ЗАБОН УНСУРИ МУҲИМИ ХУДШИНОСӢ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
“Имрӯз забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини давлати соҳибистиқлоли тоҷикон эътироф гардидааст”. Эмомалӣ Раҳмон”.
Забон унсури муҳими худшиносии миллӣ ва бақои миллат мебошад. Дар марҳалаҳои таърих, забон воситае буда, ки нампояндагони як миллат ва халқро ба ҳам муттаҳид намуда ва барои пойдории он дар набардҳои таърихӣ нақши мондагорро бозидааст. Имрӯз дар муносибатҳои байналхалқӣ вуҷудияти як давлати мустақил бо воситаи забони давлатии он аст. Дар ҳолати муаррифӣ намудани як давлат, забони расмии давлатӣ қайд карда мешавад. Яъне забони давлатӣ имрӯз рукни асосии шинохти як давлат ва давлатдорӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ низ мебошад.
Забони миллат дар таърихи як халқ чи нақшеро иҷро менамояд? Забон пеш аз ҳама унсуримуҳимми нутқ аст, ки рисолати аосии иҷтимоиро иҷро менамояд. Забон воситаи муошират ва интиқолдиҳандаи таҷриба ва донишҳо аз як насл ба насли дигар мебошад.
Инчунин забон ҳамчун шакли фарҳанг, тафаккур ва арзишҳои фарҳангиро дар фазо ва вақт ҳифз мекунад. Вазифаи асосии забони миллӣ низ дар ҳифз ва интиқоли фарҳанг аз як насл ба насли дигар ифода меёбад. Забон ҳамчун оинаест, ки дар он, на танҳо олами воқеии ҳаёти инсон, балки шуури ҷамъиятии ҷомеа, тафаккур, менталитет, тарзи зиндагӣ, анъана, расму оин, ахлоқ, низоми арзишҳо инъикос ва ифода меёбанд.
Тафаккур, ки танҳо хоси инсон аст, дар якҷоягӣ бо нутқ ва фаъолияти инсон вуҷуд дорад. Ҳар яккалима ва вожа маҳсули тафаккури инсон ва ҳисси миллии он аст. Маҳз тавассути забон мо моҳияти Ватан ва Модар, эҳтиром ба онҳоро дарк мекунем. Ҳамзамон бо воситаи сухан, забон ва нутқи маъноӣ мо моҳияти ҳаёт, эҳтиром ба Ватанро ҳис мекунем ва арзишҳоро дарк менамоем. Ба қавли устоди равоншод Муъмин Қаноат сухан ин қудрат аст ва он қудрати офаринандагӣ дорад:
Суханро вазну тамкини замин бояд,
Суханро қудрати ҷонофарин бояд.
Дар раванди таърих низ, забони мо нишонаи асосии вуҷудияти халқи тоҷик будааст. Дар давоми набардҳои таърихӣ ва давраҳои «бедавлатӣ», маҳз забони тоҷикӣ – забони модарии мо нақши ваҳдатофарини миллати тоҷикро бозидааст. Аз ин рӯ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ як халқ, маҳз тавассути забон ба вуҷуд меояд. Пас, забон ин воситаи муҳими дарки фарҳанг, маданият, расму оин, арзишҳои як миллат будааст, ки бо воситаи тафаккури миллӣ ифода меёбад. Донишманде гуфта, ки «танҳо дар сухан рӯҳ зинда аст».
Забон инчунин воситаи фарқкунандаи як халқу миллат аст. Бо воситаи забон як девори «ҷудокунанда» ё «фарқкунанда” байни ду қавм ё миллат гузошта мешавад, мисли «мо» ва «онҳо». Аз ин рӯ, забон дар вазъиятҳои сиёсии муайян метавонад маъноҳои зиёдеро дар худ гирад ва ба рамзи умумимиллӣ табдил гардад, яъне ҳамчун воситаи “этно-диференсиатсионӣ” гардад. Этно-диференсиатсия ҳамчун истилоҳи фалсафию фарҳангӣ ва ҷомеашиносӣ раванди эмотсионалию маърифатие мебошад, ки як қавм ва ё гурӯҳи одамонро аз рӯи аломатҳои этникӣ, аз он ҷумла забон, таърих, фарҳанг, расму анъанаҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ ва дигар нишонаҳо аз қавмҳои дигар фарқ мекунад. Инчунин аломати фарқкунандаи «мо» ва «онҳо» дар раванди таърих қавмҳоро бо ҳамин аломатҳо ҷудо намуда ин арзишҳоро то ба имрӯз мондагор кардааст.
Аз таърихи 22-юми июли соли 1989 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ эълон гардид. Ин буд, ки то соли 2009, 22-юми июл ҳамасола дар қаламрави кишвар Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардид. Дар асоси тағйирот дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.09 с., № 699) аз соли 2009 дар ҷумҳурӣ 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Имрӯз дар ҷаҳон аз 4 то 5 ҳазор забон вуҷуд дорад, ки ин шумора аз теъдоди давлатҳо зиёд аст. Барои мо шарафи бузург аст, ки забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол – забони тоҷикӣ аст. Забони тоҷикӣ рамзи давлатдорӣ, воситаи муҳими шинохти давлат ва рамзи миллии мо тоҷикон аст. Бо ин забони давлатӣ, Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ сухан меронад, ки нишон аз ифтихори ҳар як шаҳрванд ва давлатдории миллии мо мебошад.
**Бояд қайд намуд, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таҳким ёфт. Бо забони давлатӣ тамоми коргузорӣ ба роҳ монда шудааст, асарҳо эҷод мегарданд, китобҳо ба чоп мерасанд. Бо ин забон ҳамоишҳои муҳимми адабию фарҳангӣ – озмунҳои маърифатӣ тӯли чанд сол аст, ки ба роҳ монда шудаанд. Ин ҳамоишҳо муҳимми маърифатӣ, аз як тараф, барои маърифаткунонии аҳли ҷомеа бошад, аз дигар тараф барои арҷ гузоштан, эҳтиром қоил будан ва ҳифзи он мероси гаронбаҳои адабӣ ва илмии тоҷикон аст, ки дар тӯли садсолаҳо фарзона фарзандони ин миллат барои пойдории он ба забони ноби тоҷикӣ офаридаанд. Маҳз ин мероси гаронбаҳои халқи бузурги тоҷик сабаб гардидааст, ки дар набардҳои ноадолатонаи таърихӣ ин миллат то ба имрӯз вуҷуд дошта бошаду аз файзи даврони соҳибистиқлолӣ баҳра барад ва Суруди миллии худро бо ибораҳои «зи дурии замонаҳо расидаем, ба зери парчами ту саф кашидаем…» сарояд. Воқеан дар Суруди миллӣ хотираи бузурги таърихии халқи тоҷик инъикос гардидааст. Чуноне Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Дар тӯли таърих забони форсӣ – дарӣ – тоҷикӣ ба фишору таҳдидҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидааст, вале абармардони сиёсат ва илму фарҳанг дар тамоми давраҳои таърих барои нигаҳдории он талошу кӯшишҳои зиёд ба харҷ додаанд”. (Эмомалӣ Раҳмон. Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ.04.10.2025. Манбаи электронӣ: https://www.president.tj)
Ҳамзамон, таҳкими забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун забони давлатӣ муҳим буд, чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гириромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад. Вазифаи асосӣ аз он иборат аст, ки рушди забони давлатиро дар муносибат бо талаботи замони муосир ва навовариҳои илмии муосир таъмин намоем. Дар ин раванд мо бояд талош варзем, ки забони миллии мо дар баробари ҳифзи арзишҳои миллӣ, барои рушди илму маориф, технология ва муносибатҳои байналмилалӣ низ имконият фароҳам оварад.
Нусратулло Зокирзода, мудири кафедраи фалсафаи Раёсати тайёр кардани
кадрҳои илмии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа.
