НАҚШИ ПАЁМ ДАР ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ
Таҳлили масъалаҳои муҳими ҳаёти кишвар ва пешниҳоду вазифагузориҳое, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ ва Маҷлиси намояндагон ироа гардид, бозгӯи онаст, ки Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ва таҳкими суботи сартосарии кишвар боз ҳам гомҳои устувор пеш мегузорад.
Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ барои зиндагии шоиста доштани ҳар як шаҳрвандаш фазои мусоид, имкониятҳои дастрас ва шароити муфидро барои мард ва зан баробар таъмин менамояд. Қайд кардан бо маврид аст, ки дар ин раванд таъкидҳо ва нақшаю барномаҳои давлатӣ баён гашт бори дигар мавқеи устувортар пайдо намудани занонро дар сиёсати имрӯза ва ояндаи давлатдории миллӣ мушаххас намуд, таҳкиму рушди бемайлони сиёсати гендерӣ дар кишвар мебошад.
Аз оғози давлатдории миллӣ дар меҳвари сиёсати ҳукумати Тоҷикистон масъалаи занон мақоми устуворро соҳиб мебошад. Ин раванд марҳила ба марҳила таҳким ва рушд ёфта, имкониятҳои васеъ ва иштироки фаъоли занон дар ҳаёти сиёсӣ ва соҳаҳои муҳими кишвар ногузир арзёбӣ мегардад.
Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит месозад, ки роҳбарияти олии кишвар ба ин масъала аз мавқеи эҳтироми арзишҳои умумиинсонӣ ва натиљаи ќонунияти рушди одатњои њуќуќї ва анъанањо назар дорад. Зеро дар ҷомеаи имрӯза масъалаи занон ва имконияти иштироки фаъоли ин қишри ҷомеа дар бењтаргардии сифатии давлатдории миллї ба шумор рафта, баҳри болоравии имиҷи давлат метавонад мусоидат намояд.
Масъалаи дигари муҳиме, ки дар Паём садо дод ин фаъолияти занон дар соҳаҳои муҳим кишвар мебошад. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Боиси тазаккур аст, ки соли ҷорӣ дар кишвари азизамон чорабинии бисёр муҳими сиёсӣ, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор мегардад.
То ин муддат намояндагии бонувону занони фаъоли кишварамон узвияти маҷлиси вакилони халқӣ бо фисади муайян дар ҷадвали зер овардашуда ташкил медоданд.
Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқӣ:
шаҳри Душанбе
41,5%
вилоятҳои Хатлон
35%
Суғд
33,3%
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
34,4%
шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
30%
Дар марҳилаи кунунии интихобот дар назар аст, ки шумораи занону бонувони фаъол барои узвияти Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ боз ҳам бештар мегардад.
Тибқи маълумоти оморӣ фаъолияти самараноки занон дар самтҳои мухталиф нишонаи шикасти қолабҳо (стереотипњо)-и гендерӣ ба шумор рафта, ва мавқеи иҷтимоию сиёсии занон дар ҷомеа мусбӣ арзёбӣ гардида, сатҳи фаъолнокии занони лаёқатманд сол аз сол баланд гардида истодааст.
Вобаста ба иҷрои барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, Ҳукумати кишвар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро вазифадор гардид, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзиро дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардад ва ихтисосу ҳунарҳоеро, ки барои кишвар заруранд, таъсис дода, ҷиҳати ба шуғл таъмин шудани сокинони мамлакат, бахусус, занону духтарон тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намуда истодаанд.
Масъалаи дигари муҳиме, ки дар Паём таъкид гашт, ин оид ба таҳсили духтарон дар макотибҳои олӣ буд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.
Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.
Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.
Таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Эътимод ва боварие, ки роҳбарияти олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неру, дониш, малака ва садоқати духтарон ва занони соҳибфарҳанги тоҷик иброз намуданд, ин:
- Эътироф ва мустањкамнамои њамаљонибаи кунунии масъалаҳои гендерӣ ин натиљаи ќонунияти рушди одатњои њуќуќї ва анъанањо;
- Дарки маънавии њуќуќ ва озодињои воќеии занон аз љониби љомеа ва давлат;
- Имконияти иштироки фаъоли ин қишри ҷомеа дар бењтаргардии сифатии давлатдории миллї ба шумор меравад.
Абилзода Гуландом Сардор-номзади
илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи фалсафаи
иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ