракати нақлиёт, содагардонии расмиёти ҳамлу нақл ва суръат бахшидан ба рақамикунонии хизматрасониҳои нақлиётӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Рушди чунин долонҳо метавонад ба афзоиши гардиши мол, коҳиш ёфтани хароҷоти нақлиётӣ, беҳтар гардидани шароити содироту воридот ва тақвияти робитаҳои иқтисодии кишварҳо мусоидат намояд. Дар ин раванд ҳамоҳангсозии сиёсати гумрукӣ, такмили инфрасохтори сарҳадӣ ва ташкили низоми самараноки мубодилаи иттилоот аҳаммияти махсус пайдо мекунад.

Яке аз пешниҳодҳои муҳимми Пешвои миллат таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Ин ташаббус ба зарурати истифодаи имкониятҳои технологияҳои муосир барои рушди иқтисодиёт, маориф, илм, тандурустӣ ва идоракунии давлатӣ иртибот дорад. Таъсиси чунин марказ метавонад барои муттаҳид намудани иқтидори илмӣ ва инноватсионии кишварҳои минтақа, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва густариши ҳамкориҳои технологӣ замина фароҳам оварад. Ҳамзамон, рушди зеҳни сунъӣ бояд бо такмили инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани саводи рақамии аҳолӣ ва омодасозии мутахассисони соҳа ҳамоҳанг бошад.

Аз ин нуқтаи назар, пешниҳоди Тоҷикистон на танҳо аҳаммияти миллӣ, балки мазмуни минтақавӣ низ дорад, зеро рушди технологияҳои рақамӣ метавонад робитаҳои иқтисодӣ ва илмии давлатҳоро тақвият дода, барои ташаккули фазои ягонаи инноватсионӣ мусоидат намояд.

Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳиш ёфтани захираҳои об ва тӯфонҳои чангу ғубор низ ҷойгоҳи муҳим доштанд. Ин мушкилот хусусияти фаромиллӣ дошта, ба вазъи экологӣ, рушди кишоварзӣ, саломатии аҳолӣ ва амнияти озуқавории кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасонанд.

Барои Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги пиряхӣ ва манбаъҳои ташаккули оби минтақа мебошад, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои об аҳаммияти стратегӣ дорад. Аз ин рӯ, густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва пешгирии офатҳои табиӣ ба манфиатҳои дарозмуддати ҳамаи давлатҳо ҷавобгӯ мебошад.

Ҳамзамон, Пешвои миллат ба зарурати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон таваҷҷуҳ карданд. Ин самтҳо барои таҳкими эътимоди байнидавлатӣ, густариши робитаҳои мардумӣ ва таъмини рушди устувори минтақа заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мулоқоти ҳаштуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон бозгӯи ҷонибдории Тоҷикистон аз рушди ҳамкориҳои созанда, муколамаи сиёсӣ ва ҳалли масъалаҳои минтақавӣ дар асоси манфиатҳои муштарак мебошад. Механизми машваратии сарони давлатҳо имконият медиҳад, ки кишварҳои минтақа мавқеъҳои худро оид ба масъалаҳои муҳим ҳамоҳанг созанд ва ташаббусҳои муштаракро ба барномаҳои амалии ҳамкорӣ табдил диҳанд.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи мулоқот Изҳороти муштараки ҳаштуми мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон қабул гардида, инчунин қарор оид ба ҳуҷҷатҳои меъёрии фаъолияти ин формати машваратӣ ба имзо расид. Ин иқдом барои таҳкими заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии ҳамкориҳо ва муайян намудани роҳҳои минбаъдаи рушди робитаҳои байнидавлатӣ аҳаммият дорад.

Ҳамин тариқ, иштироку суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти ҳаштуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро метавон ҳамчун қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ арзёбӣ намуд. Самтҳои пешниҳодшуда, ба мисли рушди иқтисодиёт ва саноат, ҳамкориҳои энергетикӣ, густариши долонҳои нақлиётӣ, рақамикунонӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, ҳифзи муҳити зист ва таҳкими робитаҳои гуманитарӣ, ки ба ҳадафҳои рушди устувор ва баланд бардоштани рақобатпазирии давлатҳои минтақа мувофиқат мекунанд.

Аҳаммияти асосии ин мулоқот дар он ифода меёбад, ки ҳамкориҳои минтақавӣ тадриҷан аз муколамаи сиёсӣ ба самти татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси иқтисодӣ, технологӣ ва экологӣ равона мегарданд. Тоҷикистон дар ин раванд ҷонибдори густариши муносибатҳои дӯстона, эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо ва пешбурди ташаббусҳое мебошад, ки ба таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат мекунанд.

Бедилзода Ҳ.К. мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии

Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳовиддинови АМИТ.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121