НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ
Маориф дар ҳама давру замон ба ҳайси пояи устувори рушди давлат ва ҷомеа шинохта мешавад. Бе кадрҳои соҳибдониш, ҷаҳонбинии илмӣ ва зеҳни рушдёфта, давлат наметавонад ба дастовардҳои бузург ноил гардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи истиқрори ҷомеаи мутамаддин ва давлатдории муосир қадам мегузорад, соҳаи маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд: «Маориф – оинаи давлат ва миллат аст. Бе рушди маориф пешрафти Ватан имконнопазир мебошад». Ин суханон баёнгари онанд, ки сарвари давлат ба соҳаи маориф ҳамчун омили калидии рушди устувор ва пойдории давлатдорӣ менигарад.
Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат як қатор стратегияҳо ва барномаҳои миллӣ қабул гардиданд, ки самтҳои асосии онҳо таъмини дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, ҳамқадам бо низоми ҷаҳонӣ ва рушди нерӯи инсонӣ мебошанд. Аз ҷумла:
- Стратегияи миллии рушди маорифи Љумњурии Тољикистон барои давраи то соли 2030;
- Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар Љумњурии Тољикистон ;
Дар давраи Истиқлолият бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ муассисаи нави таълимӣ сохта шудааст. Мактабҳои деҳотӣ бо китобхона, озмоишгоҳҳои фаннӣ ва толорҳои варзишӣ таъмин гардида, сатҳи фарогирии хонандагон ба таври назаррас баланд шудааст.
Сардори давлат њангоми суханронї ба муносибати рўзи дониш ва дарси сулњ таъкид доштанд, ки " Дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.
Имрӯз дар соҳаи маориф 11 лоиҳа ба маблағи 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.Тайи даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд".
Бо дастгирии давлат муассисаҳои таълимии олӣ низ таҷдид ва муҷаҳҳаз гардида, донишгоҳҳои пешсаф ба низоми кредитии таълим ва ҳамкории байналмилалӣ пайваста истодаанд.
Пешвои миллат борҳо қайд намудаанд, ки омӯзгор устоди насли оянда ва нерӯи пешбарандаи ҷомеа аст. Аз ин рӯ, барои боло бурдани мақоми омӯзгор тадбирҳои зерин роҳандозӣ шудаанд:
- афзоиши мунтазами маоши омӯзгорон;
- ташкили курсҳои такмили ихтисос;
- ҷорӣ намудани барномаҳои дастгирии омӯзгорони ҷавон дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст.
Ҳамин тадбирҳо боис гардиданд, ки мавқеи омӯзгор дар ҷомеа таҳким ёбад ва сифати таълим боло равад.
Њамзамон ёдовар бояд гашт, ки Президенти кишвар дар суханронї ба муносибати рўзи дониш ва дарси сулњ ќайд намуданд, ки "Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд. Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст. Мо мақоми омӯзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад. Соли гузашта дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ман ба сохтору мақомоти марбута супориш дода будам, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ҳоло ин санади муҳим аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маъқул дониста шуда, ба баррасии парламенти кишвар ирсол гардидааст. Қабули ин қонун марҳалаи наверо дар фаъолияти омӯзгорон ва умуман, дар ҳаёти аҳли кишвар ифтитоҳ хоҳад бахшид".
Ҷавонон ҳамчун ояндаи миллат ва давлати тоҷик дар љомеаи мо мавқеи вижа доранд. Бо ташаббуси Пешвои миллат стипендияҳои президентӣ таъсис ёфтанд, ки ҳар сол садҳо донишҷӯи лаёқатманд гирандави чунин стимендия мебошанд, ки ин раванд, низ аз ѓамхорињои сардори давлат нисбати љавонон дарак медињад.
Ғайр аз ин, тавассути барномаи таҳсил дар хориҷи кишвар ҳазорҳо ҷавонон имкони таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи Русия, Чин, Аврупо ва дигар кишварҳоро пайдо намудаанд.
Маориф бе илм ва тадқиқот комил шуда наметавонад. Бо дастгирии Пешвои миллат марказҳои илмӣ, лабораторияҳо ва технопаркҳо таъсис ёфтанд. Академияи миллии илмҳо ва донишгоҳҳои кишвар имкони ҳамкории байналмилалиро пайдо карданд.
Ҳамаи дастовардҳо дар соҳаи маориф дар даврони истиқлолият бо номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт пайванданд. Ӯ ҳамчун роҳбари хирадманду оќил бо диди дурбинона ва сиёсати хирадмандона ба рушди маориф заминаи боэътимод гузошт.
Имрӯз Тоҷикистон соҳиби низоми маорифест, ки ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик шуда, ҷавононро бо дониш, маърифат ва арљ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ба камол мерасонад.
Аз ин рӯ, нақши Президенти кишвар -Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маорифи кишвар на танҳо бузург, балки таърихиву сарнавиштсоз аст.
Саидзода Муњаббат Шералї
Ходими пешбари илмии шуъбаи
таърихи давлат ва њуќуќи Институти фалсафа,
сиёсатшиносї ва њуќуќи ба номи
А. Бањоваддинови Академияи миллии
илмњои Тољикистон номзади
илмњои њуќуќшиносї
Emall: mukhabbat. saidzoda@mail.ru
