НАҚШИ БОНУВОНИ ДОНИШМАНД ДАР РУШДИ ТАФАККУРИ ФАЛСАФИИ ТОҶИК
(нигоҳе ба фаъолияти илмии Парвина Саидҷафарова ва Садбарг Иброҳимова)
Фалсафа ҳамчун як соҳаи бунёдии тафаккури инсонӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ ва рушди маънавии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Дар таърихи рушди фалсафаи тоҷик саҳми донишмандон, бахусус бонувони муҳаққиқ, басо назаррас буда, онҳо бо талошҳои пайгирона ва фаъолияти густурдаи илмӣ дар ҷанӣ гардонидани мероси маънавии миллат хизматҳои арзанда анҷом додаанд.
Дар ин замина, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Парвина Саидҷафарова ва Садбарг Иброҳимова намунаи барҷастаи саҳми занон дар рушди илми фалсафа дар Тоҷикистони муосир ба шумор меравад. Осори илмии онҳо, ки ба таҳқиқи масоили таърихи фалсафа, андешаҳои ахлоқӣ ва ҷаҳонбинии мутафаккирони классикӣ бахшида шудаанд, барои дарки амиқи равандҳои фалсафӣ ва фарҳангии ҷомеа аҳаммияти муҳим доранд.
Парвина Саидҷафарова бо таҳқиқоти амиқи худ дар самти фалсафаи ирфонӣ, махсусан дар омӯзиши афкори Азизуддини Насафӣ, инчунин саҳмгузорӣ дар таҳия ва нашри осори мутафаккирони барҷаста, дар рушди таърихи фалсафаи миллӣ нақши муҳим гузоштааст. Ҳамзамон, Садбарг Иброҳимова бо пажӯҳишҳои худ дар соҳаи фалсафаи ахлоқӣ, аз ҷумла таҳқиқи таълимоти Абумансури Мотуридӣ ва Мискавайҳ, ба масъалаҳои муҳими худшиносӣ ва ташаккули арзишҳои ахлоқии ҷомеаи муосир рӯшанӣ андохтааст.Фаъолияти илмии ин ду бону, сарфи назар аз тафовути самтҳои таҳқиқотӣ, дорои умумиятҳои муҳим мебошад.
Ҳар ду муҳаққиқ ба омӯзиши мероси фалсафии ниёгон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, онро бо ниёзҳои ҷомеаи муосир пайваст месозанд.Агар Парвина Саидҷафарова бештар ба таҳқиқи ҷанбаҳои ирфонӣ ва метафизикии фалсафа таваҷҷуҳ намояд, Садбарг Иброҳимова масъалаҳои ахлоқ ва таъсири онҳоро ба ҳаёти иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ин гуногунрангии равишҳо боиси ҷанӣ гардидани илми фалсафа ва тавсеаи доираи таҳқиқот мегардад.
Метавон гуфт, ки ин ду олимаи тавоно тавонистаанд пажуҳишҳои назаррасе анҷом додаанд ва барои хонандаи азиз инҷо лозим медонем, ки шарҳи ҳоли ин бонувони донишмандро гузорем то инки барои ҷавонон намунаи ибрат ва роҳнамое бошад, ки бонувони тоҷик дар ин метавонанд муваффақ бошанд.
САИДҶАФАРОВА ПАРВИНА ШОВАЛИЕВНА 22 апрели соли 1971 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1988 мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 9-шаҳри Кўлобро хатм намуда, солҳои 1988 то 1993 Донишгоҳи Давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рудакиро аз рўи ихтисоси муаллими забон ва адабиёт (шуъбаи рўзона) бо дипломи аъло хатм намудааст.
Солҳои 1993-1997 дар Донишгоҳи Давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рудакӣ ба ҳайси ассистент ва баъдтар ҳамчун муаллимаи калони кафедраи фалсафа фаъолият намудааст. Солҳои 1997-1998 ба сифати коромўз дар Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ фаъолият намуда, соли 1998 ба аспирантураи Институти мазкур дохил шуда, соли 2001 онро хатм намудааст.
Аз соли 2001 то соли 2012 дар шуъбаи таърихи фалсафаи Институти мазкур ба ҳайси ходими илмӣ адои вазифа намудааст. Диссертатсияи номзадии худро зери унвони «Мистико- философские воззрения Азизуддина Насафи» дар санаи 30-майи соли 2012 дифоъ намудааст.
Аз соли 2012 то соли 2019 дар шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба ҳайси ходими калони илмӣ фаъолият намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2019 то моҳи июли соли 2024 дар мансаби котиби илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинови АМИТ адои вазифа намудааст.
Саидҷафарова П.Ш. дар таҳия, баргардонӣ ва муҳарририи осоре чун: Абўалӣ ибни Сино (соли 2004), осори Носири Хусрав (соли 2005) ва осори Хоҷа Аҳрори Валӣ (соли 2007) саҳм гузоштааст.Ба ғайр аз ин, дар таҳия ва навиштани ҷилдҳои «Таърихи фалсафа», аз ҷумла соли 2013 дар ҷилди сеюм бо мақолаи «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ», соли 2014 дар ҷилди чорум бо мақолаи «Азизуддин Насафӣ» ва соли 2021 дар ҷилди сеюм бо мақолаи «Абубакри Боқилонӣ» саҳм гузоштааст.
Аз моҳи сентябри соли 2024 то инҷониб вазифаи мудири шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқро ба ўҳда дорад. Илова бар ин, аз соли 2001 то соли 2019 дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон аз фанни фалсафа (аз рўи 0,5 басти корӣ) дарс медодааст.Соли 2024 монографияи ў зери унвони «Философские воззрения Азизуддина Насафи» ба нашр расид. Ба ғайр аз ин, мақолаҳои зиёди илмию оммавияш ба нашр расидаанд.Соли 2021 аз тарафи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ барои фаъолияти пурсамари илмию таълимияш дар пешрафти илму маорифи тоҷик бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуд.
ИБРОҲИМОВА САДБАРГ ҲАДИЯТУЛОЕВНА соли 2005 Донишгоҳи давлатии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (филологияи тоҷик) бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст. Аз соли 2010 ба ҳайси котиби илмӣ дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда, ҳамзамон дар «Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ» ба ҳайси масъули таҳиягар фаъолият намудааст.
Соли 2011-2021 дар вазифаи мутахассис оид ба кор бо аспирантон ва унвонҷўён кор кардааст. Ҳамзамон солҳои 2010-2014 дар аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси аспирант таҳсил намудааст. Дар Шурои диссертационии ВАК-и Россия (бо русӣ), дар назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ таҳти унвони “Андешаҳои ахлоқӣ аз нигоҳи Абумансури Мотуридӣ”аз рўи ихтисоси 09.00.03- таърихи фалсафа дар санаи 18-январи соли 2019 дифоъ намудааст.Соли 2021 ба ҳайси ходими калони илмӣ дар Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқ то ҳол кор ва фаъолият намуда истодааст.
Иброҳимова С.Ҳ. аз рўи лоиҳаи панҷсолаи шуъба - “Ташаккул ва инкишофи ҷаҳонбинии илмию фалсафӣ” ба таҳқиқоти мавзуи “Консепсияи ахлоқии Мискавайҳ ва таъсири он дар ташаккули ҳувияти ҷомеаи муосири тоҷик” машѓул мебошад.
Муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва монография дар мавзўи “Таълимоти ахлоқии Мотуридии Самарқандӣ” мебошад.Аз рўи фаъолияти хуби илмӣ ва ҷамъиятӣ Иброҳимова С.Ҳ. бо мукофотҳои зерин қадрдонӣ карда шудааст:
1. Ифтихорнома бахшида ба муносибати «Рўзи иди модар» - Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 2015.2. Ифтихорнома бахшида ба муносибати «Рўзи умумиҷаҳонии фалсафа» - Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 2018.3. Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 2021.
Ситора АБДУМУМИНЗОДА,номзадии илмҳои педагогӣ, Масъули кор бо магистрон, докторантони PhD ва унвонҷўёни Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
