Мақоми зан ва фарҳанги оиладорӣ дар Паёми Пешвои миллат
Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддас аст. Он як пайвандест, ки бо муҳаббат, садоқату самимияту вафодорӣ ва эътимоди тарафҳои никоҳшаванда баста шуда, ҳеҷ гоҳ аз ҳам гусаста намегардад. Бо ташкили оила ва таъмини фазои созгор дар он, метавон гуфт, ки як гӯшаи кишвар ба фазои осуда таъмин мегардад. Ин аст, ки дар сатҳи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.
Пойдорӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ ва солимию бурдбориҳо, самимияту вафодорӣ, меҳру садоқат аз оила оғоз мегирад. Месазад, ки ҳарчи бештар дар мустаҳкаму обод гардидани оилаҳо саҳмгузор бошем. Зеро ҷомеаи солиму давлати обод аз ваҳдату тинҷию осудагии оилаҳо, ки асоси ҷамъият аст, сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз давлати Тоҷикистон ба заковати азалӣ ва неруи созандаи занони фарзона ва оқилаи тоҷик ҳамеша такя менамояд. Зеро зан модар дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ – таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин, бо заҳмату ташаббусҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо доранд.
Дар ҳама давру замонҳо яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ин оилаи солим ба ҳисоб меравад. Инсон аз рӯзҳои аввали ба дунё омаданаш дар ин мактаби бузурги ҳаёт тарбия ёфта, обутоб меёбад.
Дар натиҷаи таълиму тарбияи оилавӣ, ки нақши калидиро дар ин раванд модар мебозад, инсон ба ватану модар ва дигар арзишҳои миллӣ ошноӣ пайдо карда, бо ин муқаддасоти ба инсоният азиз унс гирифта, хишти аввалини меҳру муҳаббатро нисбат ба модару ватани хеш мегузорад. Аз ин рў бузургону ҷомеашиносон оиларо пойдевори давлатдорӣ мешуморанд. Зан модар меҳвар ва равшании чароѓи ҳар як хонадон аст. Модар вуҷуди муқаддас буда, сароѓози зиндагӣ ва мураббии аввали инсон аст. Зан - модар олиҳаи зиндагӣ буда, гармии хонавода аз меҳру садоқати ў сарчашма мегирад.
Дар паёми имсолаи хеш Пешвои миллат оид ба мақому манзалат, иззату ҳурмати Зан - Модар сухан гуфта, қайд намуданд, ки "дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.
Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.
Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.
Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.
Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд.
Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.
Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем".
Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пойдории оила ва ҳамчун рукни пойдории давлат эътироф шудани он санадҳои дахлдор ба тасвиб расидааст. Аз ҷумла, бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2015 дар ҷумҳурӣ – Соли оила эълон гардид.
Бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии "Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010" қабул гардид.
Вазифаҳои асосии Барномаи мазкур таъмини ҳуқуқ ва кафолати баробари иштироки занҳо дар ҳалли қабули қарорҳо, иштироки бевоситаи онҳо дар идораи давлат, сиёсат ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули донишу касб, маҳорату малака, бедор намудани ҳисси масъулият ба вазифаи ишғолкарда, кор, оила, тарбияи фарзанд, тарбияи ахлоқӣ ва муҳаббат ба Ватан, ташаккул ва мустаҳкам намудани тамоюли мусбии арзиши дар байни духтарон ва занони ҷавон, беҳтар кардани кор бо оилаҳо ва зиёд намудани масъулияти оила нисбат ба тарбияи фарзандон, дастгирӣ ва ҳимояи иҷтимоии занони деҳот ва ба хусус кишоварзон, ташаккул ва рушди асосҳои илмию назариявӣ, методӣ ва иттилоотию таҳлилӣ нисбат ба таъмини аслии баробарии имкониятҳои занону мардон, таъмини кадрии сиёсати давлатӣ нисбати занонро дар бар мегирифт.
Дар натиҷаи амалӣ гаштани Барномаи мазкур нақши занон фаъол гашта, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳиссагузории бевосита намуданд, механизми ҳамкории давлат бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, инчунин дастгирии созмонҳои ҷамъиятии занон, механизми дастгирии соҳибкорзанон, дастгирии оилаҳои ҷавон, паст гаштани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ дар байни занон ташаккул ёфт, шароити кор ва истироҳати занон беҳ гашт, асосҳои илмию назариявӣ, методӣ ва иттилоотию таҳлилии сиёсати давлатӣ нисбат ба мушкилоти занону духтарон пурқувват ва воқеӣ гашт.
Ҷиҳати боз ҳам бештар амалӣ гардонидани баробарҳуқуқии занону мардон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» тасдиқ гардид, ки он муносибатҳоро оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва соҳаҳои дигар ба танзим медарорад, ҳуқуқпоймолкуниро аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ мекунад ва амалигардонии имкониятҳои баробарҳуқуқии онҳоро муқаррар менамояд.
Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016, барои солҳои 2017-2023», 2023-2030 «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» қабул гашт. Ҳадаф аз қабули ин санадҳо қабл аз ҳама арҷгузори ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомае, тавсеаи нақши ў дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад
Ҷиҳати дастгирии занон дар фаъолияти соҳибкорӣ барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар ҶТ барои давраи то соли 2027 қабул гардид, ки барои рушди соҳибкории занон заминаи воқеӣ гузошт.
Инчунин бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои занон дар оила Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023», қабул гашт.
Ҳамин тариқ сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кушиш менамоянд, ки мақому манзалати Зан - Модарро, ки нерўи пешбарандаи ҷомеа мебошанд баланд бардоранд. Дар навбати худ мо занон ва модаронро месазад, ки шукронаи тинҷию ободӣ сулҳу ваҳдати комил кунем ва ҳамчун тарбиятгар ва мураббии аввалини инсон дар замири фарзандони худ нангу номус, тарбияи зебоиву иффат, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, ҳисси баланди ватанпарастӣ ва худшиносии миллиро тарбия намоем, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар руҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонем, то онҳо тавонанд парчами Тоҷикистони азизро ба сўи уфуқҳои ояндаи дурахшон парафшон баранд ва номбардори ин ватану ин диёр бошанд, зеро маҳз фарзандони ватандўсту худогоҳи бо нангу номус метавонанд минбаъд соҳиби ин ватани зебо, ки номаш Тоҷикистон аст, шаванд ва дар ободу боз ҳам зебову хуррам гаштани он саҳмгузор бошанд.
Саидзода Муҳаббат Шералӣ -Ходими пешбари илмии шуъбаи
таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.